ҳуқуқ
ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ИМПЛЕМЕНТАТСИЯИ МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар, инчунин, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Инчунин, Зафар Сафарализода, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Андрей Козик, ҳамоҳангсози минтақавии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, намояндагони вазоратҳои адлия, фарҳанг, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назари худро баён намуданд.
Дар конфронс мавзӯъҳои муҳим, аз ҷумла «Механизмҳои миллии имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ: нақши комиссияҳои миллӣ дар таъмини пешгирии вайронкуниҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ», «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ: мафҳум, шаклҳо, тарзҳо ва механизмҳо», «Имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқӣ - байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар бахши ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ», «Ҳимояи ҳуқуқи аҳолии осоишта дар ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷом вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшуда аз ҷониби иштирокчиён музокираҳо сурат гирифта, таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2019 №: 184 Мутолиа карданд: 2427