иқтисод
"ХАТЛОН. БЕФАЪОЛИЯТИИ КОРХОНАҲО СОҲАИ САНОАТРО БА ҚАФО МЕКАШАД!!!"
Мақолаи танқидии «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро ба қафо мекашад!!!», ки 19 июни соли 2019 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 115) чоп гардидааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон дар ноҳия аз 14 корхонаи саноатӣ 10 корхона фаъолият намуда, корхонаҳои «Осия», «Нозими Алимҷон», «Қурбоналии Зафар» ва «Шаҳроми Хуросон» фаъолият накарданд. Мавҷуд набудани маблағҳои озоди гардишӣ, норасоии ашёи хом, мавсимӣ будани фаъолияти истеҳсолӣ ва қарздор будани онҳо аз андозҳои давлатӣ сабабҳои асосии фаъолият накардани корхонаҳои мазкур мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳо дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла орд 102,7, равғани рустанӣ 101,1, маҳсулоти ширӣ 100,3 дарсад иҷро гардид. Ҳаҷми истеҳсоли хишти сементӣ ба 167,2 ҳазор дона расонда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта141,8 ҳазор дона ё 6,6 маротиба зиёд аст.
Дар ин давра корхонаҳои нави саноатии «Сафар Раҳмон» (дӯзандагӣ), «Моҳбӣ» (дӯзандагӣ) ва КФД «Оби нӯшокӣ» ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат нақшаи амал таҳия намуда, айни ҳол барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.
Р. САФАРЗОДА, раиси ноҳияи Хуросон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2019 №: 185 Мутолиа карданд: 1569