иқтисод
МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТЕКСТИЛЛЕГПРОМ»
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» - бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 17 сентябр дар шаҳри Москва – пойтахти Федератсияи Россия ифтитоҳ ёфт, Тоҷикистонро корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии «Ваҳдат», «Лиман», «Раҳимов А.А.», «Файзи истиқлол» ва «ХИМА-Текстил» намояндагӣ мекунанд.
Павилйони Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», асосан, дастовард- ҳои навтарини бахши нассоҷию дӯзандагии соҳаи саноати сабуки кишвар - газвор (аксаран пахтагин), ришта, либосворӣ, намунаҳои ҳунармандӣ ва молу маҳсулоти дигари содиротӣ зинат бахшидаанд.
Тавре роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саидмуъмин Камолов ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ширкати корхонаҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ дар доираи Барномаи ҷаҳонии рушди нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ ҷараён мегирад. Ҳайати Тоҷикистонро намояндагони ширкатҳои консалтингии «ACT Development Group» - и шаҳри Душанбе, «Business Consulting Group» - и шаҳри Хуҷанд ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунанд.
- Намоишгоҳи «Текстиллегпром» платформа ё пойгоҳи мувофиқу муҳимест барои намоишу муаррифии молу маҳсулоти содиротии корхонаҳои нассоҷию дӯзандагӣ, ҳамчунин, барои пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, дарёфти бозори фурӯши мол, шиносоӣ бо таҷҳизоту технологияи навтарини истеҳсолӣ, - гуфт Саидмуъмин Камолов.
«Текстиллегпром» - намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ – сар аз ашёи хому маҳсулоти тайёри саноатӣ то дастгоҳу таҷҳизот, технология ва хатҳои муосири истеҳсолии соҳаи саноати сабук аст, ки имсол бори 53 – юм баргузор мегардад. Дар он беш аз 230 ширкату корхонаи соҳаи нассоҷию дӯзандагии 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои узви ИДМ, Чин, Олмон, Италия, Австрия,Туркия, Франсия, Ҷопон, Ҳиндустон ва Покистон, иштирок доранд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.09.2019 №: 180 Мутолиа карданд: 924