иқтисод
ХУРОСОН. НОҲИЯЕ ДАР МАСИРИ РУШД
Дар Хуросон рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар доираи Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020 ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешвози сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон уфуқҳои тоза касб мекунад.
Тавре Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳия, зимни суҳбат гуфт, дар пайи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ноҳия ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад. Аҳли заҳмати ноҳия бо дилгармӣ ва умеду боварии зиёд ба ояндаи нек неруи худро баҳри ободии Ватан равона намудаанд. Ҳамин аст, ки давоми шаш моҳи сипаришудаи соли равон ба воситаи тараққӣ ёфтани бахши истеҳсолоти ноҳия ва истифодаи самараноки майдонҳои кишт нақшаи андозҳо иҷро гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки назар ба нақша зиёд мебошад.
Соҳаи саноати ноҳия рӯ ба пешрафт дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимаи аввали соли равон ба 26,6 миллион сомонӣ расид. Инчунин, дар ин давра се корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфта, ду коргоҳ аз нав барқарор шуд.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 119,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Деҳқонони ноҳия дар майдони 5151 гектар ғалла, 189 гектар картошка, 584 гектар сабзавот, 190 гектар полизӣ ва 224 гектар зироатҳои хӯроки чорво кошта, ҳосили хуб гирифтанд. Ҳаҷми содироти маҳсулот низ сол ба сол меафзояд. Дар ин давра 1652 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот карда, истеҳсоли гӯшт ба 1330, шир ба 2900, пашм ба 113 тонна ва тухм ба 2,8 миллион дона расонда шуд.
Ҳоло дар шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони беш аз 100 иншооти ҷашнӣ бо суръату сифати баланд ҷараён дошта, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, соҳибкорон, шахсони алоҳида ва фаъолон беш аз 170 иншооти муҳими иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ба истифода дода мешавад. Аз ин теъдод дар маҷмӯъ, 57 иншооти хурду бузург, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои тандурустию маориф, корхонаҳои истеҳсолӣ, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ ба истифода дода шуданд. То охири соли ҷорӣ боз 25 иншооти дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳраки Обикиики ноҳия иншооти Парчам, Нишони давлатӣ ва бинои маъмурии маркази адлия бунёд гардиданд. Баландии пояи Парчам 47 ва Нишони давлатӣ 24 метр аст. Барои ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани майдон наздики 11 ҳазор дона гулҳои мавсимии гуногун ва дарахту буттаҳои ороишӣ шинондаанд. Инчунин, дар роҳравҳои майдон нишастгоҳ, чароғҳои ранга ва қуттиҳои партов насб гардида, дар масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ кошиҳои ранга чида, майдони боқимонда сабзкорӣ шудааст.
Боғи фарҳангу фароғатии ноҳия пурра азнавсозӣ гардид. 0,50 гектари боғ бо қитъаҳои алоҳида майсазор ва роҳраву майдончаҳои он кошинкорӣ гаштанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғату истироҳати кӯдакону наврасон бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар боғ дастгоҳу таҷҳизоти дилхушӣ ва чархофалаку арғунчакҳо насб карда шудаанд.
Бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ Ибодулло Азизов, Зикрулло Исматуллоев, Алӣ Ҳакимов ва Моҳшариф Валиева дар шаҳрак марказҳои хизматрасонӣ, савдо, фурӯши молҳои ниёзи мардум ва нуқтаҳои таъмиру шустушӯи мошин қомат афрохтанд. Дар Ҷамоати деҳоти Фахробод бошад, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, бинои маъмурии «Амонатбонк», пули мошингузар бо дарозии 40 метр ва паҳноии 11 метр ба итмом расид. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод дари худро барои сокинон боз намуд. Соҳибкорони ҷамоат бунгоҳи тиббӣ, утоқи хатна, сартарошхона, маркази хизматрасонӣ (НФС, нуқтаи шустушӯи мошинҳо, таъмири нақлиёт) бунёд намуданд. Беморхонаи минтақавии № 5 ва варзишгоҳи деҳаи Хуросони Ҷамоати деҳоти Садриддин Айниро низ соҳибкорони маҳаллӣ аз таъмири асосӣ бароварда, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, утоқи хатна, корхонаи дӯзандагӣ, маркази хизматрасонӣ ва мағозаи масолеҳи сохтмониро ба итмом расонданд.
- Тадбирҳо оид ба пешрафту шукуфоии ноҳия пайгирона роҳандозӣ мешаванд. Дар шаҳраку деҳот пай дар пай биноҳои наву замонавӣ қомат меафрозанд. Итминони комил дорем, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ симои Хуросон боз ҳам зеботар мешавад ва сатҳи зиндагии мадум низ боло меравад, - гуфт Раҳматулло Сафарзода.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.09.2019 №: 183 Мутолиа карданд: 2124