logo

иқтисод

МУРҒОБ -ДАРВОЗА БА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ ҶАНУБУ ШАРҚӢ

Ноҳияи Мурғоб ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар рушду нумӯи тоза ёфта, рӯз ба рӯз ободу шукуфон мегардад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо, иншооти дигари таъйиноти гуногун худ далели пешрафти ин минтақаи дурдасти кишваранд.

Сокинони ноҳия мегӯянд, ки солҳои пеш орзуи бунёди чунин роҳҳо ҳатто аз гӯшаи хаёл намегузашт. Вақте овоза шуд, ки дар ағбаи Қулма шоҳроҳ бунёд меёбад ва он Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, ҳамагон дар тааҷҷуб афтоданд. Аммо дар фурсати кӯтоҳ ин овоза ба ҳақиқат табдил ёфт. Қадами Ҷаноби Олӣ ба ин ҷо расиду барои сохтмони роҳ дастури қатъӣ доданд. Дере  нагузашта, аввалин мошинҳои пурбор ағбаи Қулмаро убур  карда, аз байни  даштҳои паҳновари Мурғоб мисли қатора равон  шуданд. Дар маркази  ноҳияву деҳот меҳмонхонаҳо, чойхонаву  ошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ  қад афрохтанд ва Мурғоб ба минтақаи транзитӣ табдил ёфт.

ДАР ЧОРСӮ
Бо сохтмони роҳи мошингарди Мурғоб – Қулма на танҳо ноҳия, балки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Фаъолияти ин масири байналмилалӣ ба куллан беҳ гаштани ҳаёти мардум мусоидат намуд. Ҳоло Мурғоб тавассути ду гузаргоҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад. Қисматҳои асосии шоҳроҳи байналмилалии мошингард, ки ҷумҳуриамонро бо кишварҳои  бузург ва бандарҳои обӣ пайваст мекунад, аз  ҳудуди ноҳия мегузаранд. Инчунин, имкон ҳаст, ки дар  оянда Мурғоб ба воситаи Афғонистон ба Покистону Ҳиндустон пайвандад.
– Бо бунёд ёфтани ин шоҳроҳ иншооти инфрасохторӣ дар ноҳия рушд карда, марказҳои зиёди хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд ва шумораи зиёди сокинон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба манзараҳои дилкаш ва ҳайвоноти  нодири Мурғоб меафзояд. То ин давраи соли ҷорӣ 4,5 ҳазор сайёҳ ноҳияро тамошо кард,- гуфт раиси ноҳия Мурзабой Чоошбаев.

НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОФТОБӢ МЕСОЗАНД
Тирамоҳи  соли  гузашта  бо  иштироки  Ҷаноби  Олӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани НБО - и хурди «Тоҷикистон» бо иқтидори 1500 кВт рӯйдоди фаромӯшнашаванда дар ҳаёти  сокинони ноҳия ба шумор меравад. Сокинони  маркази ноҳия ва Ҷамоати деҳоти ба номи Г. Бердибаев бо неруи барқ таъмин гаштанд. Вале дар мавсими сармо бо сабаби норасоии об иқтидори истеҳсолии неругоҳ як андоза коҳиш меёбад, ки дастрасӣ ба неруи барқ маҳдуд мегардад. Аз ин рӯ, баҳри бартараф сохтани ин мушкил ширкати  “Помирэнерҷи” азм дорад, ки бо иқтидори 200  киловатт – соат неругоҳи барқи офтобӣ созад. Барои ин қитъаи замин ҷудо гардида, қарор аст то моҳи ноябр  ширкати  «Помирэнерҷи» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҷҳизоти заруриро дастрас ва насб намояд.

ЯКҶИЛВА – КАЛОНТАРИН КОРХОНАИ КОРКАРДИ НУҚРА
Соҳаи саноати ноҳия низ дар ҳоли пешрафт аст. Соли дуюм аст, ки дар маҳаллаи Якҷилва корхонаи коркарди нуқра фаъолият мекунад ва дар он қариб 200 нафар сокини маҳаллӣ  бо кор ва маоши хуб таъминанд. Ояндаи наздик ба ин маҳал хати барқ ҳам оварданианд. Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ, барои аз нуқтаи наздиктарин кашидани хати барқ 11 миллион сомонӣ сарф мешавад.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъаев, директори ширкати “Помирэнерҷи”, захираи ками оби дарё ва рӯдхонаҳои ноҳия имкон намедиҳад, ки неругоҳи обии барқӣ бунёд созанд. Масрафи барқи офтобӣ ҳам кам нест. Аз ноҳияи Шуғнон овардани хати барқ ба мақсад мувофиқ аст. Бо иваз кардани хати барқи баландшиддат аз Неругоҳи барқии обии  “Помир - 1” то деҳаи Ҷелондеҳ ва насби истгоҳи нави барқии баландшиддат Мурғоб ҳам ба шабакаи ягонаи барқи вилоят пайваст мегардад.

МАРКАЗИ НОҲИЯ СИМОИ НАВ МЕГИРАД
Маркази ноҳия бо қомат афрохтани биноҳои нави мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шуъбаҳои ҳифзи муҳити зист ва алоқа, маркази адлия, бонкҳо, бозор ва марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ симои нав касб кардааст. Дур нест он замон, ки ба маркази ноҳия мақоми шаҳрак дода шавад. Ин пешниҳод  дар маҷлиси вакилони халқи ВМКБ  якдилона дастгирӣ ёфт.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 1587
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед