иқтисод
"РОҒУН". ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ПУРНУР АСТ
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.
Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ Ҳукумати мамлакат тараққиёти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ эълон намудааст.
Боиси хушнудист, ки 9 сентябри соли равон Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун" ҳусни оғоз бахшиданд. Ин сана дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як саҳифаи наверо боз намуд ва қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Бо бунёди пурраи ин иншооти аср на танҳо мушкилоти нарасидани барқ ба аҳолӣ ҳаллу фасл мегардад, балки барои рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, фаъолияти бомароми корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, вусъат ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ заминаи устувор фароҳам меоварад.
Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон таъкид карда буданд: "Неругоҳи барқи обии "Роғун" таҳкурсии боэътимоди ободиву сарсабзии фардои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ва пешрафти минбаъдаи тамоми соҳаҳои иқтисоди миллиамон мебошад".
Талабот ба неруи барқ дар миқёси ҷаҳон мунтазам дар болоравист. Ҳамчунин, зиёдшавии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли барқ дар кишвар афзоиш дода шавад.
Бо ин мақсад, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалб ва истифодаи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ва мутахассисони пуртаҷриба баҳри сохта ба истифода додани неругоҳи бузург корҳоро вусъат мебахшанд. Зеро "Роғун" омили муҳимтарини тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.
Ғайрат ЮСУФОВ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2019 №: 177 Мутолиа карданд: 882