иқтисод
ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА КОРКАРДИ САНОАТИИ МАҲСУЛОТ
Таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тару тоза, инчунин содироти онҳо ба хориҷи кишвар, яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.
Кишоварзони Данғара, яке аз ноҳияҳои калонтарини агросаноатии кишвар, талош доранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузор бошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои кишоварзон ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои фарох фароҳам овардааст, то ҳаҷми истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб зиёд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Боиси қаноатмандист, ки ҳоло корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳия рушди назаррас доранд.
Ҷамшед Шарифзода, муовини аввали раиси ноҳия, гуфт, ки то имрӯз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба бозорҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Афғонистон ва Қирғизистон 2051 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 700 тонна сабзавоту полизӣ (сабзӣ, пиёз, карам, қаланфури булғорӣ, тарбузу харбуза, лӯбиё, каду, помидор), 750 тонна мева (себ, гелос, олу, нок, зардолу) ва 600 тонна меваи хушки коркардшуда баровардаанд.
Дар мавзеи зебоманзари Чашмаи Нуқра ва МОИ «Данғара» ду корхонаи саноатии мевахушккунӣ бо иқтидори истеҳсолии 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсим фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 250 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъминанд. Дар ин корхонаҳо то расидани фасли сармо мағзи писта, чормағз ва бодом коркард шуда, маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои истеъмолии кишвар ва хориҷа ба фурӯш мебароранд. Корхонаҳо бо технологияҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз буда, давоми як мавсим метавонанд ҳар кадом 500 - 600 тонна маҳсулот истеҳсол намоянд. Барои нигоҳдории маҳсулот дар ҷамоатҳои деҳоти Себистон, Пушинг ва Лолазор сардхонаҳо бо ғунҷоиши зиёда аз 2500 тонна омодаи қабули маҳсулотанд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2019 №: 181 Мутолиа карданд: 1940