иқтисод
ХАТЛОН. ХОҶАГИДОРОН ТРАКТОРҲОИ НАВ ГИРИФТАНД
Дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон 20 трактори наву замонавӣ дастрас гардид. Дар маросими супурдани техникаи кишоварзӣ муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода, намояндагони Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД), сарраёсати кишоварзии вилоят ва хоҷагидорон ширкат варзиданд.
- Ташаббуси мазкур натиҷаи ҳамкории самарабахши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо шарикони рушд буда, мақсад аз он дастгирии кишоварзону хоҷагидорон мебошад, - гуфт Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Умед Зоҳирзода иброз дошт, ки хоҷагидорони минтақаи Бохтари вилоят ба чунин техникаи кишоварзӣ эҳтиёҷ доштанд. Дастрасии техникаи нав барои истифодаи босамари замин ва баланд гардидани ҳосилнокии он мусоидат менамояд.
Хоҷагидорони вилоят баҳри ба даст овардани ҳосили баланд, таъмини талаботи бозори дохилӣ ва содироти маҳсулоти тару тозаю аз ҷиҳати экологӣ безарар ба хориҷи кишвар саъю талош доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафта, машварати олимону мутахассисони варзидаи соҳа ва омӯзиши тарзу усулҳои муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои муассир меандешанд.
Сабоҳатулло Музаффаров, муовини роҳбари лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, гуфт, ки дар давоми татбиқи лоиҳа ба деҳқонон 70 трактори тамғаи 504 дода шудааст. Арзиши як трактор бо техникаи дорупошаку ғизодиҳӣ ва дигар мошинолоти кишоварзӣ 145000 сомонӣ буда, нисфи маблағи он ҳамчун ёрӣ ба саҳмдорони лоиҳа пардохт мегардад.
Зикр шуд, ки чанде пеш низ дар доираи татбиқи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба хоҷагидорони вилоят 20 трактори нави замонавӣ тақдим шуда буд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2019 №: 185 Мутолиа карданд: 1832