logo

иқтисод

А. ПРОХАНОВ: "РОҒУН ФАРЗАНДИ ДӮСТДОШТАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСТ"

Имрӯзҳо Ватани азизи мо ҷашн болои ҷашн дорад: таҷлили 28 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани дуюмин агрегати НБО «Роғун». Вақте Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Роғун» дар фазои тантанавӣ бо пахши тугмаи идора ба кори чархаи дуюми кохи нур оғоз бахшиданд, маро фармудаи Расули Акрам (с) ёд омад: «Хайрунноси анфаъуҳум лин-нос», яъне «некутарини мардум касоне ҳастанд, ки манфиаташон ба мардум бештар мерасад».
Дар ҳақиқат, вақте сухан аз ин иншооти азими аср меравад, пеши назари ҳар шаҳрванди ватандӯст, пеш аз ҳама, симои нуронии Сарвари давлат меояд ва ин тасодуфӣ нест. Зеро маҳз ҷаҳду талоши беназири Пешвои миллат буд, ки бо вуҷуди мушкилоти зиёд сохтмони ин неругоҳи тақдирсоз аз нав идома дода шуд. Заминаи он эътимоди комилашон ба зарурату аҳамияти таърихии бунёди неругоҳ баҳри таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистони мустақил, дастрасии доимии сокинони кишвар ба рӯшноӣ ва гармӣ, баъдан ба давлати содиркунандаи неруи барқ дар қораи Осиё табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон  буд.
Тирамоҳи соли гузашта ҷумла мардуми сайёра шоҳиди он гаштанд, ки Пешвои миллат дар натиҷаи меҳнати фидокоронаи коргарону муҳандисони тоҷик, ҳамтоёни хориҷиашон нахустин агрегати НБО «Роғун» - ро ба кор дароварданд ва иншооти аср ба тавлиди нур шурӯъ намуд. Ин неругоҳи миллӣ  асоси рушди истиқлолияти Тоҷикистон ва дар ҳақиқат, кафолати зиндагии шоистаи мардум хоҳад буд. Бинобар ин, таҳти дастгирию назорати доимии Пешвои миллат қарор дорад. Агар дар ибтидо фарзанди фарзонаи халқи тоҷик бо ҷонфидоӣ давлату миллатро аз фаношавӣ наҷот бахшида бошанд, баъдан онро ба роҳи сулҳу оромӣ, ободкорию созандагӣ раҳнамун сохтанд, мардумро сарҷамъу ба ояндаи нек дилгарм намуданд, даст ба иқдомҳои бузургу беназири сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ заданд, ки на ҳар роҳбар тавонашро дошт.
Гардон шудани чархаи дуюми НБО «Роғун» боз як ғалабаи бузурги халқи тоҷик бо Сарвари оқилу кордонаш мебошад. Боз як қадами устувор дар роҳи ободии Ватани маҳбубамон, ки аҳамияти онро дар соири кишварҳои ҷаҳон на танҳо эътироф мекунанд, балки аз сохтмони чунин иншооти нодири муҳандисӣ ангушти ҳайрат мегазанд. Аз ҷумла, сиёсатмадор, нависанда, рӯзноманигор ва публитсисти рус Александр Проханов дар мақолаи худ «Бунёди тамаддуни зеризаминӣ дар Тоҷикистон» аз хизматҳои шоистаи Пешвои миллати тоҷик баҳри ободии Ватан ва бунёди НБО «Роғун» ёдовар шуда, чунин нигоштааст: «Роғун» фарзанди дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ӯ онро ҳамчун хотираи неки роҳбарии худ бунёд мекунад».
Воқеан, ғамхории Пешвои миллат ба "Роғун"-у бунёдкорони он ғамхории падар ба фарзандро мемонад.
Баҳри ба кор даровардани ин неругоҳ Пешвои миллат дар ҳақиқат қаҳрамонӣ, шуҷоату далерӣ, ватандӯстию миллатдӯстии ҳақиқӣ нишон доданд, ки бо мақолае баён намудан имкон надорад. Барои ин ҳама корнамоиҳои Пешвои миллатро нишон додан чун қаҳрамониҳои  Рустам дар «Шоҳнома» асаре бояд навишт.
А. НАЗАРОВ, сархатиби шаҳри Роғун


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.09.2019    №: 172    Мутолиа карданд: 1332
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед