logo

иқтисод

ЧАРО ҲОҶӢ ҚАРОРИ СУДРО ИҶРО НАМЕКУНАД?

«11 августи соли 2016, тахминан, соати 13 доду фарёди занамро шунида, ҷаҳида аз хона баромадам. Доду войи ӯ, ҳатто, тамоми деҳаро ба по хезонда буд. Берун баромада, дидам, ки анҷомхонаам дар алангаи оташ қарор дорад. Анҷомхона, тахтаву каҳдон ва дигар чизу чораамон ба коми оташ рафт. Оташ аз беэҳтиётии зани ҳамсоя Гулаева Хайринисо сар зада буд. Ошхонааш, ки дар шафати хонаи ман қарор дошт, оташ гирифта, алангаи он ба анҷомхонаи мо низ часпидааст.

Ҳамсоя ҳоҷӣ Маматқул Гулаев аз пардохти зарари расондааш даст кашид. Аз ноилоҷӣ ба суд муроҷиат намудам. Суд аз 10 майи соли 2017 ҳалнома бароварда, ҳамсояро вазифадор кард, ки товони зарари расондаашро - 24 704 сомонӣ (ҷамъ бо хароҷоти судӣ 25154 сомонӣ) ба ман пардозад, дар ҳоле ки маблағи зарар беш аз 30 ҳазор сомониро ташкил медод. Албатта, шикояти кассатсионии М. Гулаевро суд ба назар нагирифт. Аммо ҳамсояам то ҳол додани пулро кашол медиҳад. Ҳарчанд имкони дар як соат пардохт кардани онро дорад.
Ман маъюби гурӯҳи дуюм ва фарзандам маъюби гурӯҳи сеюм аст ва ба маблағи мазкур эҳтиёҷ дорам. Аммо ҳоҷӣ Маматқул мегӯяд, ки «ман ҳар моҳ 150 сомонӣ медиҳаму халос». Агар ҳоҷӣ ҳар моҳ 150 сомонӣ додан гирад, пас бо ин роҳ пардохти товонро тӯли 14 сол давом додан мехоҳад? Магар ин аз рӯи инсофу адолат аст? Анҷомхонаи ман бояд 14 сол зери барфу борон монад?». Чунин навишта буд Сафар Сафаров, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён, кӯчаи Қарахон Сардоров, хонаи 9, дар гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзнома, 16 феврали соли 2018, №36 дар матлаби «Чаро ҳоҷӣ қарори судро иҷро намекунад?».
Аз ҷониби Суди Олӣ низ ба рӯзнома 6 феврали соли 2019 ба матлаби мазкур ҷавоб омада буд, ки дар саҳифаи рӯзнома (№28) чоп шуд. Аммо пас аз нашри он низ мушкили ҷабрдида ҳалношуда боқӣ монд. Хулоса, ҳамсояҳо баъди он низ оштӣ нашуданд. Баръакс, баҳси онҳо шадидтар гардид. Ҳамин тавр, Сафар Сафаров пас аз беэътиноӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд бори дигар ба рӯзнома бо шикоят омад. Ӯ мегӯяд, ки ҳар рӯз дучори фишору тазйиқ мешаваду касеро парвое нест. Маматқул Гулаев бори дигар ҳолатҳои бехатарии сӯхторро риоя накарда, дар ҳавлиаш дудмон монда, самташро боз ба сӯи хонаи ӯ кардааст.
Инчунин, Сафаров ҳуҷҷатҳои хонаашро дуруст намуда, имзои дигар ҳамсояҳоро низ гирифтааст, аммо розигии ҳамсояи дар ба дараш то андозае мушкилаш афтодааст, ки имзогузоштагони қаблӣ дар бало монданд. Ҳоҷӣ ҳамсояҳои имзогузоштаро таҳдид намудааст, ки Сафаровро дастгирӣ накунанд. Ҳатто, тавре зимни суҳбат бо ҳоҷӣ шоҳид шудем, воқеан ҳам, ӯ намегузоштааст касе бо ҳамсояи ҷабрдидааш ҳамсоягӣ кунад ва боз ӯро таҳқир низ мекардааст.
Муаллиф ин ҷо нақши миёнарав барои оштӣ кунондани ҳамсояҳоро иҷро мекард. Аз ин рӯ, ба Рустам Акрамзода, раиси ноҳия, дар тамос шуда, масъаларо бори дигар фаҳмондам. Раис барои вохӯрӣ мусоидат намуд. Баъди бори дигар вохӯрдан ҳам маълум шуд, ки ҳоҷӣ якравӣ намуда, бо ҳамсояи худ ин масъаларо то сатҳи ҷумҳуриявӣ баровардааст. Шояд инро худаш мехоста бошад, ки гуфт: «Журналист, як бори дигар дар бораи ман нависӣ, машҳур мешавам».
Ҳоҷии «машҳур» ба қарори суд бовар накарда, онро муғризона ва ноодилона мепиндорад. Ба андешаи ӯ, гӯё товони зарар камтар аст. Гӯё Сафаров судро «харидааст», ки ҳаҷми зарарро барзиёд навиштаанд, аз ин рӯ, мехоҳад пардохти онро кашол диҳад. Ӯ иқрор шуд, ки метавонад ҳоло маблағи зарари расондаро дар ҳузури намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия пардозад, аммо инро намехоҳад. Гӯё бо ин тарз ҳамсояи худро ҷазо медиҳад.
Ӯ бо ғурури ноҷои худ ба ҳоли ҳамсоя ва намояндагони мақомот механдад. Ҳатто ба намояндагони суд низ. Ҳоҷӣ Маматқул бо ин роҳ барқасдона мехоҳад, ки пардохти товонро кашол диҳад. Ӯ бо ҷипи Ландкрузер мегардад. Хонае, ки зиндагӣ мекунад, мисли қаср аст. Соҳиби ҳафт фарзанди солим буда, яктоаш метавонистааст, ки ҳамин маблағро дар як соат пардозад, аммо… Шояд хароҷоти сӯзишвории якрӯзааш, пардохти якмоҳаи товони зарари расондааш бошад. Аммо ӯ мегӯяд, ки имкони пардохти онро надорад.
- Азбаски Маматқул Гулаев иҷрои қарори суд ва пардохти маблағи зарари ба ман расондаашро кашол медиҳад, бори дигар ба рӯзнома муроҷиат намудам. Бигзор хонандаи закӣ андеша кунад, ки рафтори як ҳоҷие, ки тавофи хонаи Худоро намуда, аз дину диёнат огоҳ аст, нисбат ба як маъюби зарардида ба кадом равиши инсонӣ ва фармудаи мусулмонӣ рост меояд? - гуфт Сафар Сафаров.

Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 1212
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед