logo

сиёсат

КОРХОНАИ НАВИ КОРКАРДИ САНГ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаи коркарди санг дар шаҳри Душанбе - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зиркон» ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи нав оғози расмӣ бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур дар миқёси мамлакат калонтарин корхонаи коркарди санг ба шумор рафта, аз шаш хати истеҳсолии муҷаҳҳаз бо техникаву таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосир иборат мебошад.
Масоҳати умумии корхона 4 гектарро ташкил дода, дар он беш аз 160 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти он, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар як сол зиёда аз 180 ҳазор метри мураббаъ сангро дар шаклҳои гуногун бо сатҳу сифати баланд коркард менамояд.
Мавриди зикр аст, ки ҳар хати истеҳсолӣ хусусиятҳои ба худ хос дорад ва аз якдигар фарқ мекунад.
Коркард ва истеҳсоли маҳсулоти сангӣ бо андоза ва намудҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд. Дар корхона барои буридани тахтасангҳои андозаашон гуногун, инчунин, таҷҳизоти махсус дар самти буридани сангҳои калонҳаҷм мавҷуданд, ки дар дигар корхонаҳои коркарди санги мамлакат ин гуна технология то ҳол мавҷуд нест.
Корҳои суфтакунию сайқалдиҳии санг, молидани ширеш ва хушк кардани он, андозагириву буридани маҳсулот, сутунпояву дастпояҳо, аз лиҳози бехатарӣ дуруст насб намудани фаскаҳо, шаклгириву андозагирӣ ҳангоми коркарди сангҳо, тарошидани андозаҳои қисми болоии санг, насби симтӯрҳо дар пушти санг бо мақсади мустаҳкам будан ҳангоми интиқол, тарошидани дилхоҳ шакли меъморӣ ва кандакории сутунҳо дар корхона тавассути дастгоҳҳо ба таври автоматӣ иҷро карда мешаванд.
Корхонаи нави коркарди санг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 55 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармояи мустақим бунёд гардидааст.
Аснои шиносоии Сарвари давлат гуфта шуд, ки дар корхона зиёда аз 20 намуди санг коркард шуда, дар як вақт имкон аст, бештар аз 50 намуд маҳсулоти сангӣ истеҳсол шавад. Аз ҷумла, сангҳои ороишӣ, лавҳаҳои мармарӣ бо андозаҳои гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, зертахтаи роғҳои байни фарш ва девор, сафолакҳои сангин, зинаҳо, зерпоя, сабадҳои ҳархела, лавҳи хӯрокпазӣ, зертахтаҳои тиреза, ҳайкалҳо, шипангчаҳо, оташдонҳо, сутунҳои калонҳаҷми гуногуншакл бо нақшу нигори миллӣ ва дигар намуди маҳсулоти сангӣ дар шаклҳои муосири санъати меъморӣ истеҳсол мешаванд.
Инчунин, дар корхона коргоҳи истеҳсоли сафолак мавҷуд аст, ки бо андоза, қолаб ва рангҳои гуногуни ороишоти миллӣ ва аврупоӣ, мувофиқ ба завқу салиқа ва фармоиши мизоҷон истеҳсол мешавад. Коргоҳи мазкур бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири олмонӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки имкон дорад дар як шабонарӯз аз 200 то 250 метри мураббаъ сафолак истеҳсол намояд.
Ба ғайр аз ин, дар коргоҳ истеҳсоли ду намуд девори ҳимоявӣ барои канори роҳ бо иқтидори зиёда аз 900 метри мураббаъ дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар корхонаи нави коркарди санг зиёда аз 40 номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосир васлу насб гардидаанд. Ин дастгоҳҳо бо низоми идоракунии барномавии рақамӣ муҷаҳҳаз буда, дар дилхоҳ шакл нақшҳоро болои санг қолабгирӣ, ороиш ва тасвир менамоянд. Бо ҳамин усул маҳсулот ба маводи дилкаш табдил меёбад.
То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин технология танҳо барои ороиш дар рӯи чӯбу тахта мавҷуд буд. Акнун бо таъсиси ин корхона бо истифода аз техника ва технологияи баландсифати замонавӣ ороиш дар рӯи санг низ имконпазир гардид, ки талаботи имрӯзаи бозори масолеҳи сохтмониро метавонад қонеъ гардонад.
Бештари техникаҳои насбшуда ҳангоми буриш ва ороиши санг бо об кор мекунанд. Бо назардошти ин дар корхона пойгоҳи махсуси обрасонӣ бо ғунҷоиши 1200 метри мукааб сохта шудааст, ки баъд аз полоиш тавассути пойгоҳҳои обкаш об гардиш хӯрда, дубора ба дастгоҳҳо интиқол дода мешавад.
Ба ақидаи мутахассисон, пойгоҳи махсуси обрасонӣ аз лиҳози экологӣ ба муҳити атроф таъсири манфӣ намерасонад. Заминаи асосии фаъолияти корхонаро сангҳои табиии кишвар ташкил медиҳанд.
Сангҳо аз захираҳои табиии мамлакат, ки дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Шаҳристон, Рӯдакӣ, Ванҷ ва Варзоб мавҷуданд, тавассути воситаҳои нақлиёти боркаш оварда мешаванд.
Тибқи тадқиқоти иктишофию геологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, сангҳои мармар, ки аз конҳои кишвари азизамон истихроҷ мешаванд, дар олам ба гурӯҳи сангҳои нодир шомил мебошанд ва аз лиҳози сифат  навъи аъло дониста мешаванд. Ин сангҳо дар радифи дигар сангҳои маъруфи ҷаҳон шуҳрати воло доранд.
Бояд гуфт, ки корҳои истихроҷи санг дар конҳои мамлакат тариқи технологияи ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти корхона аз рӯи сифати рангу ороиш бо истеҳсолоти кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ба монанди Италия, Финляндия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия, Ҳиндустон ва дигар мамолики олам  рақобатпазир аст.
Маҳсулоти корхона аллакай талабгорони худро пайдо намуда, он ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон ва Қатар содирот карда мешавад.
Ба ақидаи мутахассисон, бунёди чунин корхона дар саноати кӯҳкорӣ ва истифодаи захираҳои табиии кишвар барои рушди соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу технологияи муосир ба бунёдгузорони корхонаи истеҳсолӣ изҳори сипос намуда, барои истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои табиии мамлакат дар самти истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 1014
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед