иқтисод
ФАРХОР. ДАР МАСИРИ ОБОДӢ
Фархори бостонӣ ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ босуръат рушд намуда, шаҳраку деҳоти ноҳия ҳусни тоза гирифтанд. Даҳҳо иншооти нимсохту бекорхобида аз нав барқарор гардида, иншооти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуданд. Соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ, шолипарварӣ, чорводорӣ, боғкорӣ ва полизипарварӣ рушд намуда, иқтидорҳои нави саноатӣ ба фаъолият пардохтанд. Айни ҳол, тавре раиси ноҳия Рустам Раҳматзода зимни суҳбат ба хабарнигорони «Ҷумҳурият» иброз дошт, иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, хусусан беҳтар намудани фаъолият дар самти саноатикунонии босуръат, истифодаи босамари захираҳои азими кишоварзӣ – замину об ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
МАВЗЕИ ҚАДИМАИ КИШОВАРЗИЮ ҲУНАРМАНДӢ
Мавзеи хеле мувофиқи ҷуғрофӣ - байни ду рӯди сероби Панҷу Сурхоб, заминҳои ҳосилхези ҳамвору теппаю кӯҳҳои ҷангалпӯш ва иқлими барои кишоварзӣ мусоид шароит фароҳам оварданд, ки аҷдодони мо аз замонҳои хеле қадим дар ин ҷо маскун шаванд. Ҳафриёту бозёфтҳои бостоншиносон (аз ҷумла бозёфтҳои бостоншинос Хуршед Муҳиддинов) аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки 10 ҳазор сол қабл дар соҳилҳои рӯди Сурхобу Панҷ одамон зиндагӣ мекардаанд. Рушди Фархор ба давраи биринҷӣ (асрҳои XII - X пеш аз милод) рост меояд. Муаллифи асари таърихии «Ҳудуд - ул - олам» Фархорро дар қатори шаҳрҳои калонтарину сераҳолии Хуталони таърихӣ - Ҳулбук (ҳудуди ноҳияи Восеъ), Кӯлоб, Мунк (Ховалинги имрӯза), Қубодиён ва Левакант номбар шудааст.
- Ёдгориҳои қадимаи сершумор аз он шаҳодат медиҳанд, ки беш аз 4000 сол қабл дар Фархор мардуми кишоварзу ҳунарманд бо ҳам зич иқомат мекард ва маҳз онҳо тамаддуни бохтариро ташаккул додаанд, - навиштааст академик Раҳим Масов, собиқ директори Институти таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ.
Дар бораи Фархори асрҳои миёна сарчашмаҳои зиёди таърихӣ ва асарҳои бадеӣ маълумот додаанд, аз ҷумла «Шоҳнома» - и безаволи ҳаким Фирдавсӣ. Дилрабоии мавзеъ аз назари маликушшуаро устод Рӯдакӣ ҳам ниҳон намондааст, ки фармуда:
ФАРХОР БУЗУРГУ НЕК ҶОЕСТ
Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров низ дар китоби «Тоҷикон» қадимӣ будани Фархорро таъкид кардааст.
Экспедитсияи байналмилалии бостоншиносӣ дар ҳайати олимон аз Москва, Санкт – Петербург, Рим ва Душанбе, ки бо ибтикори Академияи илмҳои Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани нишонаҳои тамаддуни қадим ташкил шуда, дар ҳудуди ноҳия ҳафриёти бостоншиносӣ гузаронд, дар бораи таърихи беш аз 4200 – солаи тамаддуни Фархор хулосаи илмӣ баровард. Дар ин ҷо нахустмаданияти ориёӣ, бохтарӣ ва юнону бохтарӣ шакл гирифтааст. Дар ҳудуди ноҳия 33 ёдгории маъруфи давраҳои қадим мавҷуд аст, назири қалъаҳои Золи Зар, Пучқоқ, мавзеъҳои таърихии Чилтан, Шаҳртеппа, Мазортеппа, Макони Морон, Шоҳи Аҳтамҷон, Майдапата. Ёдгориҳои қадимтарин ба асрҳои санг мансубанд. Барқарорсозӣ, тарғибу тарвиҷ (реклама) ва ба тартиб даровардани онҳо, хусусан дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои ҷалби сайёҳон ва рушди иқтисодии ноҳия аҳамияти калон дорад.
Фархори қадим макони кишоварзону ҳунармандон будааст. Бештар ғаллаю сабзавоткорӣ ва чорводорӣ ривоҷ дошт. Бозёфтҳои зиёде аз рушди ҳунармандӣ дар асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд.
Сарфи назар аз ковишҳои зиёд, замини Фархор барои ҳафриёти ояндаи бостоншиносӣ майдони беохир аст. Дар бораи арзишҳои таърихию фарҳангии ноҳия қиссаю ривоятҳои куҳнаю нав зиёданд. Нақл аст, ки тракторчие то бевақтии шаб замин шудгор карда, ҳамон ҷо мехобад. Саҳар бедор шуда мебинад, ки трактораш тиллоӣ шудааст ва дар шуои офтоб ялт – ялт медурахшад. То ҳанӯз мардум ҳангоми кандани замин кӯзаю хум, ҳайкалчаю зеварҳои ороишӣ ва асбобҳои гуногуни рӯзғор меёбанд. Яъне, гузаштаи Фархор имкони хубест барои рушди имрӯзаи сайёҳии фарҳангию таърихӣ.
Роҳбарони шӯравӣ ба Фархор аз нигоҳи афзалияти кишоварзӣ менигаристанд. Ҳамин аст, ки ба рушди пахтаю шоликорӣ ва чорводорӣ таваҷҷуҳ бештар буд.
ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ФАРХОРРО ДИГАРГУН КАРД
Рушди ҳақиқии Фархор пас аз бадастомадани Истиқлолияти давлатӣ оғоз ёфт. Деҳқон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат соҳиби аслии замин шуд ва ба рӯёндани ҳосили баланд, истифодаи оқилонаи обу замин ҳавасманд гардид, иншооти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои хуштарҳи истиқоматию маъмурӣ қомат афрохтанд, зиндагии мардум дар пайи заҳмати созанда бакуллӣ тағйир пазируфт.
- Даъвати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматпешаи ноҳияро барои вусъат додани амалҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз ҳам зебою шукуфо намудани ин гӯшаи диёр бештар рӯҳбаланду дилгарм намуд. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори ноҳия корҳои бунёдкорию ободонӣ вусъат гирифтаанд. Хусусан, соҳибкорони ҳимматбаланд, барои ободонии диёр иқдомҳои наҷиби ватандӯстона зоҳир менамоянд, - гуфт Рустам Раҳматзода.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни бузурги миллӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 324 иншооти муҳими иҷтимою иқтисодӣ ва фарҳангиро ба нақша гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, дар пайи иқдомҳои нави созандагии соҳибкорон ва афроди хайрандеш шумораи иншооти ҷашнии бунёдёбанда пайваста меафзояд. Соли гузашта бунёду навсозии 51 иншооти муҳим ба анҷом расид. То соли 2021 дар доираи нақшаи тадбирҳои ҷашнӣ, аз ҷумла бунёди 11 мактаби замонавӣ барои 7480 хонанда, 56 синфхона барои 1400 ҷои нишаст, бинои таваллудхона, 15 корхонаи дӯзандагӣ ва даҳҳо муассисаҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ дар назар аст.
Давоми як сол – аз моҳи июли соли гузашта то июли соли равон бунёду навсозии 108 иншоот ба анҷом расида, корҳои сохтмонӣ дар 49 иншоот идома доранд. Танҳо дар 6 моҳи соли равон бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ 26 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
ҲИММАТИ СОҲИБКОРОН БАЛАНД АСТ
Дар ҷодаи созандагию ободонӣ ва зебо гардондани маҳали зист ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ сокинони ноҳия, хусусан соҳибкорон ва афроди саховатпеша, иқдомҳои наҷиби ватандӯстонаю ҳимматбаландӣ зоҳир менамоянд ва дар анҷом додани бунёдкориҳо ва амалҳои хайр бо ҳам сабқат мекунанд.
Бо эҳтимоми соҳибкорону афроди накуандеш ва тавассути ҳашарҳои дастаҷамъонаи сокинон 146,6 км роҳҳои шаҳраку деҳот ба маблағи 4 миллиону 763,5 ҳазор сомонӣ навсозӣ шуданд.
Танҳо дар Ҷамоати шаҳраки Фархор соҳибкорон Юсуфалӣ Ҷӯраев бунёди толори варзиш (маблағи сохтмон 1,5 миллион сомонӣ), Хуршед Нозимов бунёди бинои нави таълимии МТМУ № 2 (47 миллион), гурӯҳи соҳибкорон сохтмони корхонаи коркарди меваю сабзавот (1,2 миллион), Амон Ҳаётов маҷмааи савдои хизмат иборат аз кошонаи ҳусн, мағозаҳои атриёт ва молҳои рӯзгор, сартарошхона ва нонпазхона, Н. Умаров бунёди қаҳвахона, меҳмонхона, муассисаи томактабии хусусӣ ва мумфаршсозии 1 км роҳи кӯчаи С. Айнӣ, Шамолиддин Маҳмудов кандани чоҳи амудӣ ва сохтани маркази хизматрасонӣ, Фозил Сафаров бунёди маркази хизматрасонии компютерӣ, Хайриддин Тӯраев бунёди гармхонаи замонавӣ (800 ҳазор), Пайрави Акбарзод сохтани меҳмонхона ва коргоҳи дӯзандагиро бо харҷи 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ ва ободонию созандагиҳои дигарро ҳадафи амалҳои ватандӯстона ва туҳфа ба ҷашн қарор додаанд. Ҳамчунин, дар шаҳрак бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва иқдоми ҳамватанони бурунмарзӣ бинои 5 – ошёнаи истиқоматӣ бо маркази хизматрасонӣ (қариб 19 миллион сомонӣ), ду корхонаи дӯзандагӣ (маблағи умумӣ 3,4 миллион сомонӣ ва фарогирии 100 ҷои кор), бинои замонавии таълимӣ дар назди МТМУ № 3 (15 миллион сомонӣ), биноҳои маъмурии шуъбаю раёсатҳои Вазорати молия, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи андоз, Агентии назорати маводи нашъаовар ва иншооти дигари муҳими иҷтимоию иқтисодӣ бунёд меёбанд. Соҳибкор – ҳамватани бурунмарзӣ Диловар Муҳиддинов навсозии пурраи бозори марказиро ба уҳда гирифтааст.
Дар мавзеи Уртабузи деҳоти Деҳқонариқ бунёди корхонаи коркарди пахта аз тарафи соҳибкор Ҷамшед Сафаров ба итмом расид. Ғуломалӣ Бояков, Азизулло Валиев, Саймиддин Миров, Абдуалим Самиев, Суҳроб Маҳмудов, Одил Гардалиев, Шамсиддин Раҳимов аз деҳоти Ғайрат, Маҳмадшариф Каримов, Абдулвоҳид Касиров, Ҷамшед Муъминов аз деҳоти Фархор, Хайрулло ва Ҷамолиддин Рустамовҳо, Абдуғаффор ва Ҳамид Исмоиловҳо аз деҳоти Деҳқонариқ, Абдуллохон Шарифов, Меҳринисо Абирова, Неъмон Нуралиев аз деҳоти Ғалаба ва даҳҳо соҳибкорони дигар тавассути талошҳои созандагию ободонӣ дар байни мардум соҳибиззат шудаанд. Бо бунёди иншооти нақшаӣ беш аз 1000 ҷои нави кор таъсис меёбад ва яқин аст, ки симои шаҳраку деҳоти ноҳия зеботар мешавад.
ДАСТОВАРДҲО НАЗАРРАСАНД
Дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия дар бахшҳои истеҳсолию иҷтимоӣ тайи шаш моҳ гувоҳи талошҳои созанда ба нафъи мардум ва Ватани маҳбубанд. Нақшаи андоз барзиёд иҷро гардид. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ҷамъоварии андоз қариб 875 ҳазор сомонӣ, ҳаҷми гардиши савдои чакана 45% ва хизматрасонӣ 1,4% боло рафт. Маблағи истифодашудаи татбиқи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ 8,6 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба маблағи беш аз 7 миллиону 450 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмону васлгарӣ иҷро гардиданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 57,6 дарсад зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 39 миллиону 257,1 ҳазор ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 265 миллиону 245,1 ҳазор сомонӣ (6,4 % зиёд) расонда шуд. Дар 27879 гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла дар 9617 гектар пахта, кишт шуда, дар 155 гектар заминҳои корами лалмӣ ва талу теппаҳои бо намӣ таъмин боғи нав ва дар ду гектар токзори нав бунёд гардид. Албатта, ҷои шубҳа нест, ки бо бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолии дӯзандагӣ (15 корхона) масъалаи аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ бо либоси мактабӣ пурра таъмин кардани хонандагони ноҳия ҳалли ниҳоии худро меёбад, аммо рушди саноатӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз роҳбарони ноҳия бетаъхир андешидани тадбирҳои муассирро тақозо дорад, хосса дар манзари ҳадафи чоруми стратегии миллӣ қарор гирифтани саноатикунонии босуръати мамлакат.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, хусусан рушди саноат, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва бунёди иқтидорҳои нави саноатӣ, нақшаи тадбирҳои иловагиро тарҳрезӣ намуда, мавриди амалисозӣ қарор додааст. Боварӣ дорам, ки мардуми зафарпешаи Фархор дар пайи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати созанда ба дастовардҳои нав ноил гардида, Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамонро бо сари баланд истиқбол мегиранд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Рустам Раҳматзода.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2019 №: 178 Мутолиа карданд: 1261