logo

иқтисод

«ХАТЛОН. БЕФАЪОЛИЯТИИ КОРХОНАҲО СОҲАИ САНОАТРО ҚАФО МЕКАШАД!!!»

Матлаби «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро қафо мекашад!!!», ки 19 июни соли 2019 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст, дар ҷаласаи васеи назди раиси ноҳия бо иштироки муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва масъулони соҳа  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Бо мақсади иҷрои саривақтии дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди иқтидорҳои нави саноатӣ ва ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда  нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҳия гардида, дар доираи он тадбирҳои муассир роҳандозӣ мешаванд.
Дар натиҷаи фаъолияти бонизоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарону масъулони соҳа ва сохторҳои дигари ноҳиявӣ дар муқоиса ба шашмоҳаи аввали соли гузашта ҳаҷми коркарди маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла намаки ошӣ 67,3, нахи пахта 86,8, равғани рустанӣ 83,1 дарсад, зиёд гардид. Истеҳсоли сангреза бошад, ба 23689,4 ҳазор метри мукааб расонда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14835,2 ҳазор метри мукааб ё 1,6 баробар зиёд аст. Дар ин муддат аз 63 корхонаи саноатӣ 26 корхона фаъолият дошт. Аз шумораи умумии корхонаҳо 7 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намуда, 37 корхонаи дигар фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда натавонист. Сабаби асосӣ дар он аст, ки ин корхонаҳо мавсимӣ буда, асосан, ба коркарди пахта машғул мебошанд ва айни ҳол аксари онҳо баъди қабули маҳсулот ба фаъолият оғоз намудаанд.
Дар маҷмӯъ, корхонаҳои саноатии ноҳия якҷо бо бахши хусусӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 41 миллиону 741 ҳазор сомонӣ расондаанд ва суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия талош меварзад, ки минбаъд низ барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, хусусан татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, тадбирҳои самарабахш таҳия ва роҳандозӣ намояд.
Б. ОДИНАЗОДА,  раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2019    №: 180    Мутолиа карданд: 790
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед