иқтисод
САНОАТИ САБУК. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД ШУД
Татбиқи Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати кишвар 29 марти соли равон қабул шуд, ҷиҳати таъмини коркарди ашёи хом, аз ҷумла нахи пахта, пӯст, пашм ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаю ба содирот нигарондашуда, мусоидат намуд.
Фаъолияти корхонаҳои соҳаи саноати сабуки мамлакат давоми ҳафт моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беҳтар шуда, ҳиссаи соҳа якҷоя бо корхонаҳои пахтатозакунӣ дар маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар 5,5 дарсадро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои соҳа ба 685,4 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта, 134,4 миллион сомонӣ ё 24,4 дарсад зиёд аст.
Дар корхонаҳои соҳа 12370 тонна ришта ва 4800 метри мураббаъ матои пахтагин истеҳсол гардид. 318973 дона пӯсти чорво коркард шуда, суръати афзоиш 46,4 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми содироти маҳсулот ба беш аз 900 миллион сомонӣ расид.
Барои рушди истеҳсолот ба корхонаҳо ба маблағи 9,6 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти нав ворид шудааст.
Имтиёзҳои андозиву гумрукии солҳои охир фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи коркарди нахи пахта ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат кард. Ба фаъолият шурӯъ намудани маҷмааи ресандагии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» ва оғози бунёди маҷмааи «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк» якҷо бо шарикони чинӣ гувоҳи ин аст.
Иқтидори солонаи ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахтаро ташкил дода, дар он барои 530 коргар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.
Давоми моҳҳои январ - июл дар кишвар 641354 адад либоси мактабӣ истеҳсол шудааст.
Аз ин бармеояд, ки имтиёзҳои барои корхонаҳои дӯзандагӣ ҷиҳати истеҳсоли либосҳои мактабӣ пешбинишуда натиҷа дода истодаанд. Шароитҳои фароҳамоварда ба арзоншавии нархи маҳсулот мусоидат менамоянд ва молҳои истеҳсоли ватанӣ метавонанд бо маҳсулоти воридотӣ вориди рақобат шаванд. Ҳоло харидорон дар бораи сифати либоси мактабии ватанӣ низ назари мусбӣ доранд.
15 марти соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи мебелсозии «Бисот» дар шаҳри Душанбе ба истифода дода шуд. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли мизу курсӣ, мебел барои хона, муассисаҳои таълимӣ, корхонаю муассисаҳо ва дарҳои байниҳуҷравӣ машғул аст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Олмон ва Италия ворид шуда, зиёда аз 80 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошад. Ҳамин аст, ки дар самти мебелбарорӣ низ давоми ҳафт моҳи аввали сол назар ба ҳамин давраи соли гузашта 5,4 миллион сомонӣ зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.
Дар корхонаву коргоҳҳои ҷуроббарории кишвар 3,5 миллион ҷуфт ҷуроб истеҳсол гардид.
Ҳамзамон, моҳи майи соли равон Сарвари давлат дар доираи сафар дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти корхонаи «Файзи Карим» ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ошёнаи якуми он истеҳсоли ҷуроб бо таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шуда, ошёнаи дуюми бино барои дӯхти сарулибоси гуногун пешбинӣ гардидааст. Дар корхона зиёда аз 50 нафар занону бонувон ба кори доимӣ ҷалб шудаанд.
Дар пайи татбиқи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020 истеҳсоли қолин дар ин давра ба 2 миллиону 512,7 ҳазор метри мураббаъ расонда, панҷ корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва беш аз 200 ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Бо вуҷуди амал намудани Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020 истеҳсоли пилла дар панҷ соли охир тамоюли пастравиро касб намудааст. Агар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 1096 тонна пилла истеҳсол шуда бошад, пас ин нишондиҳанда соли сипаришуда ба 737,7 тонна ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба 802 тонна расидааст.
Тайи ин муддат дар ҷумҳурӣ 10,4 ҳазор метри мураббаъ атлас ва 79,7 ҳазор метри мураббаъ адрас истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо аз натиҷаи ҷалби занону духтарон ба ҳунарҳои мардумӣ гувоҳӣ дода, баёнгари тақвияти рушди соҳаанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.09.2019 №: 170 Мутолиа карданд: 1871