иқтисод
ДУШАНБЕ. ИДИ ХАРБУЗАЮ ТАРБУЗ ВА АСАЛ
Ба истиқболи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати кишоварзӣ дар Муассисаи давлатии «Бозори Меҳргон» - и пойтахт бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иди харбузаю тарбуз ва асал доир гардид.
Тавре ба «Ҷумҳурият» аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, беҳтарин навъҳои харбуза, ба монанди «Амирӣ», «Парсилдоқ», «Ҷӯрақанд», «Наботи сафед», «Мирзочӯлӣ», «Андархонӣ», «Оби набот», «Гулобии норанҷӣ», «Зартӯр», «Шакарпалак» ва «Шакарпора», ки кишоварзони мамлакат парвариш мекунанд, бо нархҳои назар ба бозор арзонтар ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод гардиданд. Кишоварзони зиёда аз 40 хоҷагии деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар қатори навъҳои зиёди харбузаву тарбуз ва асал маҳсулоти гуногуни аз онҳо омодагардидаро манзури харидорону тамошобинон намуданд.
Манораҳои калони аз беҳтарин навъҳои харбуза ва тарбуз ба шакли пирамида бунёднамудаи хоҷагидорон ба намоишгоҳ шукӯҳу шаҳомати бештар бахшид.
Ҳадаф аз иқдоми мазкур иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардондани дастархони аҳолӣ арзёбӣ гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни боздид ба ташкили намоишгоҳи фурӯши харбузаю тарбуз ва асал баҳои баланд дода, масъулони соҳаро муваззаф намуд, ки барои фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ҷиҳати гузарондани чунин чорабиниҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Мутахассисону олимон дар гӯшаҳои алоҳидаи маслиҳатӣ ба хоҷагидорон оид ба агротехникаи дурусти парвариши тарбузу харбуза машваратҳои судманд доданд.
Раиси шаҳри Душанбе, ҳамзамон, бо шароити хизматрасонӣ дар Муассисаи давлатии "Бозори Меҳргон" аз наздик шинос шуда, бо соҳибкорону фурӯшандагон ва кормандони бозор суҳбат намуд.
Роҳбарияти бозор ва масъулони соҳаҳои дахлдор ҷиҳати дар муддати ду рӯз ба эътидол овардани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бахусус орд, ҳамчунин, барои дар асоси технологияи замонавӣ ташкил намудани павилйонҳои нигоҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда, махсусан гӯшт дар яхдонҳо, ҳолати санитарии бозор, ба танзим даровардани нарху навои маводи ғизоӣ ва назорати қатъӣ дар самти савдои кӯчагии маҳсулот дастурҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамарӯза аз «Меҳргон», ки бозори нави дорои шароити мусоиди кору хизматрасонӣ мебошад, садҳо нафар сокинону меҳмонони пойтахт маводи мавриди ниёзи аввалро харидорӣ менамоянд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.09.2019 №: 174-175 Мутолиа карданд: 1494