logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ИФРОТГАРОӢ
Маблағгузори террористон 13 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Суди шаҳри Ҳисор шаҳрванд Манучеҳр Ҷӯраевро ба далели маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта 13 сол равонаи зиндон кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. Ҷӯраевро прокуратураи шаҳри Ҳисор бо моддаҳои 179 қисми 2 банди «б» ва 32 қисми 3, 4011 Кодекси ҷиноятӣ ба анҷом расондааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Манучеҳр Ҷӯраев ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштанаш бо Абумуҳаммад ном аъзои фаъоли ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шинос шуда, ақидаҳои онҳоро ҷонибдорӣ ва дар ниҳоят шомили ин гурӯҳи террористӣ гардидааст. Тафтишот муайян намудааст, ки ин шахси гумроҳшуда бо мақсади «ба ҷо овардани ҷиҳоди молӣ» ба ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» 120 ҳазор рубли русӣ гузарондааст.

ПОРА
Ҷавобгарии се нафар барои ришваситонӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба афроде хабар дод, ки барои барқарор намудани як донишҷӯ (ғолибан хориҷшуда) ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даст ба амали коррупсионӣ заданд.
Бино ба иттилои сомонаи агентӣ, Мадина Шарипова, назоратчӣ - прапоршики бригадаи «Н» - и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Матлуба Ахмедова ва Раҷабалӣ Сангов, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, аз шаҳрванд «А» барои ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барқарор намуданаш 1500 доллари амрикоӣ гирифта, байни худ тақсим намуданд.
Ҳоло тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсони номбурда  бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) идома дорад. 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 905
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед