иқтисод
ТАБРИКОТИ ШИРКАТИ "ДНЕПР - СПЕТСГИДРОЭНЕРГОМОНТАЖ"
Тантанаи мавриди истифода қарор гирифтани чархаи дуюми НБО «Роғун» аз марзи кишвар берун рафта, аз ҷумла то Украина расид. Ва ин тасодуфӣ нест, зеро ширкати "Днепр - Спетсгидроэнергомонтаж" – и Украина бо насби ду агрегати ин неругоҳ машғул аст.
«Мо лоиҳаи насби ду гидрогенераторро дар НБО «Роғун» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додем. Гидроагрегати № 6 моҳи ноябри соли гузашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Агрегати № 5 бошад, 9 сентябри имсол. Ин ғалабаи бузурги энергетикҳои тоҷик, ҳамчунин, кормандони ширкати «Днепр - СГЭМ» мебошад», - омадааст дар изҳороти роҳбарияти ширкати украинӣ дар фейсбук.
Дар он сарварони «Днепр-СГЭМ» ба кулли иштирокдорони сохтмон ва насби агрегатҳо - мутахассисони ҶСК "НБО Роғун", "Тоҷик-СГЭМ" ва шарикони харковии худ аз корхонаи "Электротяжмаш" барои кори бобарори муштарак дар ин иншооти азими аср изҳори сипос намудаанд.
«Ширкати мо дар ин лоиҳаи муҳим иштироки арзанда дошт ва изҳори умед мекунем, ки ҳамкориамон бо ҳамтоёни тоҷик дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» минбаъд низ идома меёбад», - гуфта мешавад дар изҳороти роҳбарияти "Днепр - Спетсгидроэнергомонтаж".
Ёдрас мешавем, ки ду чархаи аввали неругоҳ муваққат то соли 2021 неруи барқ истеҳсол мекунад ва баъд иваз мегардад. Тибқи нақша, ҳамаи шаш агрегати НБО то моҳи декабри соли 2024 ба кор дароварда, обанбори неругоҳ то соли 2032 ба дараҷаи зарурӣ пур мешавад. Дар натиҷа неруи барқ на танҳо барои эҳтиёҷи дохилӣ комилан кифоят мекунад, балки содироти он ба кишварҳои Осиё ба роҳ монда мешавад.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.09.2019 №: 172 Мутолиа карданд: 1446