ҳуқуқ
«ИТТИҲОДИ ҶАНГӢ - 2019». НИЗОМИЁНИ ТОҶИК БАҲОИ БАЛАНД ГИРИФТАНД
Дастаҳои муҳорибавии дивизияи зинетӣ - ракетии Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқҳои муштараки низомии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳои баланд гирифтанд.
Тавре Ориф Нозимиён, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дастаҳои мазкур аз рӯйи мушакҳои мудофиаи зиддиҳавоии «Печера 2-М» мушакандозӣ намуда, ҳадафҳои ниҳоии ба онҳо муайяншударо, ки дар фазо таҷассуми душманони шартӣ буданд, пурра ва бехато зада афтонданд.
Дастаи Тоҷикистон зимни анҷоми машқҳо, ки дар машқгоҳи Ашулуки вилояти Астрахани Федератсияи Россия таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ - 2019» ҷараён дошт, ба ин баҳо сазовор гардиданд.
Дар машқҳои муштарак роҳбарону намояндагони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои аъзои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, гурӯҳҳои фаврӣ, дастаҳои муҳорибавӣ ва беш аз 4 000 нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок намуданд.
Ҳайати низомии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин машқҳо генерал - лейтенант Раҳмоналӣ Сафарализода, фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, полковник Абдухолиқ Қодиров, муовини фармондеҳи дастаи муҳорибавии зинетӣ - ракетии Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, роҳбарӣ намуданд.
Дар ҷараёни машқҳои муштарак ҷузъу томҳои тақрибан 20 дивизияи зинетӣ - ракетӣ, ҳавопаймоҳои ҷангии Су-27, Миг-29-31, Су-24-25, Ту-22-160, Ту-95, чархболҳои Ка-27 ва дастаҳои мухталифи зиддиҳавоӣ истифода гардиданд.
Машқҳои муштараки навбатии Системаи муттаҳида дар ҳамоҳангӣ ва аз рӯйи мавзӯи пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марзи ҳавоӣ, ки гӯё душмани шартӣ ба сӯйи яке аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зарбаи мушакӣ равона месозад, ташкилу ба роҳ монда шуданд.
Дар «Иттиҳоди ҷангӣ - 2019» мушакҳои С400 «Триумф» истифода шуданд, ки аз ҷониби нозирони ҳарбӣ ба тавонии он дар самти нобуд кардани ҳадафҳои муайяншуда баҳои баланд дода шуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2019 №: 181 Мутолиа карданд: 1081