фарҳанг
"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…" ИҚДОМЕ, КИ ОЯНДАРО МЕСОЗАД"
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодимуҳаммад Сӯфизодаро дар мавзӯи «Фурӯғи субҳи доноӣ…». Иқдоме, ки ояндаро месозад», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 30 июли соли 2019 нашр шудааст, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии соҳавӣ дар самти рушди китобдорӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Воқеан ҳам, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва зери сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи китобдорӣ вусъати тоза ёфта, китобхонаҳои наву замонавӣ сохта ва ба истифода дода шуда, бо адабиёти тозанашру таҷҳизоти зарурӣ таъмин гашта истодаанд. Ҳамзамон, баҳри рушди соҳаи китобдорӣ, дастгирии китобдорон ва ҷалби ҷавонону наврасон ба китобхонию китобдӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҳукуматӣ ва барномаҳои давлатии соҳавӣ чорабиниҳои мушаххаси фарҳангию маърифатӣ ба роҳ монда шудаанд, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.
Эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» шаҳодати он аст, ки таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт назаррас арзёбӣ мегардад ва имрӯз зарурат пеш омадааст, ки бори дигар мардуми фарҳангсолори тоҷик, бахусус ҷавонону наврасонро ба китобхонию китобдорӣ ҷалб намоем.
Дар заминаи ин озмун як қатор чорабиниҳои дигар аз ҷониби Вазорати фарҳанг роҳандозӣ шудааст, ки тамоми хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳоро фаро мегиранд. Аз ҷумла, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо бо номи «Ҷароғи ҳидоят» ва Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ» шаҳодати гуфтаҳои болост, ки барои иштироки оммаи мардум ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» заминаи мусоид мебошад.
Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ташвиқу тарғиб гардида, ҳамзамон, тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоӣ таблиғ мешавад.
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз таваҷҷуҳи мардум, махсусан ҷавонону наврасон, ба ин озмун назаррас мебошад ва ҳар кас мехоҳад дар он иштирок намояд.
Масъулони Вазорати фарҳанг баҳри дар сатҳи баланди илмию эҷодӣ доир гаштани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тамоми кӯшишҳои хешро сафарбар намуда, ҷиҳати ҷалби оммаи мардум ба китобхонию китобдорӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамоянд.
Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2019 №: 184 Мутолиа карданд: 1908