иқтисод
ШИКОРИ КАБК. МОРАТОРИЙ ВА ВОҚЕИЯТ
Соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ мораторийи шикори кабк эълон шудааст. Ҳадаф аз ин тадбир, зиёд намудани саршумори ин намуди паранда мебошад. Аммо, бо вуҷуди мораторий, баъзан, ҳолатҳои ғайриқонунӣ шикор кардани кабк ба назар мерасанд. Мувофиқи маълумоти шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷумҳурӣ дар ҳафт моҳи соли равон 62 ҳолати шикори беиҷозати кабк ба қайд гирифта шудааст.
Ба кабк ҳамчун парандаи зебо ва дорои садои фораму гӯшти хушмазза таваҷҷуҳ зиёд аст. Майлу завқи сайёҳон ҳам ба шикори кабк тариқи силоҳ ва шикори миллӣ - кабкдавонӣ бештар аст. Аммо чанд сол инҷониб аз таъсири зиёд гаштани сайди ғайриқонунӣ кабкдавонӣ ҳам мавқуф гузошта шуд.
Абдуразоқ Мансуров, саршикоршиноси Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки қабл аз эълон гардидани мораторий саршумори кабк ҳамагӣ 2 – 2,5 ҳазор боқӣ монда буд, ки далели бе иҷозат сайд кардани он мебошад. Ин ҳолат ду намуди шикорро дар кишвар боздошт, ҳол он ки ин намудҳои шикор дар марҳилаи рушди деҳот ва сайёҳӣ аз воситаҳои даромаднок маҳсуб меёбанд.
Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло саршумори кабк ба 38 ҳазор ҷуфт расидааст. Аз ин рӯ, А. Мансуров, пешниҳод менамояд, ки бо ин нишондиҳанда ба шикори кабк иҷозат додан аз моҳи октябр айни муддаост. Вале ин ҷо суолест матраҳ: Модоме ки дар давраи мораторий ҳам ҳолатҳои шикори ғайриқонунӣ ба назар мерасанд, оё кафолате ҳаст, ки баъд аз додани иҷозати шикор саршумори ин паранда ҳифз мешавад?
Дар бозори деҳоти «Россия» - и ноҳияи Рӯдакӣ дар чанд нуқта фурӯши кабкҳои Дарвозу Варзоб, дараи Қаратоғу дигар минтақаҳои кӯҳистон ба роҳ монда, то 200 сомонӣ арзиш дорад. Агар шикори кабк манъ бошад, пас он аз куҷо вориди бозор мешавад?
Ба гуфтаи фурӯшанда Мирзо Собиров, ба бозор бештар кабкони шикоршударо меоранд.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои парандапарварӣ ба 120 адад расидааст. Аз ҳама фаъол – хоҷагиҳои парандапарварии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд, ки қисман ба омӯзиш ва парвариши кабк машғуланд. Аммо тавре маълум гардид, масалан, дар хоҷагиҳои «Хуҷандкимиё» ва «Ихлос» - и ноҳияи Рӯдакӣ кабк нигоҳубин ва парвариш карда намешавад. Яъне, дар бозорҳо аз ҳисоби хоҷагиҳо имконияти ба фурӯш баровардани кабк камтар аст ва шикор ягона манбаи дастрас ва ба фурӯш гузоштани он боқӣ мемонад.
Ба андешаи мутахассисон, яке аз сабабҳои кам гардидани саршумори кабк дар табиат ин шикори ғайриқонунии он аз ҷониби як гурӯҳ ашхоси манфиатдор ба воситаи тӯр барои фурӯш мебошад. Сабаби дигар аз меъёр зиёд чарондани чорвои майда аст. Чорво алафро поймол, тухм, чӯҷа ва лонаи кабкро нобуд менамояд.
Тарафи дигари масъала ин аст, ки ғайр аз фурӯши ҳайвоноти шикорӣ дар бозорҳо истифодаи он дар ошхонаю тарабхонаҳо низ ба назар мерасад. Махсусан дар ошхонаю тарабхонаҳои «Роҳат», «Фарел», «Наврӯзгоҳ», «Шаҳрисабз», аз гӯшти кабк таом тайёр мекунанд.
Исмоил Андамов, сардори раёсати байтории Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, дар ин бора, гуфт, ки дар озмоишгоҳҳои байторӣ аз рӯйи маҳсулоти ҳайвоноти ваҳшӣ ва паранда ташхис гузаронда намешавад. Аммо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар 553153 ташхис, аз ҷумла дар 147871 ташхиси гӯшт, 26706,9 килограмм гӯшти бесифат ва хавфнок муайян гардида, аз фурӯш боздошта шуд.
Бо мақсади дар хоҷагиҳои парандапарварӣ истеҳсол кардани гӯшти кабк Давлатҷон Комилзода, академики Академияи илмҳои кишоварзӣ, пешниҳод менамояд, ки хоҷагиҳои махсусгардондашудаи парвариши кабк бунёд карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати дар кишвар истеҳсол кардани гӯшти кабк ҳолатҳои бе иҷозат шикор кардани он камтар мешаванд. Ҳоло аз ҷониби олимон ва мутахассисони соҳа вобаста ба муайян кардани зотҳои кабк, ки то 40 - 50 тухм мегузоранд, корҳои илмӣ – амалӣ рафта истодаанд, махсусан дар самти омӯзиши кабк, мурғи марҷон ва мурғи султонӣ.
Талабот ба кабк сол ба сол зиёд шуда истодааст. Дар вақти мораторий шикори кабк ҳам ба серхаридор будани он иртибот дорад. Аз ин лиҳоз, пешгирӣ кардани шикори ғайриқонунӣ ва ба ин васила ҳифзу нигоҳдории захираҳои табиии он аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд. Махсусан аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъулияти бурдани назоратро дар самти ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвонот ба дӯш дорад.
Тавре аз шуъбаи назорати давлатии ҳифзи олами набототу ҳайвоноти кумита, иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ дар баробари шикори кабк, шикори дигар ҳайвонот, аз ҷумла, моҳӣ, хуки ёбоӣ ва бузи кӯҳӣ, дар маҷмӯъ 138 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст ва дар бештар маврид, вобаста ба ошкор намудани қонуншиканиҳо дар шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва паранда, инчунин, фурӯши паранда ва ҳайвоноти ваҳшӣ дар бозорҳо ва маҳсулоти онҳо дар тарабхонаю ошхонаҳо аз тарафи раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бемасъулиятӣ зоҳир карда мешавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2019 №: 185 Мутолиа карданд: 1155