logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Файзобод ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлатро сокинони касбу кори гуногун бо самимияти хосса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд. Барномаи рангини консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бозгӯкунандаи меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми Файзобод нисбат ба Пешвои муаззами миллат мебошад, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва бисёр ҷолибу диданӣ баргузор шуд.Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Файзобод ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо сокинон ва шинос шудан бо вазъи зиндагии онҳо мебошад.

Боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон ва ниҳолхонаи хоҷагии деҳқонии "Хайриддин"
Дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Файзобод дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонию инфиродӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва сокинони меҳнатдӯсти ноҳия маҳсули меҳнати хешро ба маъраз гузоштанд. Раста ва манораҳои пур, фаровонии маҳсулот, ҳосили зироати ғалладонагиҳо, сабзавот, полизиҳо, картошка, мевагиҳо ва дигар номгӯи ҳосили зироати кишоварзӣ дар ин намоишгоҳ самараи меҳнати пайваста, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз ҷониби хоҷагидорони ноҳияи Файзобод мебошад.
Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки соли равон аз ҷониби кишоварзони ноҳия дар масоҳати қариб 7 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар майдони 2500 ғалладонагиҳо, 700 сабзавот, 820 картошка, 1000 гектар зироати техникӣ ва, инчунин, кишти зироати хӯроки чорво гузаронда шудааст.
Баъди ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладонагӣ, картошка ва сабзавоту полизӣ кишоварзон дар майдони 83 гектар кишти такрорӣ гузарондаанд. Тибқи нишондоди масъулони соҳа майдони боғу токзор 5970 гектар мебошад, ки аз ин 4500 гектараш боғи себ аст. Танҳо давоми 2 соли охир дар ноҳия наздики 650 гектар боғи нав бунёд шудааст.
Пешвои миллат ба себи Файзобод, ки аз лиҳози таъм назир надорад, таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои истифодаи самараноки имконоти мавҷуда, боз ҳам зиёд намудани масоҳати себзор, дар ин замина таъмини бозори дохилӣ бо себи хушсифт ва афзоиши ҳаҷми содироти он ба хориҷи кишвар масъулонро вазифадор карданд. Дар Файзобод, ки барои боғпарварӣ иқлими мусоид мавҷуд мебошад, беш аз 10 навъи себ парвариш меёбад.
Дар намоишгоҳ сокинони ноҳия ҳама намуди ҳосили зироати кишоварзиро ба маъраз гузоштанд ва фаровонию сифатнокии маҳсулот аз меҳнати пайвастаи мардуми меҳнатдӯсти ин минтақаи хушбоду ҳавои мамлакат маънидод гардид.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳолхонаи навбунёди хоҷагии ниҳолпарварии "Хайриддин" дидан намуданд. Ба иттилои хоҷагидорон дар ин ниҳолхона, ки майдони 1,5 гектарро ташкил медиҳад, 20 ҳазор бех ниҳоли дарахти 4 - солаи ороишӣ шинонда шудааст. Ниҳоли дарахтони ороишии мажавелик, санавбари элдарӣ, сарви шарқӣ ва сарвинози аризониро хоҷагидорон аз шаҳри Ваҳдат дастрас намудаанд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо 5 ҳазор бех ниҳоли дарахти мевадиҳандаи 2 - сола, аз қабили себ, олу, олучаи пайвандӣ, гелос ва ғайра парвариш карда мешавад. Мақсад аз таъсиси ниҳолхона дар ин мавзеъ таъмин намудани ноҳия бо ниҳоли дарахтони ороишӣ ва, инчунин, хоҷагиҳои боғпарвари кишвар бо ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошад.
Хоҷагии ниҳолпарварии "Хайриддин" дорои боз 0,5 гектар замин мебошад, ки дар 0,25 садяки он ҷуворимакка барои дон ва дар боқимонда картошкаву помидору нахӯд кишт гардидаанд. Баъди ҷамъоварии ҳосили картошка ва нахӯд хоҷагидорон дар ин ҷо мош кишт намудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашъунамои ниҳол ва навъҳои гуногуни зироати кишоварзиро дар хоҷагии деҳқонии "Хайриддин" мувофиқи матлаб дониста, масъулонро барои васеъ намудани масоҳати ниҳолхона ва зиёд кардани номгӯи ниҳоли дарахтони ороишию мевадиҳанда ҳидоят намуданд.

Ба истифода додани 2 майдончаи варзиш ва маркази хизматрасонӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод, дар маркази ноҳия ду майдончаи варзиш ва маркази хизматрасониро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти варзишӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ҷамшед Ғаффоров бунёд гардида, аз ду майдончаи универсалӣ ва ҳуҷраҳои ивази либос, мағоза ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Атрофи иншоотро дарахтони сояафкану ҳамешасабз зинат бахшидааст. Дарозӣ ва паҳноии ҳар як майдонча 40 ба 20 метр буда, он тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар деҳот ва маркази ноҳияи Файзобод айни замон беш аз 70 майдончаи варзиш ва  30 толори машқу тамрин фаъолият менамояд. Маҳз ҳамин шароити созгор сабаб шудааст, ки дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ беҳтар мегардад.
Дар шафати иншооти варзишӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маркази хизматрасониро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.
Иншооти мазкур ба пешвози 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар маҷмӯъ, беш аз 35 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки ҳар иншоот аз 4 ошёнаи бисёрфунксионалӣ иборат буда, қабати якуми биноҳо аз марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр, толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн, иборат мебошад. Қабатҳои болоии бино ҳамчун хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидаанд. 
Корҳои созандагӣ дар иншооти номбурда дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфта, беш аз 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ аз ҳисоби мутахассисону меъморони ботаҷриба ба кор ҷалб гардид.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ба василаи чунин марказҳои хизматрасонӣ, метавон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин самт мусоидат намуд.
Тибқи иттилои масъулон, дар ноҳияи Файзобод то истиқболи сазовори Ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 500 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст. Ин бунёдкориҳо дар навбати худ, ба таъмини беҳтари аҳолӣ бо ҷойи кор ва маош  мусоидат хоҳанд кард.

Гузоштани санги асос барои бунёди бинои шуъбаи маориф
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.
Мувофиқи лоиҳа бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод сеошёна буда, он бо дарназардошти набудани шароити мувофиқу муосири фаъолият барои кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта мешавад. Дар бино ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 80 ҷой ва ҳуҷраҳои хоб ҷой мегиранд.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод қитъаи замин дар масоҳати 0,30 га ҷудо шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба масъулон ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки рушди бонизоми соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Дар маркази ноҳияи Файзобод сохтани бинои нави шуъбаи маориф аз дастгириву таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва муҳайё кардани шароити муосир шаҳодат медиҳад. Бо сохта ба истифода додани бинои нави шуъбаи маориф дар оянда барои кормандон шароити созгори фаъолият фароҳам оварда мешавад ва ин омил дар пешрафти кори соҳа заминаи мусоид мегузорад.

Гузоштани гулчанбар дар назди Нишони давлатӣ
Дар маркази ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод гулгашти зебою замонавӣ сохта шуда, Нишону Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ қомат афрохтаанд.
Бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия аз таърихи пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва эҳсоси баланди ватандориву худшиносии ҳар фарди шарафманд ва бонанги ноҳияро бедор месозад.
Ҷиҳати ободу зебо гардондани маркази ноҳия ва ба макони дилписанд барои сайругашти сокинон табдил додани гулгашт дар роҳравҳо, гирду атроф ва назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои ҳамешасабз шинонда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ аз гулгашт ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ба шаҳраки зебою замонавӣ табдил додани маркази ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказ ва деҳоти ноҳияи Файзобод ободу зебо гардида, бо бунёд ёфтани биноҳои баландошёна ва дигар иншооти маъмурию маишӣ маркази ноҳия ба шаҳраки замонавӣ табдил гардидааст.
Ҳамарӯза сокинони ноҳия ба сайругашт баромада, шомгоҳон дар фазои орому осудаи кишвар истироҳат менамоянд.

Боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои истеҳсолӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод аз намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои истеҳсолӣ боздид намуданд.
Дастовардҳои аҳли заҳмат имсол дар ҳама бахшу соҳаҳо, аз ҷумла боғдорӣ, зироаткорию сабзавоткорӣ, чорводориву парандапарварӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти тарутозаи табиӣ, назаррас буда, деҳқонони асил бо тавлиди маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза дар ғанӣ гардидани бозори истеъмолӣ ва фаровонии дастархони сокинони ноҳия ва ҷумҳурӣ саҳми босазо доранд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии 22 миллиону 258 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карда, барои фурӯш ба бозори истеъмолӣ пешниҳод намудаанд.
Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Файзобод Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону хоҷагидорон дар самти истифодаи босамари замин, истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ватанӣ, ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва коркарди он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод дар баробари ҳифзи олами бойи ҳайвоноту набототи нодир, инчунин, дар самти бунёд, барқарорсозӣ ва нигоҳубини ҷангалзор фаъолияти назаррас дошта, дар намоишгоҳ дастовардҳои худро пешниҳод намуданд. Гӯшаи дастовардҳои ин муассисаро намунаҳо аз меваҳои тухмдору донакдор, хушкмева, чормағз, бодоми талх, хуч, ғалладонагиҳо ва гиёҳҳои шифобахш дар бар мегирад. Кормандони муассиса дар мавсими имсола 300 кило гулу гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ кардаанд.
Дар ноҳия дар баробари рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ парвариши занбӯри асал низ васеъ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли асал нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб боло меравад. Дар ҳашт моҳи соли равон аз 7 ҳазору 705 оилаи занбӯри асал 62 тонна маҳсулоти тозаи табиӣ истеҳсол гардидааст. Яке аз хоҷагиҳои занбӯриасалпарвари ноҳия Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳоҷӣ Шариф” мебошад, ки соли 2004 таъсис ёфтааст ва танҳо тӯли ду соли охир 12 тонна асали хушсифат истеҳсол кардааст.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулчаю қалама, чапотӣ, фатири гардхел, чор навъи нони армуғонӣ ва дигар намуди маҳсулоти нонӣ, пешниҳод гардид, ки намуна аз ҳунару маҳорати баланди кадбонуҳои заҳматпешаи ноҳияи Файзобод мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ бо дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Файзобод шинос гардида, барои афзудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон ба сокинони меҳнатқарини ноҳия ҳидоятҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи толори варзиш
Пас аз шиносоӣ аз намоишгоҳи дастовардҳо ва ҳунарҳои мардумӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори варзишро, ки дар маркази Файзобод бунёд гардидааст, ифтитоҳ карданд.
Дар назди толори варзишии навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманду сарфарози ноҳия бо рӯҳияи болидаву самимияти беандоза ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззаму маҳбуби худ истиқбол гирифтанд.
Дар рафти шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки толори варзиш зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва, асосан, барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.
Иншоот бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
 Дар толори варзиш ду ҳуҷраи барҳавои ивази либос, ду ҳаммом бо ҷойгиршавии 6 нуқтаи оббозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд. Бо мақсади таъмини гармӣ дар мавсими сармо дохили иншоот пурра бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи неруи барқ фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз мебошад.
Ҳамчунин, шабакаи ҳавотозакунӣ васлу насб гардидааст, ки барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили толор нақши муҳим мебозад. Толор дар шафати варзишгоҳи марказии ноҳия бунёд шуда, масоҳати умумии бино 957,3 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар самти ободу зебо ва хуррамгардонӣ саҳн ва атрофи иншоот кабудизор буда, гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шудаанд. Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни толори варзиш 8 адад камераи назоратӣ насб гардидааст.
Бо бунёд шудани иншооти замонавии солимгардонӣ шароити арзанда барои баргузор кардани мусобиқаҳои варзишӣ фароҳам гардид. Акнун наврасону ҷавонони ноҳия имкон доранд, ки дар вақтҳои озод аз омӯзиши барномаҳои таълимӣ ба машқу тамрин машғул шаванд ва аз имконияти муҳайёгардида босамар истифода баранд.
Ҳадаф аз бунёди чунин толорҳои муосири варзишӣ дар миқёси мамлакат бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад.
 

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи сафари корӣ, дар ноҳияи Файзобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, муассиса дар деҳаи Саричашмаи деҳоти "Ҷавонон" аз ҷониби оилаи Худоёрзодаҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ дар давоми 1 сол бунёд гардида, якошёна ва дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.
Дар муассисаи таълимӣ, бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таҳсилот, нуҳ синфхона (забонҳои русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия) бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Илова ба ин, дар дохили муассисаи таълимӣ барои кӯдакони аз 5 то 7 - сола маркази инкишофи кӯдак таъсис ёфтааст, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 32 нафар, аз ҷумла 22 зан, бо ҷойи кор таъмин гашт.
Иттилоъ дода шуд, ки барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳудуди иншоот майдончаи бозии футбол ва волейбол бунёд ёфт. Ҳамчунин, дар шафати майдонча барои машқу тамрини хонандагон бо насби лавозимоти варзишӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ин, хонандагони синфҳои болоӣ имконият пайдо карданд, ки дар ҷойи муносиб дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ иштирок намоянд.
Зимни боздид, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳияи Файзобод арзёбӣ карданд. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи насли ояндасози кишвар ва рушди соҳаи маориф саҳми арзанда гузоранд.
Бо хотири зебо намудани муассиса, дар гирду атрофи он дарахтони ороишиву сояафкан ва 3 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонда шуд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон ва маъюбон
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбони ноҳия мулоқот намуда, аз ҳоли онҳо пурсон шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, наврасону ҷавонони бо амри тақдир аз падару модар маҳрумгаштаро ба муносибати 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ ва ободу зебо кардани ин сарзамин ҳидоят намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 32  ятими нуҳ ҷамоати ноҳияи Файзобод туҳфаҳои идона тақдим карданд. Ин иқдоми башардӯстонаи Роҳбари ғамхору дилсӯзи миллат боиси шодиву хурсандии наврасон гардид.
Инчунин, дар фазои тантанавӣ ба ду маъюб аз оилаҳои камбизоат калиди хона супурда шуд. Хонаҳои истиқоматӣ, ки дуҳуҷрагианд, бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки ноҳияи Файзобод сохта шуда, дорои беҳтарин шароити зиндагӣ мебошанд.
Дар ҳузури Роҳбари давлат ақди никоҳи ҷуфти ҷавон, ки як нафараш ятим мебошад, ба расмият дароварда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои тантанавӣ ба ҷавонони хушбахт шаҳодатномаи ақди никоҳ супурда, ба онҳо зиндагии хушу пурсаодат орзу карданд.
Дар охир Пешвои муаззами миллат аз ятимону маъюбон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм шаванд ва бо касбу ҳунари худ фарди ватандӯсту ватандор гарданд.
Тӯли бисту ҳашт соли Истиқлолияти давлатӣ ятимону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошта, барои беш аз пеш беҳтар шудани зиндагии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Дар ин рӯз, ҳамчунин, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 300 оилаи ноҳияи Файзобод кумаки моддӣ расонда шуд.

Ба истифода додани бинои Хадамоти давлатии оташнишонӣ
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод дар фазои тантанавӣ бинои Хадамоти давлатии оташнишониро ба истифода доданд.
Иншоот дуошёна буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо сифати баланд ба ифтихори истиқболи шоиста аз 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуд.
Бояд гуфт, ки рафтуомади бемамонияти кормандон ва ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёти мутааллиқ ба сохтор ба инобат гирифта шуда, саҳни бино пурра асфалтпӯш гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар бино, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки он дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳи барҳаво барои 35 ҷои нишаст, ошхона, синфхонаи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаҳои таълимӣ ва мошинсарой (барои се нақлиёти оташнишонӣ) мебошад.
Дар ҳуҷраи алоқа харита ва муҳимтарин воситаҳо насб шудаанд, ки фаъолияти ниҳодро дар самти пешгирӣ ва ҳарчи зудтар бартараф намудани ҳолатҳои сӯхтор беҳтар менамояд. Феълан дар Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар баробари таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ ва либосҳои корӣ, инчунин, 2 воситаи нақлиётӣ мавҷуд мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам хубтар роҳандозӣ намудани фаъолияти корӣ ба кормандони хадамот як воситаи нақлиёти оташнишонии ҳозиразамон тақдим намуданд.
Ҳайати шахсӣ ва роҳбарикунанда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва андешидани тадбирҳои судманд дар самти беҳбуд бахшидани кори соҳа изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки дар ҳама вазъу ҳолат ба нафъи миллату ҷомеа хизмати содиқонаву софдилона хоҳанд кард.

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Файзобод
20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, бо фаъолону сокинони ноҳияи Файзобод мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, ба онҳо барои пазироии гарм ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат бо таҳлили вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъкид доштанд, ки бо дастгирии давлату Ҳукумат, заҳмати мардуми шарафманди ноҳия ва саъю кӯшиши соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гашта, симои ноҳияи Файзобод дигаргун ва садҳо ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар дар доираи ривоҷу равнақ бахшидани минтақаҳои мамлакат бо мақсади таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Файзобод давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 445 миллион сомонӣ равона кардааст. Илова бар ин, дар доираи панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ вазъи инфрасохтори ноҳия беҳтар гашт.
Баҳри таъмини тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016 - 2020 бо фарогирии 158 лоиҳа ба маблағи 269 миллион сомонӣ, қабул гардид.
Дар ноҳия, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, бояд 352 иншоот сохта ва азнавсозӣ шавад. То имрӯз 117 иншооту бино бунёд ёфта, беш аз 8 километр роҳҳои дохилӣ таъмиру барқарор ва 6 километр хати интиқоли оби нӯшокӣ кашида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда масъалаи таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмониро баррасӣ карда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон тавсеа бахшанд.
Супоришҳои дигар ба роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳаҳои маорифу тандурустӣ бобати беҳтар кардани шароити хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дода шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумат, амалисозии барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои дар нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нишондодашуда, боиси рушду пешрафти ноҳия, таъсиси ҳазорҳо ҷои кор ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Баъди суханронии Пешвои миллат намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия баромад карда, ба Сарвари давлат барои тадбирҳои созанда изҳори сипос намуданд.

Гузоштани санги асос барои бунёди шаҳраки Сомониён
20 сентябр дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди шаҳраки Сомониён санги асос гузоштанд.
Нахуст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи лоиҳаи сохтмони шаҳраки муосир шинос шуданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои бунёди шаҳраки замонавӣ 30 гектар замин ҷудо шудааст ва дар он барои 65 оила манзилҳои истиқоматӣ ва тамоми инфрасохтори зарурӣ сохта мешавад.
Лоиҳаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “МК Иншоот” Манучеҳр Каримзода амалӣ мегардад.
Дар ин ҷо майдончаи варзиш барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, мактаб барои хонандагони лаёқатманд бо 520 ҷой дар ду баст, боғчаи кӯдакона барои 200 нафар, толори варзиш бо 300 ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ, гулгашт, ҳавзҳои шиноварӣ, идораҳои маъмурӣ, маркази ҷамъиятии маҳаллӣ, коргоҳҳои хурди саноатӣ, корхонаҳои ҳунарҳои мардумӣ, маркази савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд.
Аз рӯи иттилои соҳибкорон, дар рафти сохтмони шаҳрак беш аз 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Барои бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва дар асоси нақшаи генералии ноҳияи Файзобод бунёд кардани шаҳрак, лоиҳа аз тарафи мутахассисони ботаҷриба ва лоиҳасозони ҷумҳурӣ тарҳрезӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки барои сохтмони иншооти шаҳраки Сомониён соҳибкорони ватандӯсти ноҳия дастаҷамъона камари ҳиммат мебанданд. Бунёди шаҳрак барои соҳибкорон имконоти васеъро фароҳам овардааст ва онҳо метавонанд баҳри ташкили дилхоҳ маркази тиҷоратию хизматрасонӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ аз он самаранок истифода баранд.
Амалӣ шудани лоиҳаи бунёди шаҳраки Сомониён дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) ва истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин иқдом аст, зеро ин тадбир барои ободонии як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дигар иқдомҳои созандаи Ҳукумати кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Каримзода дар ноҳияи Файзобод, ҳамчунин, сохтмони як варзишгоҳи замонавӣ оғоз гардид, ки барои рушди соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ва гузоштани санги асос ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода, ба онҳо дар роҳи татбиқи ин ҳадаф барору комёбиҳо орзу карданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2019    №: 180 - 181    Мутолиа карданд: 1053
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед