сиёсат
БЕҲТАРИН РӮЗИ МИЛЛАТ
Сабт наёфтани ин сана дар ёддоштҳо, хотираи дурахшон - 28 - солагии рӯзи муқаддаси озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли воқеии давлати Тоҷикистони азиз ва боз падидаи нави бузурги таърихӣ ба кор шурӯъ кардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» – "Кохи нуру рӯшноӣ", шоҳкории асри XXI ба назарам чун ба шодиву нишоти миллионҳо ҳамватанону ҳазорон бунёдкорон шарик нашудан гуноҳи кабира намуд. Дар як рӯз рост омадани ду санаи хотирмони таърихӣ. Ин рӯйдоди нодир аст. Бодо, ки то абад озодии давлату миллат пойдор монад ва ривоҷи созандагиҳо дар сарзамин боиси рӯзгори шоиставу хушбахтии мардум бишавад ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкамтар гардад.
Чи хуш, ки дар ин рӯзи муқаддас бомдод бо ҳайати ходимони ҷамъиятиву давлатӣ, аҳли илму эҷод - вассофони користони неругоҳ бо сафи автобусҳо ба самти Роғун равон шудем, то бо чашми сар ин пирӯзӣ ва лаҳзаи сурурбахши таърихиро бубинем. Зимнан, ин рӯзу соати муборакро ҳазорон бинокорони матинирода, тамоми хурду бузурги мамлакат бо дили беқарор интизор буданд. Ва фаро расид рӯзу соати муборак, дидани самари талошу заҳматҳои шабонарӯзии бисёрсолаи мутахассисон ва коргарони ҷоннисору шарафманд. Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бинокорони номвар бо зикри номи Худо тугмаи рамзии ба кор оғозидани агрегати дуюмро пахш кард. Иншооти бузург ончунон нарму дилпур чархид, ки тангаи имтиҳон рӯйи он ноҷунбон рост истод. Кори заргарона! Сад офарин! Боз як пирӯзӣ, боз як дастоварду ҷаҳиши бузург. «Муборак бод ин рӯзу ҳама рӯз!». Оре, созандагони неругоҳ ба ҳама ситоишу қадрдонӣ сазоворанд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи онҳо мамлакат боз ба истиқлоли манбаи барқ қадами устувортаре гузошт. Ҳазорон бинокорону сокинони шаҳри Роғун, ки бо ифтихору сарбаландӣ, хурсандиву сурур парчамафшонӣ мекарданд, меҳмонони зиёди хориҷӣ низ бархеста, сидқан ин рӯзу соати ғалабаи меҳнатиро бо кафкӯбӣ шодбош гуфтанд. Хурсандӣ ва сарфарозии Сарвари давлат, Президент Эмомалӣ Раҳмон, бешак, интиҳо надошт. Дидани самараи талошу армонҳояш. Вай бо беҳтарин суханҳо заҳмати бунёдкоронро хотиррасон кард. Сазоворанд! Ин лаҳза бо шодии беинтиҳо ба чеҳраи аз нури офтобу таъсири бод гандумгун, дасту панҷаҳои обутобёфтаву рустамонаи коргарон нигариста, ба иродаи қавӣ, далерӣ, фидокорӣ, ватандӯстии бемислашон аҳсант мехонам. Бунёдкорон - шермардони асили замони Истиқлолияти давлатӣ. Заҳмату ҷоннисориҳои онҳо, ки ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон, зиндагии осудаву шоистаи мардум аст, ба насли ҷавони имрӯзу оянда ибратомӯз мебошад. Сано бод ба созандагони "Кохи нури Роғун"! Ва чашм аз обанбори нилгун, ки байни кӯҳсорон чанд сол пеш аз шевану ғиреви мавҷҳои пурисёни рӯди Вахш ҳангомае дошт, печ дар печ ҷо гирифта, акнун орому нарму асрорангез менамояд, наканда бо афсӯс аз дил мегузаронам: "Чи қадар ҳамватанону ҳамсолони мо орзуи дидани ин рӯзи фархундаро доштанд. Вале... Шукри Парвардигор, ки банда дар радифи миллионҳо ҳаммеҳанон боз шоҳиди чунин зафару ғалабаи бузурги таърихии зиндагисози бунёдкорони Неругоҳи «Роғун» шудам". Ин пирӯзӣ, бегумон, иқтидори иқтисодии мамлакатро аз ҳар ҷиҳат дучанд меафзояд ва ба рӯзгори мардум баракату рангу таровати бештар мебахшад. Аслан, дидани комёбиҳои беназири ҳамдиёрони бунёдкор барои нависанда беҳтарин армуғон аст. Он ҳисси беинтиҳои ифтихор ва шодиро меангезад. Ӯро ба ояндаи дурахшони Ватан ва зиндагии созгори мардумаш дилпур месозад.
Абдулҳамид САМАД, Нависандаи халқии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2019 №: 177 Мутолиа карданд: 1075