иқтисод
НОРАК. ШУҒЛИ АҲОЛӢ - ДАР МАДДИ АВВАЛ
Тайи ҳашт моҳи соли равон ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Норак барои пайдо намудани ҷойи кор 2414 нафар муроҷиат карда, 943 кас, аз ҷумла 494 зан, бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин гардид.
Тавре сардори шуъба Фирӯз Ғафуров дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, мувофиқи талаботи бозори меҳнат аз ҳисоби корҷӯён 215 кас ба омӯзиши нозукиҳои қолинбофӣ, барқчӣ, қӯроқдӯзӣ, дӯзандагӣ, бурандагӣ, зардӯзӣ, кафшергарӣ, қаннодӣ ва касбҳои дигар ҷалб шуда, тариқи худмаблағгузорӣ беш аз 500 нафар соҳибкасб гардид. Ҳамчунин, 126 нафар, аз ҷумла аскарони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта ва шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда, ба маблағи 78 ҳазору 800 сомонӣ кумакпулии яквақта гирифтанд.
Талаботи бозори меҳнат ва номгӯи корҳои ҷамъиятиро омӯхта, дар асоси шартномаи тарафайн 56 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гашт. Ба 25 шаҳрванд барои пешбурди соҳибкорӣ ба маблағи беш аз 75 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шуд ва онҳо айни замон дар соҳаҳои чорводорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳо фаъолият доранд.
Дар ҳашт ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 24 корхонаю муассисаи давлатӣ ва хоҷагиҳо ба корҷӯён 354 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2019 №: 180 Мутолиа карданд: 1956