иқтисод
ТОҶИКИСТОН АЗ МАКОНҲОИ ҚАДИМАИ ПАРВАРИШИ ХАРБУЗА
Харбуза - зироати гармидӯст буда, дар водиҳо, минтақаҳои наздикӯҳӣ ва заминҳои обёришавандаю лалмии бо намӣ таъмин парвариш карда мешавад. Давраи нашъунамои ин зироат ба моҳҳои апрел - октябр рост меояд.
Харбузаву тарбуз чун маводи истеъмолӣ дар давраи тобистону тирамоҳ ва зимистон дар зиндагии аҳолии Тоҷикистон мавқеи хоссаро ишғол менамояд. На танҳо дар деҳот, балки дар байни мардуми шаҳр истеъмоли харбузаву тарбуз бо нон - ивазкунандаи як қатор хӯрданиҳои дигар ба ҳисоб рафта, дастархони мардум ва рӯзгорашонро обод мекунад.
Дар таркиби харбуза вобаста ба навъ ва давраи пухтарасиаш аз 8 то 23 дарсад қанд, 7-9 дарсад ангиштобҳо, миқдори зарурии витаминҳою моддаҳои минералӣ, оҳан (назар ба шир 15-17 маротиба зиёд), калий, калсий, хлор ва натрий мавҷуд мебошад. Миқдори калория дар 100 грамм дилаи харбуза 33 ккал буда, барои бемориҳои лоғарӣ, камхунӣ, ва дилу рагҳои хунгард тавсия дода мешавад.
Аз таҳқиқоти археологӣ бармеояд, ки таърихи пайдоиш ва парвариши харбуза 5,5-6 ҳазор солро дар бар гирифта, дар Осиёи Миёна ва Осиёи Хурд чун зироати истеъмолӣ маълум буд. Қаламрави Тоҷикистон яке аз маконҳои асосию қадимаи парвариши харбуза ба ҳисоб меравад. Қисми зиёди намуду навъҳои харбуза маҳз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо заҳмату истеъдоди халқ дар ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадааст. Харбузаи Тоҷикистон сифатан такрорнашаванда аст. Навъҳои парваришшавандаи харбуза дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 500 номгӯйро дар бар гирифта, бештар аз 200 номгӯйи онҳо номи аслии тоҷикӣ доранд ва ин далел аз ватани харбуза будани Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Намудҳои парваришёбандаи харбузаи Тоҷикистон, асосан, 4 қисманд: гурӯҳи ҳандалакҳо, харбузаи дилааш мулоим, харбузаи тобистонаи дилааш сахт (чарс) ва навъҳои тирамоҳию зимистона. Ба гурӯҳи ҳандалакҳо «Ҳандалаки зард», «Зомбучаи ало», «Кӯкча – 14», ба тобистонаи мулоим «Токаш - 28», «Амирӣ», «Оби набот», «Зарметанӣ», «Дониёрӣ», «Лабиобӣ», «Сабзак - 588» ва ғайра дохил мешаванд. «Бухорӣ - 33», «Зардтӯр», «Андархонӣ», «Лӯбиёӣ» (Босволдӣ), «Гулобии сабз» ва ғайра аз гурӯҳи харбузаҳои тирамоҳию зимистонаанд.
Харбузаи Тоҷикистон бо сифату лаззати хос аз ҳисоби таъму қанднокӣ, гуногунии давраи пухтарасӣ ва хусусиятҳои нигоҳдорӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он ба худ ҳамто надорад. Бояд ёдовар шуд, ки агар таносуби истеҳсоли харбузаю тарбуз то солҳои 80 - уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ 60-70 дарсад ба 30-40 дарсад баробар бошад, баъдан ин нишондиҳанда, бо сабабҳои гуногун ба бартарии тарбуз мубаддал шуд ва ин ҳолат ба кам шудани майдони кишти як қатор навъҳои нодири харбуза сабаб гашт.
Хурсандиовар аст, ки солҳои охир майдону парвариши харбузаву тарбуз пайваста васеъ мешавад. Ин ҳолат аз сиёсати агарарии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ бо мақсади таъмини талоботи аҳолӣ бо маводи хӯрока ва амнияти озуқавории мамлакат маншаъ мегирад. Чуноне ки дар урфият мегӯянд:
Умри боқӣ хоҳӣ, Умрбоқӣ хӯр,
Ё Оби набот ё Парсилдоқӣ хӯр.
Тановул гар кунӣ харбузаро субҳ,
Барорад аз дилат ҳар иллату кубҳ.
Ҳамин тариқ, дар қатори минтақаҳои асосии истеҳсоли харбузаву тарбуз - водии Вахши вилояти Хатлон сол то сол васеъшавии майдони парвариши харбузаву тарбуз дар водиҳои вилояти Суғд, инчунин, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва водии Ҳисор ба мушоҳида мерасад.
Тибқи маълумоти оморӣ, истеҳсоли полизӣ соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба 563 ҳазор тонна расида, ҳосилнокиаш 27,4 тонна аз ҳар гектарро ташкил дод. Дар муқоиса ба солҳои 80 - 90 - уми асри гузашта истеҳсоли зироатҳои полизӣ, аз ҷумла харбузаву тарбуз, чандин маротиба зиёд шудааст ва фурӯши васеи онҳо дар бозору мағозаҳо ва нуқтаҳои алоҳидаю махсус ҳамеша ба назар мерасад.
Афзун гаштани истеҳсоли харбузаю тарбуз на танҳо ба беҳ шудани сатҳи таъминоти талаботи аҳолӣ бо ин маводи истеъмолӣ нақши калон мебозад, балки ба содироти зиёди ин маҳсулот мусоидат намуда, фоидаи калони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ меорад. Ҳосилнокии харбузаву тарбуз дар ҳар гектар замини объёришаванда 30 - 35 тонна ва дар замини лалмии бо намӣ таъмин 12–18 тоннаро ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо дигар зироатҳо даромаднокии иқтисодии калонро соҳиб аст.
Барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли харбузаю тарбуз баланд бардошти ҳосилнокӣ, васеъ намудани майдони кишт ва парвариши навъҳои нави харбузаву тарбуз тадбирҳои асосианд.
Мутаассифона, солҳои охир дар минтақаҳои асосии парвариши харбуза дар қатори ҳашароту касалиҳои манфузи пешина (ширинча, тортанаккана, эпиляхна, шумгиёҳ, касалиҳои пажмурдашавӣ, пӯсиши реша) паҳншавии васеи ҳашароти дигари зараровар – магаси харбуза ба назар мерасад, ки метавонад ҳосили харбузаро қариб ба пуррагӣ нобуд созад. Ин ҳашарот таҳдиди ҷиддии аз байн рафтани навъҳои нодиру нотакрори маҳаллӣ – захираи тиллоии навъҳои миллии харбузаро ба миён овардааст. Аз ин лиҳоз, олимону мутахассисон ва роҳбарони идораю хоҷагиҳо бояд барои рафъи ин мушкил чораҳои таъхирнопазири муассир андешанд ва дар афзунгардонии ҳаҷми истеҳсоли харбузаву тарбузи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Турсунбой АХМЕДОВ,
академики Академияи илмҳои
кишоварзии Тоҷикистон,
Ҳикматулло НАЗИРОВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2019 №: 177 Мутолиа карданд: 988