иқтисод
ЁВОН. КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАРТОВ БУНЁД МЕЁБАД
Ҳарчанд дар маркази аксари шаҳру ноҳияҳо баровардани партовҳо низоми худро дорад, ҳолати бештари деҳоти кишвар чандон қобили қабул нест. Иқдоми пешгирифтаи сокинони Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон дар самти риояи талаботи тозагии муҳити зист ва бунёди коргоҳи коркарди партов қобили таҳсин аст.
Ҷамоати номбурда беш аз 21 ҳазор аҳолӣ дошта, дорои 9 деҳа мебошад. Зимни боздид аз деҳаҳо мушоҳида шуд, ки сокинон бо дасту дили гарм рӯз ба рӯз дар ободонии маҳалли зисташон саҳми бештар мегузоранд. Дар деҳаҳои Бӯстон - 1, Гулистон ва Қамбарӣ бо истифода аз чуқуриҳои зеризаминӣ партовҳо бартараф мегарданд. Бо ташаббуси кумитаҳои маҳал аз деҳаҳои Навкорам, Зарриндашт ва Тутбулоқ партовҳо ба партовгоҳ бурда мешаванд. Сокинони деҳаҳои Гулдара, Бӯстон - 2 ва Сарқамиш барои боз ҳам поктар сохтани муҳити зист татбиқи босифати лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» - ро ҳадаф қарор додаанд.
- Лоиҳа бо маблағгузории чор миллион доллар аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки нисфи он грант ва нисфи дигараш қарзи дарозмуддат аст, татбиқ мегардад. Дар назар аст, ки ҳамаи партовҳо ба ҷойи махсус интиқол дода шаванд. Лоиҳа ғайр аз Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова, инчунин, ҷамоатҳои деҳоти Ҳасан Ҳусейнов, Даҳана, шаҳраки Ёвон ва як қатор ташкилоту корхонаҳои дигари ноҳияро фаро мегирад, - гуфт Қаҳҳорбек Ҳасанзода, роҳбари лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» дар ноҳия.
Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа то соли 2020 таъмини қуттиҳои гуногунҳаҷм ва воситаҳои техникӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз соли 2021 бошад, дар идомаи амалисозии он сохтмони корхонаи коркарди партовҳо оғоз меёбад. Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ дар самти бунёди чунин коргоҳҳо нишон медиҳад, ки баробари тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳамчунин, аз ҳисоби коркарди партовҳо ба буҷети давлат маблағи муайян ворид мегардад. Ин гуна иқдомҳои наҷиб минбаъд дар кишвари мо низ амалӣ хоҳанд шуд. Иқдоми пешгирифтаи сокинони ҷамоати мазкур ҷиҳати тозаву озодагии муҳити зист бунёд намудани корхонаи коркарди партов ба нафъи тамоми мардум аст.
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.09.2019 №: 170 Мутолиа карданд: 1644