logo

иқтисод

КОХИ ОЯНДААФРӮЗ

Ҳар гаҳ ба НБО Роғун омада, аз нақбҳои сершумори зери замин гузашта, ҷумла иншооти бунёдшаванда, ҷӯшу хурӯши меҳнати фидокоронаи шабонарӯзиро мебинӣ, бо коргарону мутахассисони тоҷик, ки ин муъҷизаи техникии асри ХХI-ро меофаранд, суҳбат мекунӣ, саропои вуҷудатро эҳсоси гуворое фаро мегирад: ифтихор аз Меҳани хеш, ки чунин кохи беназири нур бунёд мекунад, ифтихор аз муҳандисони ватанӣ, ки дар умқи кӯҳ қалби санг шикофта, дар таърихи энергетикаи ҷаҳонӣ мураккабтарин ва муосиртарин неругоҳи барқӣ месозанд.
Замоне НБО "Норак", ки дар даврони шӯравӣ аз тамоми ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ коргарону мутахассисон чун узви як оилаи аҳл омада, бунёдаш карданд, мактаби воқеии дӯстии халқҳо гашта буд. Дар ин манзар НБО "Роғун"-ро танҳо як ном метавон гузошт: мактаби ору номуси миллию меҳанпарастӣ. Ва чун ин фикрро аз дил мегузаронӣ, беихтиёр пеши назар симои нуронии Пешвои муаззам меояд ва ифтихору шукргузорӣ мекунӣ, ки халқи моро, давлати моро Парвардигор чунин Раҳнамое ато кардааст.
Дар аҳди шӯравӣ барои давлати абарқудрат дар як ҷумҳурии хурдаш сохтани азамати барқие чун "Роғун" мушкиле надошт. Ва онро анҷом ҳам медод, агар баъдан худ шикаст хӯрда фано намеёфт. Аммо, барои давлати нав мустақилгаштаи Тоҷикистон идома додани ин иншооти нодири бар асари ҷанги таҳмилӣ ва офати табиат талаву тороҷ ва валангоргашта кори миёншикан буд. Ёд доред, нахустин суханҳои Сарвари навинтихоби давлатро дар иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб – “Ман ба шумо сулҳ меорам” Ва шукри беҳад, ки беш аз чоряк аср инҷониб ба шарофати ин фарзонафарзанди Тоҷикистон мову шумо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагию диёр обод мекунем. Ва тасмими ғайричашмдошту ҷасуронаи Пешвои муаззами миллат дар бораи идома додани сохтмони неругоҳи "Роғун" ба маънои “Ман ба шумо нур меорам” буд.
Ростӣ, ҳатто на ҳар давлати мутараққӣ ҷуръати сохтани чунин иншооти ниҳоят мураккаб ва ҳамчунин, гаронарзишро таҳаммул карда метавонад. Боз аз он сабаб, ки онҳо дар ҳоли мо нестанд. Пеши назари ман оғози ҳар мавсими зимистон чеҳраи гирифтаю ғаму ғуссаи Сарвари давлат меояд, ки боз раияташон дар сармо аз маҳдудияти барқ дар азоб мемонад. Дилтанг мебинамашон, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум, пеш аз ҳама, корхонаҳои истеҳсолӣ бояд сохт, ба одамон ҷойи кор дод, аммо барқ ку? Норасоии барқ маҷбур сохт, ки корхонаҳои калон, аз ҷумла азамати металлургии мамлакат – корхонаи арзизи Турсунзода, аввал ба гази ҳамсоя ва баъди қатъи он ба ангишти маҳаллӣ гузаронда шаванд.
Ҳамчунин, дар фикри он бояд шуд, ки ба насли минбаъда чӣ мегузорем? Яъне илоҷ чист дар ин вазъият, чӣ бояд кард? Имрӯз тасмими даҳ сол пеш гирифтаи Сарвари давлатро ба мизони ақл гузошта, бори дигар ба хирадмандӣ, устуворӣ ва иродаю заковаташон қоил мешавӣ. Ва бо ифтихор дармеёбӣ, ки Пешвои муаззам тимсоли олии ору номуси миллӣ, ватандорию ватандӯстианд. Зеро ин хислатҳои азалӣ маҳз дар мушкилтарин лаҳзаю давраҳо зуҳур мекунанд.
Аммо, аз ният то амалӣ кардани он фосила басо дароз аст ва иқдоми соли 2008 пешгирифта басо мушкили дандоншикан дар дохилу хориҷ дошт.  Дар бораи онҳо сухан ба дарозо накашида, ҳамин қадар мегӯям, ки бо вуҷуди ин, кор дар сохтмони неругоҳ сол аз сол авҷ мегирифт, барои иншооти гуногуни он муосиртарин техникаю таҷҳизот ва дастгоҳу асбобҳо харид мешуданд. Шояд дар давлати дигар “маблағ нест” гуфта, арзонтаринро меоварданд, то ки илоҷе карда, сохтмонро ба охир расонанд. Вале, бо супориши Сарвари давлат ба хотири беҳтарину амнтарин шудани неругоҳи "Роғун" ин ҳама баргузида мешуданд. Номдортарин ширкатҳои ҷаҳонӣ хостори дар сохтмони ин иншооти воқеан нодир фаъолият кардан буданд. Яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол имкони интихоб дошт, аз миёни онҳо беҳтаринҳоро ҷалб намояд, ки ин на ба ҳар давлат даст медиҳад. Айни замон даҳҳо ширкати баргузида, аз ҷумла “Салини Импреҷило”-и Италия ба бунёди неругоҳ машғуланд. Таҳти назорати мутахассисони тоҷик, ки алъон дараҷаи тахассусашон ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст. Ба ибораи дигар, НБО "Роғун" ба аҳли ҷаҳон муаррифгари неруи тавонои афкори муҳандисии мутахассисони ватанӣ гаштааст. Борҳо шудааст, ки мушкилоти дар сохтмон бамиёномадаро навоварона, ғайристандартӣ ҳал кардани энергетикҳои тоҷик ҳамтоёни хориҷияшонро ба ваҷд овардааст. Магар ин боиси ифтихори мову шумо нест?
Бешак, дар ин корзор афсона ба ҳақиқат табдил меёбад. Ба ақлу заковати беҳтарин фарзандони халқи тоҷик, ки чун пайравони содиқи Пешвои худ аз роҳи ору номуси ватандорӣ воқеан ҳам корнамоӣ мекунанд, офарин мехонӣ. То ки кохи ояндаафрӯзи Ватан ҳарчи тезтар бунёд ёбад. Имрӯзҳо, ки ду чархаи аввали НБО «Роғун» неруи барқ ҳосил мекунад ва Тоҷикистони биҳиштии мо дар роҳи афзунсозии махзани нури қораи Осиё қадамҳои нахустин хоҳад гузошт, дар манзари нишоту ифтихори умумихалқӣ аз ин дастоварди беназири таърихӣ маро бо фараҳмандӣ ин фикр аз дил мегузарад: мангар, ки чунин иншооти нодир чӣ давлате месозад, бингар, ки кадом миллат месозаду Раҳбараш кист? 
                                                                        
Хуршеди ҶОВИД,
“Ҷумҳурият


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.09.2019    №: 172    Мутолиа карданд: 1287
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед