иқтисод
ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Дар меҳмонхонаи Hilton (Ҳилтон) - и шаҳри Душанбе бо ташаббуси муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва иштироки намояндагони бахши кишоварзӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои донорӣ ва сохторҳои дигари марбута ҳамоиши солонаи Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо доир гардид.
Тавре зикр шуд, беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Платформаи шабакаи идораҳо мебошад, зеро феълан набудани инфрасохтори зарурӣ, иҷро накардани қоидаву талаботи истифодаи чарогоҳ, паст будани сатҳи дониш ва малакаи чорводорон мушкилиҳои соҳаи чорводории кишваранд.
Нусратулло Мӯсоев, муовини вазири кишоварзӣ, гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии соҳа ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо як қатор чораҳо андешида мешаванд.
Ба гуфтаи Нусратулло Мӯсоев, мушкилиҳои асосии рушди чарогоҳҳо нобаробар тақсим кардани онҳо, дар амал пурра татбиқ нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо», норасоии техникаи муосир, ҳолати бади мелиоративӣ, дар чарогоҳҳо зиёд гардидани алафҳои бегона ва зараррасон, бетартиб чарондани чорво ва норасоии мутахассисони соҳа мебошанд.
Саъдӣ Каримзода, директори муассиса, иброз дошт, ки ҳадафи Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо, ки соли 2013 таъсис ёфтааст, мусоидат намудан ба идоракунии устувори чарогоҳҳо дар Тоҷикистон мебошад ва тавассути муколамаи давлат ва бахши хусусӣ - мубодилаи дониш дар асоси таҷриба амалӣ карда мешавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.09.2019 №: 170 Мутолиа карданд: 1981