сиёсат
АЗ САРВАРИ ДАВЛАТ СИПОСГУЗОРЕМ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, аз ҷумла аз коҳиш ёфтани меҳру садоқат ва эҳтироми падару модар, сухан карданд. Мавриди таъкиди махсус аст, ки ба ин масъала пештар ҳам дар чандин мулоқот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда буданд. Ин, албатта, ҳушдореву таъкидест, ки ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон диққати ҷиддӣ бидиҳем ва бо шинохти масъулият дар ҳалли дурусту саривақтии он саҳми бештару беҳтар бигирем.
Дуруст аст, ки тақлидгароӣ, махсусан ба Ғарб ба василаи шабакаҳои иҷтимоӣ моро аз ахлоқи миллӣ дур менамояд. Алҳол ин зарар камтар эҳсос мегардаду дида мешавад. Бешак, он дар пай оқибати баду ногувор дорад. Моро аз ахлоқи миллиамон, ки садсолаҳо санҷида шудааст, дур месозаду ҷудо мекунад. Яъне, ноаёну ноогоҳона теша бар решаи худ мезанем.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ба қадри модару падар бирасем. Заҳмату ранҷи кашидаи модарро ҳеҷ кас ба ҳеҷ чиз ва хидмат ҷуброн намуда наметавонад. Агар ҳам аз сар то ба қадамаш тилло бирезем, ба якшаба ранҷаш ва бедорхобияш бар сари гаҳвораи мо кам аст. Дар ҳақиқат:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Имрӯз ба беэътиборӣ ва фармонравоӣ ба қадри ин фариштаи заминӣ, сарчашмаи меҳру муҳаббат намерасем, ки аз ин ҳама ӯ ранҷ мебараду дарун ба дарун месӯзад. Модар аз мо дар асл чизеро хостор нест, ба ҷуз як таваҷҷуҳ ва нигоҳи меҳрбори фарзандӣ. Ӯ моро дар паҳлуи худ агар мебинад, неруи тоза мегирад, чашмаш пурнур мешавад ва умедаш ба зиндагӣ меафзояд. Чашм бар роҳи омадани фарзанд дорад, аммо фарзанд банди ҳазор кору ҳалли масъалаҳои рӯзгори худ аст. Гоҳҳо ба рӯзе соатеро барои модар ҷудо намекунад, то ба аёдату зиёраташ мушарраф бигардад.
Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд, ки бо эҳтирому арҷгузории махсус ба қадри падар низ бирасему дуои неки ӯро бигирем. Дар ҳақиқат, падарро дар миёни мардуми мо «қиблагоҳ» мегӯянд. Яъне, гузаштагонамон ба ӯ, «ки аз ҳаёт баҳра» - амон додааст, аҷри беҳтару бештар мегузоштанд. Инчунин, саъй ба харҷ медоданд, ки андак ранҷиш аз гуфтору кирдори фарзанд дар дилаш пайдо нашавад, чун оқибати он нек нест.
Сарвари давлат дар ин хусус мегуфтанду ман медидам, ки аз чашми бинандагону шунавандагон ашк мерезад. Ин суханҳои пурҳикмат ба ман низ таъсири амиқ гузошт.
Дар ҳақиқат, мо низ бар асари кору ташвиши рӯзгор, он гуна, ки бояд, барояшон вақт ҷудо намекунем.
Аз ин мулоқоти бисёр муфид ман ҳамчун омӯзгор ба ин хулоса омадам, ки тарбияро дар баробари таълим боз ҳам беҳтар намоем. Суханони мо дар ин маврид бояд чун суханони Пешвои миллат, самимӣ, аз рӯи дилсӯзӣ ва бисёр таъсирнок бошанд.
Фазлинисо КАМОЛИДДИНОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 83, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2019 №: 178 Мутолиа карданд: 1297