logo

иқтисод

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Имрӯзҳо амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 оид ба вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат бомаром идома дорад.  Дар ноҳияи Темурмалик бахшида ба ин ҷашни миллӣ бунёду навсозии 248 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
- То 1 июли соли равон дар маҷмӯъ 88 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Дар 17 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, дар 43 иншооти дигар корҳои лоиҳакашиву ҷудо кардани қитъаҳои замин ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар арафаи анҷомёбианд. Муҳлати ба истифода додани онҳо солҳои 2020 - 2021 аст, - гуфт зимни суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалик Аминзода Фотеҳ. Ҳамчунин, зикр гардид, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпешаи маҳаллӣ дар арафаи ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва ваҳдати миллӣ 8 иншоот бунёду навсозӣ шуда, ҳоло мавриди истифода қарор доранд. Ҳамзамон, бо мақсади муҳайё намудани шароити мусоиди истироҳату фароғати сокинону меҳмонон Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаи Ҷамоати шаҳраки Совет таъмиру навсозӣ мешавад. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 32 муассисаи таълимӣ, 8 муассисаи томактабӣ, 23 майдончаи варзиш, 7 толори варзиш, 2 беморхона, 13 бунгоҳи тиббӣ, 8 дорухона, 6 китобхона, 3 қасри фарҳанг, 9 нуқтаи хатнаи писарбачаҳо, 4 меҳмонхона, 17 сартарошхона, 15 кошонаи ҳусн, 14 ҳаммом, 2 корхонаи коркарди шир, таъмири 80,7 километр роҳи маҳаллӣ, кашидани хатҳои барқ ба масофаи 12,5 километр ва хати оби нӯшоӣ ба масофаи 40,7 километр пешбинӣ гардидааст.
Айни замон сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Шибанай, Қазоқ, шаҳраки Совет, биноҳои нави клуб дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Бобоюнус Худойдодзода ва Сайф Раҳимов, инчунин, сохтмони бинои коллеҷи тиббӣ дар Ҷамоати деҳоти Кангурт, аз ҳисоби маблағгузории сектори хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, меҳмонхона, корхонаи мебелбарорӣ, бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ ва 2 бинои хизмати маишӣ идома дорад. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 7 коргоҳи дӯзандагӣ ва 11 дукони ҳунармандӣ дар назар дошта шудааст.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 844
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед