logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

30 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2024” гузориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода шунида шуд.
Зарурати таҳияи лоиҳаи қарори мазкур афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, зеро фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат кардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои омӯзиш, пешгирӣ ва табобати фарбеҳӣ дар доираи “Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2024” тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Сипас, аъзои Ҳукумати кишвар 16 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи  вакилон ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, дар бораи лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радио” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ниҳолпарварӣ” - ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Дар маҷлис, ҳамчунин, масъалаҳо дар бораи лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва оид ба низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои босифати супоришҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дастурҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳо ба маъракаи зимистонгузаронӣ, кишти тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ дода шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 9622
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед