иқтисод
НБО «РОҒУН». БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК
Дар ин рӯзҳои фараҳбахшу хотирмон қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар пур аз ифтихору сарбаландист. Рӯйдоди беназири ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд.
Ба истифода дода шудани чархаи дуюми НБО «Роғун» натиҷаи файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, тафаккури созанда, ояндабинона ва иродаи қавии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва меҳвари ҳадафи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро шукуфоии мамлакат ва сарсабзии ҳаёти мардум ташкил медиҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон барои сохтмони НБО «Роғун» тафаккури мардумро бедор намуданд. Мо бовар дорем, ки Тоҷикистон бо ин қадами ҷиддӣ истиқлолияти комили энергетикиро ба даст меорад. Бо бунёди НБО «Роғун» ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд. Ва дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ бори дигар ба ҷаҳониён аз қудрат ва рисолати созандагии азалии хеш дарак дод. Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани «Роғун» корнамоиҳо нишон доданд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди «Роғун» барои ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мо, мардуми сарбаланди тоҷик, аз Сарвари хеш ифтихор дорем, мекӯшем, то ба боварии он кас содиқ бошем, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Зеро бо заҳматҳои шабонарӯзии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои муаззами миллат ва мардуми баору номуси тоҷик, ҷумҳурии мо ба яке аз мамлакатҳои тараққикардаи индустриалӣ - аграрӣ табдил меёбад ва тамоми мақсадҳои Сарвари давлат, Ҳукумат ва орзую умеди мардум амалӣ мегарданд.
А. БЕРДИШУКУРОВ, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДХ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2019 №: 179 Мутолиа карданд: 1095