logo

иқтисод

ШАҲРСОЗӢ

Дар шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ бо дастури Пешвои миллат, Президенти  кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ доир  гардид.
Дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ  ва ғайра муаррифӣ шуданд. Дар он 35 ташкилоти лоиҳакашӣ, бештар аз 20 муассисаи сохтмонӣ ва ҳунармандони самти сохтмон аз тамоми  манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Аҳмадзода Ҷамшед, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишварро ба роҳандозии истеҳсолоти ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда таъкид  карда, зикр намуд, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ рушди  минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариши фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ, бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои  кишвар бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории  ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии  воридотивазкунанда,  рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Ёдгор  Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо  изҳори хушнудӣ аз ташкили намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри  Хоруғ зикр намуд, ки мардуми тоҷик табиатан созандаву бунёдкор  мебошанд. Қалъаву кох ва боқимондаи шаҳрҳои қадим, мисли Саразм, Қаҳқаҳаву  Ямчун, Карону Ҳулбук далолат бар он мекунанд, ки мо аз қадим шаҳрнишин будем,  манзили обод доштем. Дар даврони Истиқлолияти  давлатӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагӣ вусъати тоза касб карда, дар давоми ду даҳсолаи охир дар пайи ободкориҳо  симои шаҳру деҳотамон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 949
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед