сиёсат
ДАВЛАТДОРИЕ, КИ ПРИНСИПҲОИ АСОСИАШ ИЛМ, ХИРАДСОЛОРӢ ВА ТАКЯ БАР ТАҶРИБА АСТ
Ҳарчанд баъди ҳаводиси пурталотуми шикасти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ кулли кишварҳои аъзои он якояк истиқлолият ба даст оварда, роҳи тараққиёташонро мустақиман мушаххас намуданд, аммо сарнавишти Тоҷикистон комилан дигаргуна сурат гирифт. Марҳилаи аввали даврони истиқлол фоҷиа дошт: фоҷиаи табдил шудан ба эпитсентри бархӯрди манофеи абарқудратҳои минтақа.
Бо вуҷуди он ки дар илмҳои сиёсиву ҷомеашиносӣ ин нукта мудом мавриди баҳс қарор мегирад, аммо маҳз ду омил барои Тоҷикистон ва мардуми дорои таърихи чандинҳазорсолаи он ҳалкунанда буд: яке зуҳури хиради азалии мардумӣ ва дуюм, шахсияти наҷотбахше дар мисоли Эмомалӣ Раҳмон, ки асоситарин нукоти татбиқи ин хиради азалиро дар хеш таҷассум мекард.
Дар тафовут аз ҷомеаҳои ғарбӣ, ки фардгароӣ ё индивидуализми биологӣ асоси пешрафти онҳост, дар Шарқ ҳамеша ҷомеаҳои суннатгаро бар асоси раҳбарии шахсиятҳои фавқулода оқилу ҳушманд ва фарохназар бо усули хирадсолорӣ рушд мекарданд. Ҳадди ақал ду шароите лозим буд ва ҳаст, ки фаъолияти пурсамари ин навъ шахсиятҳоро таъмин карда бошад: яке истеъдод ва маҳорати раҳбарӣ нисбат ба дигарон афзалтар бошад ва дигаре – сохти иҷтимои мавҷуда набояд монеаи ибтикороти ӯ гардад.
Агар шарти аввал ба сатҳи донишу хирад ва заковату таҷрибаи ӯ марбут бошад, пас, шарти дуюм, инак, чоряк аср аст, ки дар ҳоли таҳаввулоти доимӣ қарор дорад. Сохти иҷтимоии Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила аз лиҳози шаклу муҳтаво рӯ ба ҷониби инсонпарварӣ ниҳода, идеали ин ҷомеа таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванд муайян шудааст. Як вижагии ҷомеаи суннатӣ ҳамин аст, ки шахсиятҳои фавқулода бузург дар анбуҳи мардум зуд маълум мегарданд ва ба қудрати миллӣ мубаддал мешаванд.
Қудрати миллӣ гуфта, мо нерумандии инсонро бар хираду шуур нисбат ба инсонҳои дигар дар назар дорем. Мо танҳо як паҳлуи таърифи шуурро дар назар дорем - муносибати оқилонаву одилона ба воқеиятро. Барои ин қудрат омилҳои инсонӣ, характери миллӣ, сатҳи аҳолӣ, майли одамон ба тарзи илмии тафаккур, рӯйдодҳои атрофро ба тарзи воқеӣ баҳогузорӣ кардан ва ба он дар асоси манфиатҳои миллӣ таассуроти мувофиқ нишон додан муҳимтарин аносир аст.
Инро таърих борҳо исбот кардааст, воқеан, шояд қонунмандӣ ва ё парадокси таърих бошад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои садаи XX ҳамон миссияи таърихиеро анҷом дод, ки соли 888-ум Исмоили Сомонӣ анҷом дода буд. Маҳз тавассути истеъдоди фавқулодаи роҳбарӣ ва дастгирии оммаи мардум, билхоса ҳунармандон, аввалин давлати мутамаркази тоҷикон таъсис ёфт. Шиораш ҳамин буд, ки «то вақте зиндаам, қалъаи Бухоро ман ҳастам». Эмомалӣ Раҳмон низ давлати фурӯпошида ва мардуми парешони аз ҷанг навмедшударо ба ҳам овард ва шиоре миёни мардум ниҳод, ки «ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад, ҷон месупорам».
Маҳз таҷрибаи фоҷиаи солҳои аввали истиқлолият дарунмояи сиёсати инсонмеҳварии Эмомалӣ Раҳмонро таркиб доданд: бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса ба илму фарҳанг дода шуд. Барои Сарвари давлати Тоҷикистон раҳоии пурра аз гирдоби таассубу хурофот, ки сабаби аслии низои панҷсолаи тоҷикон буд, танҳо тавассути густариши илм, тайёр намудани насли нави мутахассисони донишманд, ба кор андохтани барномаҳо ва консепсияҳои фаро гирифтани дониш, забономӯзӣ ҳамчун воситаи шинохти дунё, таъсиси даҳҳо донишгоҳҳои нав вобаста ба тақозои иқтисоду иҷтимоъ, фиристодани толибилмон ба макотиби олии мамолики хориҷӣ ва вобаста ба ин ибтикор таъсис додани стипендияи вижаи президентӣ, ташкили квотаи махсус ҷиҳати осон кардани мушкили таҳсили духтарон ва писарон аз манотиқи дурдаст, бастани садҳо созишномаҳо ҷиҳати доду ситади илмиву фарҳангӣ ва мубодилаи донишҷӯёну устодони макотиби олӣ имконият дошт.
Ҳама паҳлуҳои ин сиёсатро, ки онро кӯтоҳ метавон сиёсати маорифпарварӣ ё рӯшангарӣ гуфт, дар ин мухтасар аён кардану шарҳ додан имкон надорад. Ҳаминро метавон таъкид кард, ки барои Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин сиёсат аз ибтидо то кунун такя кардан ба зиёиёни донишманд - устодони макотиби олӣ, кормандони илмии сохторҳои Академияи илмҳо, шоирону нависандагон принсипи асосии фаъолият буд ва то кунун идома дорад. Барои мисол таваҷҷуҳи Пешвои миллатро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намуна овардан кофист. Муҳаббату самимияти Пешвои миллатро ба аҳли зиёи ДМТ аз шумораи сафарҳо ва вохӯрию мулоқотҳояш бо устодону донишҷӯёни ин боргоҳи маърифат метавон маърифат кард. Ҳанӯз ҷомеа ба созишномаи умумии истиқрори сулҳ дастёб нашуда, моҳи феврали соли 1997 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони махсус номи ин муассисаи таълимию илмиро тағйир дод: Университети давлатии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимии худмухтор унвони расмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро гирифт. Баъдан, соли 2008-ум бо Фармони нави Сарвари давлат (аз 28.10.2008) номи расмии ин таълимгоҳ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муқаррар гардид. Боздиди Сарвари давлат аз донишгоҳ 12-уми сентябри соли 1998 ба ифтихори 50-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди таҳсилотӣ ва, баъдан, солҳои 2007, 2008, 2010, 2015 вобаста ба бунёди биноҳои нави таълимӣ ва ибрози назарияҳои нави Сарвари давлат роҷеъ ба такмили илму маориф амалӣ шудаанд.
Як ҷузъиёти чунин муҳаббати самимии Президент нисбат ба Донишгоҳи миллӣ шояд он бошад, ки он кас ҳамин донишгоҳро хатм кардаанд. Аммо дар манзараи умум ин далел хеле ҷузъӣ менамояд. Муҳим ин аст, ки Пешвои миллат ҳама орзуву ормон ва ғояҳои нави давлатдориро дар соҳаи илму маориф қабл аз дигар сохторҳо маҳз дар Донишгоҳи миллӣ мехоҳад татбиқ кунад, зеро ба зарфияти илмиву таҳсилотии он итминони бештар дорад.
Назари куллии Сарвари давлат ҳамин аст, ки бе ислоҳоти бомаром ва пайвастаи маориф давлат пеш нахоҳад рафт, миллат комёб нахоҳад шуд. Аз ин рӯ, дар консепсияи маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳамин ислоҳот - ислоҳоти доимии соҳаи маориф дар мадди аввал аст;
дуюм, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат равона намудани илмҳои бунёдист;
сеюм, таъмини ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ тавассути се ниҳод - ҷомеа, мактаб ва оила;
чорум, баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа устувор намудани мафкураи миллӣ ва ғояҳои милливу ватандӯстона;
панҷум, вусъати корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба хотири аз ҳама гуна равияҳои хурофотӣ ва ифротӣ ҳифз намудани шаҳрвандон…
Ва бовари Сарвари давлат ба ин аст, ки ҳамаи ин ҳадафҳо бидуни таҳқиқоти мукаммал ва густурдаи олимони соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг - файласуфону ҷомеашиносон, иқтисодшиносон, равоншиносону забоншиносон ва намояндагони улуми тарбияву тадрис имконпазир нахоҳад буд.
Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,
Ҳафиз РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2019 №: 177 Мутолиа карданд: 1090