фарҳанг
"НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК: КИТОБХОНАҲО ЧӢ ВАЗЪ ДОРАНД?"
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи журналист Б. Каримро таҳти унвони «Ноҳияи Темурмалик: Китобхонаҳо чӣ вазъ доранд?», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардидааст, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами соҳаи китобдорӣ дар ноҳия тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Мақолаи мазкур дар ҷаласаи кории бахши фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки далелҳои дар он зикргардида воқеият доранд. Дар доираи имкониятҳои мавҷуда мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру тармим, азнавсозӣ ва бо китобҳои тозанашр таъмин намудан чораҷӯӣ мекунанд.
Аз ҷумла, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, таҳти № 238 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015» бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои китобхонаҳои оммавии ноҳияи Темурмалик 46125 сомонӣ равона гардида, таҷҳизоти компютерӣ ва мизу курсӣ харидорӣ гардид.
Бо қарори раиси ноҳия китобхонаҳои деҳаҳои Шибанаӣ, Танобчӣ, Қушқия ва Қазоқ, ки биноҳояшон садамавӣ буданд, ба биноҳои собиқ хоҷагиҳои деҳқонӣ кӯчонда шуда, ба мувозинаи шуъбаи фарҳанг дохил гардиданд.
Соли 2015 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бинои китобхонаҳои деҳаи Чавроқ ва Дӯстӣ таъмир шуда, соли 2016 китобхонаи деҳаи Баҳманрӯди Ҷамоати деҳоти Танобчӣ, ки дар хона-вагон ҷойгир буд, ба бинои нави ба тариқи ҳашар сохташуда кӯчонда шуд. Бинои нави китобхонаи деҳаи Ҳалқаёри Ҷамоати деҳоти Бобоюнус, ки ба тариқи ҳашар ва қисман бо маблағгузории бахши фарҳанг сохта шудааст, мавриди истифода қарор дорад.
Соли 2017 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмири китобхонаи марказӣ анҷом дода шуда, китобхонаи деҳаи Баҳористон, ки солҳои тӯлонӣ бино надошт, бо дастгирию маблағгузории мардуми деҳа соҳиби бинои нав гашт.
Дар солҳои 2019 - 2021 ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таъмиру тармим ва навсозии дигар китобхонаҳо, хариди адабиёти тозанашр, компютеру дигар васоити техникӣ барои китобхонаҳои деҳот ба нақша гирифта шудааст.
Оид ба дигар камбудиҳои дар мақола зикргардида аз ҷониби роҳбарияти бахши фарҳанг тамоми чораҳои зарурӣ барои дар муҳлати кӯтоҳтарин ислоҳ кардани онҳо роҳандозӣ шудааст. Бо дастгирии раиси ноҳия бинои ҳамаи китобхонаҳо таъмир шуда, 4 китобхонаи деҳот ба биноҳои собиқ хоҷагиҳои давлатии таҷдидгашта кӯчонда шуд. Бояд қайд намуд, ки баъди бо қарори раиси ноҳия мутамарказ шудани муассисаҳои фарҳангӣ ва ба мувозинаи бахши фарҳанг гузаштани амволи онҳо дар ноҳия ҳолати фурӯхтан ва вайрон кардани муассисаҳои фарҳангӣ ҷой надорад.
Кормандони муассисаҳои фарҳангии ноҳияи Темурмалик вазифадор гардиданд, ки бобати хизмати хуби фарҳангӣ ба аҳолӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешанд.
Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2019 №: 181 Мутолиа карданд: 929