logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб, 11 сентябри соли 2019

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шарафманди шаҳри Кӯлоб!
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлоб ва ҳамаи шумо – ҳозирони арҷмандро ба ифтихори Ҷашни бузурги миллиамон – 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи дуюмин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» самимона табрик мегӯям.
Истиқлол дар таърихи халқи тоҷик таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварда, ба мардуми кишварамон роҳи нави тараққиётро боз намуд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки дар ин ҷода, хусусан дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи давлатдории навини тоҷикон ва наҷот бахшидани миллат аз парокандагӣ саҳми сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб бисёр арзишманд мебошад.
Фарзандони ин гӯшаи Ватани муқаддасамон дар масири пуршебу фарози таърих борҳо ба муқобили аҷнабиён ва истилогарон истодагарӣ карда, корнамоиву ҷавонмардии зиёд нишон додаанд. Истиқлолу озодӣ ва худшиносӣ таърихан дар вуҷуди ҳар як сокини шаҳри бостонии Кӯлоб ҷой гирифта, мардони далеру шуҷои ин сарзамин барои ҳифзи шарафу номус, марзу бум ва ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан қаҳрамониву ҷонбозиҳо карда, ҳаргиз дар назди истилогарони аҷнабӣ ва бадхоҳону душманони миллат сар хам накардаанд. Аз таърихи пурпечутоб ва ибратомӯзи халқи тоҷик медонем, ки ҳанӯз дар асрҳои VI - VII табиати зебо, захираҳои бой ва заминҳои ҳосилхези Хатлон диққати ҳокимони манфиатҷӯ ва лашкаркашони ғосибро ҷалб карда буданд. Ҳуҷуму тохтутозҳои зиёди аҷнабиёну бодиянишинони истилогар маҳз аз шаҳри Кӯлоб шикаст хӯрда, бузургтарин лашкаркашҳо баъди нокомиву ақибнишинӣ дар саҳифаҳои хунини таърихномаи худ далериву шуҷоат, ҳушёриву матонат ва рӯҳияи қавии хурду бузург ва зану марди ин гӯшаи диёри моро васф намудаанд. Онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ низ бо шуҷоату далерӣ ба ҳимояи ҳуқуқу озодии сокинони кишвар бархоста, ҷоннисориҳои зиёд карданд ва нагузоштанд, ки хоинони миллат ва ватанфурӯшон сохти давлатдорӣ ва фарҳангу мазҳаби дигарро дар мамлакат ҷорӣ намоянд ва истиқлоли нав бадастомадаро поймол созанд.
Ҷавонмардони худогоҳу зирак ва ҳушёру далери шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамроҳи дигар сокинони ватандӯсти кишвар дар роҳи барқарор сохтани ҳокимияти қонунӣ ва расидан ба сулҳу суботи сартосарӣ далериву ҷонбозиҳо карданд.
Кӯлоб таърихи хеле қадима дошта, мо чанд сол пеш 2700 - солагии онро дар вазъияти тантанавӣ таҷлил намудем. Осори зиёди таърихии аз ҳудуди он пайдошуда аз таърихи пуршарафи ин шаҳри бостонии тоҷикон дарак медиҳад.
Моҳи декабри соли гузашта ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ - ЮНЕСКО дар қатори дигар осори қадима чаканро ҳамчун мероси таърихии халқи тоҷик эътироф намуд, ки зодгоҳи он шаҳри бостонии Кӯлоб мебошад.
Дар нақшҳои чакан орзую омол ва ҳофизаи таърихии қавмҳои ориёӣ ҷой гирифта, тавассути ҳунармандони моҳир то ба замони мо расида, дар олам эътирофу маҳбубият пайдо кардааст.
Дар баробари ин, мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб аз қадим ба ҳунармандӣ машғул буда, то ба ҳол ин анъанаҳои некро идома дода истодаанд. Мавҷуд будани кӯчаҳои заргарон, чармгарон, косатарошон, кулолон, оҳангарон ва монанди инҳо дар шаҳри Кӯлоб аз маданияти қадимаи шаҳрнишинӣ дарак дода, ин ҳунарҳо аз насл ба насл мерос мондаанд ва то ба имрӯз дар ин шаҳри таърихӣ ривоҷ доранд.
Шаҳри Кӯлоб, инчунин, макони шоирону адибон ва орифону донишмандон буда, ин шаҳри бостониро маскан намудани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ бесабаб нест. Осори Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Носеҳи Хатлонӣ, Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Бисмили Кӯлобӣ, Шамсиддини Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ ва садҳо нафари дигар, ки дар осори гаронбаҳояшон арзишҳои умумибашарӣ ва умумиинсониро тарғиб намудаанд, намунаи барҷастаи ҳаёти илмиву адабии ин гӯшаи Ватани азизамон мебошад.
Сокинони шарафманди Кӯлоб бо ифтихор аз таърихи гузаштаи худ ва бо эҳсоси гарми ватандорӣ сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушду тараққиёти шаҳр хеле корҳои шоиста ва назаррасро ба анҷом расондаанд.
Ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки Кӯлоб бо гузаштани қариб се даҳсола аз баракати истиқлол, суботу оромӣ, азму талоши пайваста ва заҳмати ободгаронаи мардум ба як шаҳри зебои замонавӣ табдил ёфтааст.
Ҳукумати мамлакат дар навбати худ ба рушду ободии шаҳри Кӯлоб эътибори махсус зоҳир намуда, то имрӯз як силсила тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Ҳозирони гиромӣ!
Боиси қаноатмандист, ки имсол сокинони шаҳри Кӯлоб дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои истиқболи шоистаи 30 - солагии Истиқлолият амалҳои бунёдкориву ободониро вусъат бахшида, дар аксар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Дар баробари ин, то ҳанӯз дар шаҳр ва деҳаҳои он як қатор мушкилоту масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Мушкилоти ҷиддии шаҳру деҳоти Кӯлоб нарасидани оби нӯшокӣ мебошад. Зеро солҳои охир маҳаллаҳои навбунёд дар атрофи шаҳри Кӯлоб зиёд гардида, дар аксари онҳо иншооти зарурии обтаъминкунӣ бунёд карда нашудаанд.
Бо мақсади ҳалли ин масъала Ҳукумати Тоҷикистон чанде пештар бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба мувофиқа расид ва татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ баҳори соли 2020 оғоз мегардад.
Ҳоло дар шаҳру деҳоти Кӯлоб татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коммуналӣ ва кишоварзӣ идома дошта, то имрӯз корҳо ба маблағи қариб 120 миллион сомонӣ иҷро шудаанд. Вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва зарурати бунёди иншооти инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ дар шаҳри Кӯлоб кофӣ нест.
Тибқи таҳлилҳо аҳолии шаҳри Кӯлоб сол ба сол афзоиш ёфта, дар даврони истиқлол қариб 70 ҳазор нафар зиёд шудааст ва ҳоло шумораи сокинони он беш аз 213 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки дар шаҳр даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда шаванд.
Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда корхонаву коргоҳҳои дар он бунёдшаванда аз пардохти тамоми андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Итминон дорам, ки солҳои наздик Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои судовар ба рушди шаҳри Кӯлоб ва минтақа такони ҷиддӣ бахшида, боиси таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва баланд шудани некуаҳволии сокинон мегардад.
Дар ин ҷода, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаи озоди иқтисодӣ чораҳои дахлдорро амалӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, Бонки миллиро зарур аст, ки бо мақсади дар шаҳри Кӯлоб афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ чораҳои амалӣ андешад.
Ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” супориш дода мешавад, ки то охири сол намояндагии худро дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода, барои пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорон дар соҳаҳои истеҳсолӣ чораҷӯӣ намояд.
Мо имрӯз ба бунёди роҳи Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин, ки арзиши лоиҳавии он 215 миллион сомонӣ ва масофааш 35 километр мебошад, оғоз бахшидем. Ба сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки бунёди ин роҳро дар муддати ду сол ба анҷом расонда, дар ин раванд, як қисми роҳҳои шаҳри Кӯлобро мумфарш кунанд.
Инчунин, корҳои ду марҳалаи таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб ба маблағи қариб 70 миллион сомонӣ ба анҷом расонда шуданд ва таҷдиду чароғон намудани як қатор кӯчаҳои шаҳр, яъне марҳалаи сеюми лоиҳа ба маблағи 130 миллион сомонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ шурӯъ гардид.
То имрӯз дар шаҳри Кӯлоб барои беҳтар намудани таъминот бо неруи барқ ва коҳиш додани талафоти он тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар давоми даҳ соли охир зиёда аз 400 трансформатор таъмир ва хатҳои интиқоли барқ ба масофаи 50 километр иваз карда шудаанд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша низ арзишманд мебошад.
Бо дарназардошти бунёд гардидани 11 маҳаллаи нави аҳолинишин ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи тоҷик» супориш дода мешавад, ки бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолии шаҳри Кӯлоб ва деҳоти он бо неруи барқ, инчунин, кам кардани талафоти он чораҳои иловагӣ андешида, то соли 2021 таҷдиду азнавсозии шабакаҳои барқии шаҳрро пурра ба анҷом расонад ва низоми муосири баҳисобгирии неруи барқро ҷорӣ намояд.
Дар деҳоти Кӯлоб аз ҳисоби соҳибкорони ҳимматбаланди он барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сардхона барои 750 тонна сохта, ба истифода дода шуда, дар деҳоти Зиракӣ бунёди 26 гармхона ва 4 сардхона барои нигоҳдории зиёда аз 800 тонна маҳсулот идома дорад.
Солҳои охир масоҳати боғҳо зиёд гардида, дар 92 гектар заминҳои лалмӣ боғҳои мевадиҳанда бунёд карда шудаанд ва ин иқдом идома дорад.
Дар ду соли охир дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта, дар майдони 85 гектар 27 хоҷагии моҳипарварӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум қариб 5 гектар зиёд буда, илова бар ин, барои бунёди ҳавзҳои моҳӣ ба хоҳишмандон 86 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, бунёди ҳавзҳо идома дорад.
Ҳозирони гиромӣ!
Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст.
Соли 2018 аз ин ҳисоб 64 иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва 44 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар соли 2019 бунёду азнавсозии 271 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора дар 6 моҳи соли равон корҳо дар 65 иншоот ба анҷом расидаанд.
Сохтмону таъмири иншооту биноҳо тибқи нақша босуръат идома дошта, то охири соли 2019 - ум 206 иншооти дигар ба истифода супурда мешавад.
Соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 18 километр роҳҳои дохилии шаҳру деҳоти он таъмиру таҷдид ва 32 километр сангфарш гардидаанд, ки ин иқдом, албатта, шоистаи таҳсин мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки то Ҷашни 30 - солагӣ аксари кӯчаву роҳҳои шаҳр мумфарш карда мешаванд.
Дар ин раванд, инчунин, дар шаҳру деҳоти Кӯлоб аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ ду корхона ва 12 коргоҳи хурди саноатӣ бунёд гардида, 120 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Умуман, дар шаҳр дар ин давра 3500 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб чандин муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ ва литсейҳои нав таъсис дода шудаанд, ки ҳоло онҳо барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ кадр тайёр карда истодаанд.
Имрӯз дар доираи сафари кории мо дар шаҳри Кӯлоб ду мактаби навбунёд, ки ҳар кадом барои 1280 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст, бо беҳтарин шароити таълим ва таҷҳизоти замонавӣ ба истифода супурда шуданд. Ҳоло сохтмони ду муассисаи таълимӣ дар деҳоти Кӯлоб идома дорад, ки то Ҷашни 30 – солагӣ ба истифода дода мешавад.
Илова бар ин, аз ҳисоби соҳибкорон – фарзандони шаҳри Кӯлоб 150 синфхонаи иловагӣ бунёд гардида, 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.
Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон дар маҳаллаҳои Чаманзору Ҷомӣ, деҳаҳои Шамсов, Файзобод, Гултеппа ва Хонобод сохтмони чандин мактабҳои нав ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ оғоз шудааст. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр соҳибкори маҳаллӣ Ғуломов Халил бунёди муассисаи таълимиро барои 2000 нафар хонанда шурӯъ кардааст, ки то соли 2021 ба истифода дода мешавад.
Бовар дорам, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолият мушкилоти соҳаи маориф дар шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бартараф гардида, барои фарзандони сокинон тамоми шароити зарурии таълим муҳайё карда мешавад.
Дар баробари ин, кормандони соҳаи маориф ва устодону омӯзгоронро зарур аст, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия эътибори ҷиддӣ диҳанд, омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дуруст ба роҳ монда, наврасону хонандагонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия намоянд.
Дар шароити муосир, ки таъсири ҳар гуна ҳаракату равияҳои радикалӣ вусъат гирифта истодааст, мардум, хусусан наврасону ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб низ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, баҳри ҳифзу ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолият талош варзанд, барои таҳкими давлатдории миллӣ саъй намоянд, ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, таъриху фарҳанги халқамон бештар таваҷҷуҳ карда, анъанаҳои неки гузаштагонро пос доранд.
Имрӯз мо дар шаҳр ду беморхонаи замонавиро, ки бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд, аз ҷумла дар яке аз онҳо технологияҳои рақамии навтарин барои табобати модару кӯдак насб карда шудаанд, ба истифода супурдем.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои муассисаҳои тандурустии шаҳри Кӯлоб дастгоҳҳои замонавӣ дастрас карда шудаанд. Акнун табибонро зарур аст, ки малакаи касбии худро дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои замонавӣ тақвият бахшида, ба аҳолӣ бо сатҳу сифати баланд хизмат расонанд.
Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳои ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолият тасдиқшуда аз ҳисоби соҳибкорони шаҳри Кӯлоб бинои таълимии коллеҷи хусусӣ, 2 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 8 дорухона бунёд шуда, ҳоло сохтмони як беморхонаи шахсӣ ва сохтмони хобгоҳи коллеҷи тиббӣ идома дорад.
То имрӯз панҷ беморхонаи шаҳр ва деҳоти Кӯлоб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, то арафаи ҷашн беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии боқимонда пурра аз таъмири асосӣ бароварда мешаванд.
Дар ин раванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бояд ҷиҳати бартараф кардани норасоии кадрҳои тиббӣ, ки имрӯз зиёда аз 100 нафарро ташкил медиҳад, чораҷӯӣ намуда, барои ҳалли мушкилоти дигари ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Мо ба рушди санъату фарҳанг низ диққати аввалиндараҷа дода, дар доираи сафари имрӯза дар шаҳри Кӯлоб бинои нави таълимӣ ва маъмурии коллеҷи санъати ба номи Кароматулло Қурбонро ба истифода супурдем. Дар ин коллеҷ низ барои аз худ кардани нозукиҳои санъату ҳунар шароити беҳтарин фароҳам оварда шудааст.
Мардуми Кӯлоб аз замонҳои қадим табиатан дӯстдори санъату шеъру адаб буда, дар аксари оилаҳо асбобҳои мусиқӣ мавҷуданд ва бештари онҳо завқи навозандагиву сарояндагӣ доранд. Воқеан, бояд гуфт, ки шаҳри Кӯлоб ватани мусиқии “Фалак” низ мебошад.
Шубҳае нест, ки сокинони ин шаҳри шеъру ҳунар анъанаҳои некро идома медиҳанд ва дар оянда аз байни ҷавонон истеъдодҳои нав ба камол мерасанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Дирӯз ва имрӯз бо иштироки Роҳбари давлат дар шаҳри Кӯлоб 16 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардида, 35 иншооти дигар бо иштироки аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 50 иншооту биноҳои навбунёд ба истифода дода шуданд.
Дар ин замина боз қариб 500 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Махсусан, азнавсозии боғи марказӣ, ки мо онро ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузоштем, гулгашти Сафар Амиршоев ва боғи “Хуталон” ба симои шаҳр ҳусни тоза бахшиданд.
Ман ба сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳамаи шахсони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи баланд ва сифати олӣ бунёду муҷаҳҳаз гардондани ин боғу гулгаштҳо самимона ташаккур баён менамоям.
Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро вазифадор месозам, ки иншооти навбунёди фарҳангиро хуб нигоҳубин намоянд, онҳоро боз ҳам обод кунанд ва ҷиҳати мунтазам баргузор кардани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Умедворам, ки сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб ин ободкориҳоро ҳифз карда, барои рушди ин шаҳри таърихӣ дучанд заҳмат кашида, дар пешрафти он саҳми арзанда мегузоранд.
Бо истифода аз фурсат, ба сокинони шаҳри Кӯлоб барои дастгириашон аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба ободониву созандагии кишвар бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан изҳори сипос менамоям. Ва дилпурона изҳор медорам, ки мардуми заҳматпеша ва бонангу номуси шаҳри Кӯлоб барои истиқболи шоистаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои боз ҳам ободу зебо гардондани ин шаҳри бостонӣ азму талоши хешро дареғ намедоранд.
Ман бори дигар ба хурду бузурги мардуми далеру ғаюр, бонангу номус ва сарбаланду шарофатманди шаҳри бостонии Кӯлоб барои пуштибонии самимӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлату Ҳукумати мамлакат ва матонату фидокориҳои онҳо дар лаҳзаҳои бисёр ҳассоси таърихи миллат миннатдорӣ изҳор менамоям ва эътимоди қавӣ дорам, ки онҳо минбаъд низ барои пешрафти сарзамини аҷдодиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Ҳар яки шумо, ҳозирони арҷманд ва кулли сокинони шаҳри Кӯлобро ба ифтихори Ҷашни фархундаи миллӣ – 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат ва барору комёбӣ орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 3856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед