иқтисод
ЗАФАРОБОД. НОМАИ СИПОСИ СОКИНОН БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Аҳли заҳмати ноҳияи Зафаробод дар радифи дигар ҳамватанон корҳои созандагию бунёдкориро ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза бахшида, тасмим гирифтаанд, ки ин санаи муборакро бо дастовардҳои шоёни меҳнатӣ таҷлил намоянд.
22 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд. Мардуми заҳматқарини ноҳия Пешвои миллатро бо хушҳолии самимӣ ва рӯҳияи баланди сиёсию меҳнатӣ истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат зимни боздид бо вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва зисту зиндагии мардум мароқи зиёд зоҳир намуда, худи ҳамон рӯз майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҷассамаи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар майдони 7,5 гектар, боғча - кӯдакистони «Афсона» барои 200 кӯдак, таҷдиди қасри фарҳангро, ки симои ноҳияро хеле дилпазир ва ҷаззоб намуданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мо, сокинон шукргузор аз он ҳастем, ки ҳалли мушкилоти ноҳияи Зафаробод ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Маҳз ба шарофати сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат пойгоҳҳои обкашии ноҳия, ки онҳоро қалби Мирзочӯл ҳам меноманд ва зиёда аз ду муҳлат кор кардаанду тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамасола таъмиру тармим гардида, хоҷагиҳо ва аҳолиро бо оби полизӣ таъмин менамоянд.
Дар мулоқоти самимие, ки Пешвои миллат бо аҳли заҳмати ноҳия баргузор карданд, ба равандҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкориҳои мардуми ноҳия баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ноҳияи Зафаробод дорои захираҳои фаровон мебошад ва аз ин имкониятҳо бояд самаранок истифода бурд.
Диққати иштирокдорони мулоқот ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода бурдани замин, тибқи ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръат дар ноҳия бунёди корхонаҳои нави саноатии коркарди пахта ва маҳсулоти чорво ҷалб карда шуд.
Мо, сокинони ноҳия ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бунёдкориҳо ба шарофати ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф шудем ва Сарвари давлатро бовар мекунонем, ки ҷавобан ба ин ғамхорию дастгириҳо тамоми қувва ва таҷрибаю донишамонро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раҳбари давлат равона намуда, Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо армуғони арзандаи меҳнатӣ истиқбол менамоем.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.09.2019 №: 169 Мутолиа карданд: 1018