сиёсат
ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати “дарҳои кушода” бо ҳамаи кишварҳои олам муносиботи ҳасанаву баробарвазнро ба роҳ монда, дар ин самт ба дастовардҳои бесобиқаи таърихӣ шарафёб шудааст. Имрӯз Тоҷикистони азизи моро дар ақсои олам ҳамчун кишвари ташаббускори сатҳи байналмилалӣ ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси як сиёсатмадори ботаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ, хайрхоҳу башардӯст мешиносанду эътироф мекунанд.
Дар асоси сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва давра ба давра боло рафтани эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон ҳамкориҳои гуногунҷанба бо созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои алоҳида, ки пеш аз ҳама ба нафъи давлату миллат нигаронда шудаанд, рушду тавсеа карданд. Дар ин росто кишварҳои олами араб майли зиёде ба тақвияти ҳамкориҳо нишон медиҳанд, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар он ҷойгоҳи хос дорад.
Аслан, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи нахустин кишварҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро моҳи январи соли 1992 ҳамчун давлати мустақил ба расмият шинохт. Робитаҳои сиёсии ду кишвар аз заминаи муштаракоти таърихӣ, пайвандҳои дӯстиву бародарӣ ва ҳамбастагии исломӣ маншаъ мегиранд, ки ин омил ба ифтитоҳи мутақобилаи сафоратҳои ҳамдигар асос гузошт. Ин буд, ки тирамоҳи соли 2008 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакати Арабистони Саудӣ - шаҳри Арриёз кушода шуда, дар навбати худ моҳи октябри соли 2010 Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 январи соли 2016 аз Арабистони Саудӣ боздиди расмӣ ба амал оварданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба заминаҳои ҳуқуқиву қарордодӣ гузошт. Дар мулоқоти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд ва санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Абдулазиз ал – Бодӣ, сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маросиме аз таҷлили 89 - умин солгарди Рӯзи миллии ин кишвар дар суҳбат бо хабарнигори ”Ҷумҳурият” аз сатҳу сифати ҳамкориҳои мутақобилаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ тавсиф кард ва гуфт:
- Ҳамкориҳо байни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо идома доранд. Роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод як силсила лоиҳаҳо ҷиҳати маблағгузорӣ аз ҷониби Шоҳигарӣ мавриди омӯзиши Бунёди саудии рушд ва Маркази малик Салмон оид ба имдод ва ёриҳои башардӯстона қарор доранд. Дар гузашта ҳайати соҳибкорони саудӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карданд ва дар ояндаи наздик боздидҳои дигар барои шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сурат хоҳанд гирифт.
Бунёди саудии рушд то имрӯз, дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳаҳои зерсохтории Тоҷикистон 167 миллион доллар ҷудо намудааст, ки он барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард, мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва бемористону марказҳои тиббӣ сарф шудааст.
Шоҳигарӣ нақши пешқадамро дар корҳои гуманитарӣ ва ёриҳои башардӯстона пеша карда, Маркази малик Салмон оид ба имдод ва ёриҳои башардӯстона аз замони таъсисаш зиёда аз 400 лоиҳаро дар 40 давлати ҷаҳон анҷом додааст. Аз ҷумла, маркази мазкур ба Тоҷикистон 10 миллион доллар кумак расонд, ки он дар соҳилмустаҳкамкунӣ барои ҳимояи моликияти мардум аз хатари обхезиҳо масраф шудааст. Ҳамчунин, Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва муҷаҳҳаз карда шуд.
- Мо дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ниёз ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон дорем. Чанде пеш ҳайати соҳибкорони саудӣ аз Тоҷикистон дидан карда, бо масъулини Ҳукумат ва бахши хусусӣ роҷеъ ба содироти маҳсулот ба бозорҳои саудӣ мулоқотҳо анҷом доданд, ки умедворам натиҷаҳои хубу дилхоҳ ба бор меорад. Ҳоло як силсила санадҳои ҳамкорӣ байни ду кишвари бо ҳам дӯст ба имзо расида, боз лоиҳаи чанд созишнома ва ёддошти тафоҳуми дигар дар соҳаҳои мухталиф мавриди омӯзиш қарор доранд. Мо ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдорем ва талош хоҳем кард, ки муносиботи ҳасанаи ду ҷониб ҳамеша дар ҳоли рушду пешравӣ қарор дошта бошанд, - изҳор дошт дар поёни суҳбат Абдулазиз ал – Бодӣ.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2019 №: 181 Мутолиа карданд: 869