суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Файзобод, 20 сентябри соли 2019
Ҳамдиёрони азиз!
Сафари навбатии мо ба ноҳияи Файзобод дар айёми таҷлили Ҷашни муқаддаси миллиамон, яъне 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор шуда истодааст. Бо истифода аз фурсат мардуми заҳматпешаи ин диёри зебоманзар ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия файзу баракат ва зиндагии орому осуда орзумандам.
Мо дар ҷараёни боздиди имрӯза бовар ҳосил намудем, ки сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ноҳияи Файзобод самараҳои нек ба бор овардааст.
Панҷ сол пеш мо бо вазъи корҳо дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия шинос шуда, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон доир ба истифодаи самараноки имконияту захираҳои зиёде, ки ноҳияи Файзобод дорад, дастуру супоришҳои мушаххас дода будем. Ва чунонки имрӯз мебинем, бо дастгирии давлату Ҳукумат, заҳмати мардуми шарафманди ноҳия ва саъю кӯшиши соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, симои ноҳия хеле дигаргун ва садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Дар доираи сафари кории имрӯза мо дар маросими ба истифода додани чандин иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ иштирок кардем.
Қобили зикр аст, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон эътибори зарурӣ дода, бо ин роҳ барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои амалӣ андешидаанд. Тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия ду корхонаи коркарди мева, сардхонаҳо, сехҳои истеҳсоли обҳои маъданӣ ва ташнагишикан, маҳсулоти қаннодӣ, дӯхти либосҳои мактабӣ ва коркарди шир бунёд карда шудаанд.
Инчунин, дар ду канори шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт хеле корҳои ҳамворсозии талу теппаҳо ва шинондани дарахтони ороишиву гулбуттаҳо анҷом ёфтаанд. Дар маркази ноҳия Парчами давлатӣ қомат афрохта, гулгашти Нишон бунёд карда шудааст. Ғайр аз ин, 9 километр роҳҳои марказ ва деҳаҳои ноҳия асфалтпӯш карда шуда, зиёда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардидаанд.
Дар ноҳия, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, бояд 352 иншоот бунёд ва азнавсозӣ карда шавад. То имрӯз 117 иншооту биноҳо ба истифода супорида, ба масофаи беш аз 8 километр роҳҳои дохилӣ таъмиру барқарор ва 6 километр хати интиқоли оби нӯшокӣ сохта шудааст.
Иҷрои корҳои банақшагирифташуда то имрӯз 30 фоизро ташкил медиҳад, ки қобили таҳсин аст ва зарур аст, ки кор доир ба иҷрои қисми боқимондаи нақша тезонда шавад.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакатро самти афзалиятноки сиёсати худ эълон намуда, махсусан барои пешрафти ноҳияҳои кӯҳистон ва деҳоти дурдасти кишвар, ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, бо мақсади таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Файзобод дар давоми солҳои истиқлол аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 445 миллион сомонӣ равона гардидааст. Илова бар ин, дар доираи панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ вазъи инфрасохтори ноҳия хеле беҳтар карда шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016 – 2020 бо фарогирии 158 лоиҳа ба маблағи 269 миллион сомонӣ қабул гардида, дар се соли гузашта 37 лоиҳа ба маблағи 25 миллион сомонӣ пурра татбиқ шуда, ҳоло корҳои бунёду барқарорсозӣ, дар доираи 35 лоиҳа дар ҳаҷми зиёда аз 60 миллион сомонӣ идома доранд. Вале корҳо вобаста ба татбиқи 86 лоиҳа то ҳанӯз оғоз нашудаанд ва роҳбарони ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти давлатӣ ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати иҷрои саривақтии лоиҳаҳои барнома чораҷӯӣ намоянд.
Иҷрои тадбирҳои дар барнома пешбинигардида имкон медиҳад, ки дар ноҳия тавассути бунёди корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ҳазорҳо ҷои нави корӣ таъсис дода шавад.
Файзобод ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имконияти зиёд дорад. Қобили зикр аст, ки ҳоло дар ноҳия 21 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19 миллион сомонӣ баробар шудааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта дую ним баробар зиёд мебошад. Роҳбарону мутахассисони ноҳия ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ бояд суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро боз ҳам вусъат бахшанд, зеро барои ин ҳамаи захираву имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаҳои такмили идораи истеҳсолот, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ҷалби воситаҳои иловагии молиявӣ ба корхонаҳо чораҷӯӣ карда шавад.
Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ дар ҳаҷми қариб 18 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи ноҳияи Файзобод роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадоранд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда масъалаи таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмониро ҳамаҷониба баррасӣ карда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Тибқи таҳлилҳо, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ – июли соли 2019 - ум 103 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 23 фоиз зиёд шудааст. Ҳарчанд ки дар ин муддат 8 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда, 25 гектар заминҳои нав аз худ ва бо об таъмин гардидаанд, аммо ин нишондиҳанда ҳоло ҳам қонеъкунанда нест. Илова бар ин, солҳои охир сифати хизматрасонии техникии шабакаҳои обрасонӣ ва дигар иншооти оби полизӣ ба масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бояд якҷо бо Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ, аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва азхудкунии заминҳои нав тадбирҳои иловагӣ андешида, якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди гармхонаву сардхонаҳо тақвият бахшанд.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба соҳаи парандапарварӣ зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод барои рушди ин соҳа шароити мусоид фароҳам оварда, ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли хӯрокаи паранда, инчунин, тараққӣ додани соҳаи моҳипарварӣ, ки дар ноҳия дар ин самт имкониятҳои мусоид мавҷуданд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кишоварзони ноҳия соли ҷорӣ 312 гектар боғу токзорҳои нав бунёд кардаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст. Зарур аст, ки таҷрибаи ташкили боғу токзорҳо дар заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо бештар ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки дар ноҳияи Файзобод барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ, содироти ин намуди ғизои пурқимати табобатӣ ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ шароити хуб ва имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Дар робита ба ин, масъалаи омодагӣ ба зимистонро таъкид менамоям. Зеро, тибқи маълумоти мутахассисон, зимистони дарпешистода сарду тӯлонӣ меояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ба захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва омода кардани муассисаҳои иҷтимоӣ, шабакаҳои барқ ва роҳҳо аз имрӯз сар карда, эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре пайваста таъкид менамоям, масъалаи солимии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, ояндаи ҳар миллат ва пойдории он аз сиҳатии сокинонаш вобаста мебошад.
Ҳоло дар ноҳияи Файзобод ба аҳолӣ 52 муассисаи тандурустӣ хизмат мерасонад, ки дар онҳо 116 нафар табибон ва 445 нафар кормандони миёнаи тиббӣ фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, дар ноҳия 2 маркази саломатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ сохта, ба истифода супорида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат шароити 16 маркази саломатӣ беҳтар гардонда шудааст.
Мо барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомӯзӣ ва малакаву маҳорати толибилмон тамоми имкониятҳоро сафарбар карда истодаем.
Дар давраи истиқлол дар ноҳияи Файзобод 38 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 6200 нафар хонанда сохта, ба истифода супорида шудааст. Танҳо соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 6 мактаби нав бо зиёда аз 1000 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Илова бар ин, вақтҳои наздиктарин аз ҷониби ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар деҳаи Элок сохтмони муассисаи таълимӣ барои 2400 нафар хонанда оғоз мегардад.
Аз соли 1997 то имрӯз 320 нафар хатмкардагони мактабҳои ноҳияи Файзобод тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд. Ҳоло шумораи умумии донишҷӯёни мактабҳои олии касбии кишвар аз ноҳия беш аз 2600 нафар буда, 67 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд.
Дар ноҳияи Файзобод ҳоло 62 муассисаи таҳсилоти умумӣ, маркази эҷодии кӯдакону наврасон, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо амал менамоянд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 22 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки қариб 11 ҳазор нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Мо имрӯз дар деҳаи Саричашма як мактаби навбунёдро, ки дар он барои таълиму тарбияи фарзандони мардуми деҳа тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст, ба истифода супоридем ва санги асоси сохтмони шуъбаи маорифро гузоштем, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонда мешавад. То имрӯз фарзандони мардуми деҳаи Саричашма бо сабаби набудани мактаб роҳи дарозро тай карда, ба деҳаҳои дигар барои таҳсил рафта меомаданд. Дар натиҷа, тайи солҳои охир 13 ҳолати ба садама дучор шудани хонандагон ҳангоми аз роҳ гузаштан рӯй додааст.
Дар баробари пешравиҳои зикршуда, дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати донишомӯзӣ, бунёди иншооти соҳа, таъминоти онҳо бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва мутахассисони баландихтисос ҳанӯз корҳои зиёд дар пешанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони ноҳия ва масъулони соҳаи маориф вазифадоранд, ки бо ҷалби ҳарчи бештари соҳибкорону тоҷирон, падару модарон ва аҳолӣ доир ба мунтазам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ноҳияи Файзобод яке аз гӯшаҳои бостонии кишварамон буда, тибқи маълумоти муаррихон, таърихи беш аз дуҳазорсола дорад. Дар китоби «Тоҷикон» - и аллома Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки шаҳри Вашгирд, яъне Файзободи имрӯза, дар байни рӯдҳои Кофарниҳону Вахш ҷой дошта, дар баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон ва Кумод як мулки ободи минтақа ба ҳисоб мерафтааст.
Манбаъҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Вашгирд дар аввали асри якуми милодӣ ба вуҷуд омада, дар асрҳои IX – XI яке аз марказҳои калонтарини маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва тиҷорати Бохтари Шимолӣ ба шумор мерафт. Шаҳр дорои қалъа, шаҳристон ва работ будааст, ки бозмондаҳои он то ҳол бо номи Қалъаи Сангин мавҷуданд.
Дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои Вашгирд, маълум гардид, ки дар асрҳои миёна, яъне аз асрҳои III – II то милод то асрҳои VI – XVI милодӣ, шаҳри Вашгирд макони обод ба ҳисоб рафта, дорои Қалъаи Сангин, Қалъаи Фотимаи Зуҳро ва шаҳристону работ будааст.
Мардуми Файзобод бо таъриху фарҳанги худ ифтихор менамоянд. Оромгоҳи имрӯзаи деҳаи Саричашма дар қатори 27 мавзеъҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ҳамчун мамнӯъгоҳи таъриху фарҳанг ба қайд гирифта шудааст.
Таърихи куҳани ноҳия ва таҷрибаи шахсони обрӯманди он аз насли бузургсоли имрӯза, аҳли зиё ва падару модарон тақозо менамояд, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги халқамон, муқаддасоти Ватан, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намоянд.
Сокинони Файзобод табиатан адабпарвару суханшинос, дӯстдори санъату фарҳанг ва илму ҳунар мебошанд. Шоирону санъаткорон – фарзандони ноҳия дар рушди илму фарҳанги кишварамон саҳми арзишманд гузоштаанд ва дар байни мардуми Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он маъруфанд.
Зарур аст, ки анъанаҳои неки онҳо ба хотири тарбияи наврасону ҷавонон, ба воя расондани истеъдодҳои нав ва рушди боз ҳам бештари илму фарҳанги миллиамон идома дода шаванд. Зеро дар шароити пуртазоди замони муосир маҳз ҳамин хислатҳо барои ҳифзи таърихи ибратомӯзи халқамон ва таҳкими пояҳои давлати муосири миллиамон бисёр заруранд.
Ҳар як фарди бонангу номуси ноҳия, зиёиён ва аҳли маориф, инчунин падару модарон, вазифадоранд, ки наврасону ҷавононро аз таъсири унсурҳои фарҳанги бегона ва тарғибгарони ақидаву андешаҳои ифротгароиву радикалӣ эмин доранд.
Мо ҳама – хурду бузурги кишвар бояд шукронаи давлати соҳибихтиёр, Ватани озоду обод ва зиндагии орому осударо ҳамеша баҷо орем ва кӯшиш кунем, ки фарзандони худро ҳамчун насли созанда, донишманд, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ ва сазовори номи неки миллати тамаддунсози тоҷик ба камол расонем.
Бовар дорам, ки мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ минбаъд низ рисолати муқаддаси худро ба хотири тақвияти иқтидори давлати соҳибихтиёри тоҷикон содиқона иҷро карда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон, инчунин, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, сафарбар мекунед.
Дар охир ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, рӯзгори обод ва дар кору фаъолияти ҳаррӯзаатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Сарбаланду хонаобод бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2019 №: 181 Мутолиа карданд: 3813