номаҳо
ТАБИАТРО ДӮСТ ДОРЕМ
Инсон як ҷузъи ҷудонашавандаи табиат мебошад. Яъне онҳо бо ҳам алоқаи зич доранд, чунки барои одам об, ҳаво, хӯрок, манзили зист ва ғайраҳо заруранд. Ин чизҳоро танҳо аз табиат гирифтан мумкин аст. Бо фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар назди ҳар як маҳаллаи шаҳр боғча ва майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Инчунин, роҳҳои одамгузару нақлиёт ва кӯчаҳо гулзор гардиданд. Ба ҳар як омӯзгор зарур аст, ки хонандагонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ, дӯст доштани табиати маҳалу кишвар тарбия намояд. Мо нисбат ба табиат бояд ғамхору дилсӯз бошем. Яъне табиати маҳали зисти худро тозаю озода нигоҳ дорем. Гулҳову сабзазорҳоро беҳуда наканем ва поймол накунем. Партовҳоро ба қуттиҳои махсуси барои он муқарраргардида андозем. Аз мушоҳидаи табиати ифлос дили одам реш мешавад, чунки ин натиҷаи рафтори беадолатонаи баъзе шахсон нисбат ба он мебошад. Барои мо табиати тоза ва зебо лозим аст. Агар ба табиат дилсӯзӣ накунем, нисбат ба он ноадолатонаву ноҷавонмардона рафтор бикунем, аз мо ҳатман қасос мегирад. Ҷуброни он баъдҳо бисёр мушкил меафтад.
Бояд фаромӯш накунем, ки мо дар тозаву озода нигоҳ доштани табиату муҳити атроф масъулем. Ин гуна масъулияти бузургу муҳимро танҳо ба инсон бовар карда, вогузоштаанд. Албатта, дар ин маврид тарбия, раҳнамоиро бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем ва лаҳзае қатъ нанамоем.
Гулафрӯз АБДУРАҲМОНОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24,
ноҳияи Фирдавсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.09.2019 №: 182 Мутолиа карданд: 6149