ҳуқуқ
ҒОРАТГАРӢ ВА ТАМАЪҶӮӢ. ЯК НАФАР БАРОИ ДУ ҶИНОЯТ ЗИНДОНӢ ШУД
Шаб аз нисф гузашта буд. Шоҳинҷон Шарбатов, сокини шаҳри Ҳисор, дар назди хонаи истиқоматии ҳамсояаш Таманнои Маҳмадрабӣ қарор дошт. Ногоҳ дид, ки Таманно ҳамроҳи дугонаи ноболиғаш Фараҳноз Исматзода пинҳонӣ аз хона баромада, ба як автомашинаи гаронарзиши оинасиёҳ нишаста, ба самти маркази шаҳр равон шуд.
Шоҳинҷон, ки қаблан тариқи телефонӣ бо Таманно суҳбат мекарданд, аз ин фурсат истифода намуда, бо мақсади тамаъҷӯӣ ва ба даст овардани маблағи муфт ба ӯ занг зада, мегӯяд: “Агар ҳамроҳи дугонаат ба зудӣ ба хонаатон барнагардед, рафта ба бародарат хабар медиҳам, ки хоҳарат бо мардони бегона дар ними шаб ба истироҳат рафт”.
Таманно аз тарси фош нашудани ин амалаш аз дӯстписараш хоҳиш мекунад, ки ӯ ва дугонаашро гардонда ба хона барад. Шоҳинҷон онҳоро дар назди хонаашон интизор буд ва ҳанӯз 15 дақиқа нагузашта буд, ки онҳо баргаштанд. Шоҳинҷон аз онҳо сабаби дар нимашаб ба куҷо рафтанашонро пурсон шуд. Таманно гуфт, ки ҳамроҳи дӯстдоштааш ба истироҳат мерафтанд. Шоҳинҷон бо қаҳр гуфт, ки ба хона рав, пагоҳ гап мезанем. Фардо ба Таманно занг зада, мегӯяд, ки агар ба вай 1000 сомонӣ надиҳад, рафта ба хонаводааш аз ҳодисаи шаби гузашта хабар медиҳад. Ҷабрдидагон бо сабаби надошани маблағ ба ӯ ваъда медиҳанд, ки дар рӯзҳои наздик маблағ пайдо намуда, ба ӯ медиҳанд.
Шоҳинҷон Шарбатов рӯзи дигар бо мақсади ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр, дар назди боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Ҳисор Таманнои Маҳмадрабӣ ва дугонааш - Фараҳноз Исматзодаро ба наздаш даъват намуда, аз дасти онҳо ду адад телефони мобилии арзишашон 150 ва 1500 сомониро гирифта, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Худи ҳамон рӯз Таманно дубора ба Шоҳинҷон занг зада, мегӯяд, ки маблағи мазкурро дарёфт кардааст ва ба ҷои пештара омада, гирад ва телефонҳоро пас гардонад. Шоҳинҷон бо мақсади гирифтани 1000 сомонӣ омада, ҳангоми гирифтани маблағи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор оварда мешавад.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Шоҳинҷон Шарбатов бо моддаҳои 248 қисми 2 бандҳои «а, в» ва 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуд.
Ҷабрдида - шоҳид Таманнои Маҳмадрабӣ дар мурофиаи судӣ гуфт, ки 28 апрели соли равон, шаб ҳамроҳии дугонааш Фараҳноз Исматзода, сокини шаҳри Душанбе, ки дар хонаи онҳо буд, ба дӯстдоштааш занг зада, гуфтаааст, ки вай ҳамроҳи дугонааш дар хона қарор доранд ва мехоҳанд ба сайру гашт бароянд.
Баъди баррасии пурраи парванда, Шоҳинҷон Шарбатов дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 248 қисми 2 бандҳои «а, в» ва 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуд. Нисбат ба ӯ бо дастрасии қисми 3 моддаи 67 Кодекси ҷиноятӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо, бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор,
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.09.2019 №: 183 Мутолиа карданд: 1030