ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
КОРРУПСИЯ
Дуздии корманди соҳаи нафақа аз хазинаи давлат
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Майсара Расулова, корманди Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти агентӣ, ҳоло тафтиши пешакии кирдори Майсара Расулова, мутахассиси пешбари шуъба оид ба пардохти кӯмакпулиҳои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ва исрофкорӣ) ва 340 қисми 2 банди “а” (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) идома дорад. Гуфта мешавад, ки "номбурда дар раванди фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ, бархилофи талаботи қонунгузории амалкунанда оид ба таъйин ва пардохти нафақа амал намуда, давоми солҳои 2017 - 2019 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба номи 5 шаҳрванд ба маблағи умумии 333,508,09 сомонӣ талабот нишон дода, ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронда, тавассути кортҳои пластикии «Амонатбонк» тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст".
Дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъкид мекунад, ки Майсара Расулова бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расондааст.
ҒОРАТГАРӢ
Боздошти маҳкумшудае, ки боз ба ҷиноят даст зад
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти нафаре ба гумони ғоратгарӣ хабар дод, ки қаблан бо моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.
Гумонбар, ки марди 40 - сола ном бурда мешавад, 27 сентябри соли ҷорӣ дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як сокини шаҳри Гулистонро бе асос латукӯб намуда, 3000 сомонӣ ва 5000 рубли русиро бо дигар лавозимоташ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Боздошти ғоратгар дар асоси аризаи марди ҷабрдида ба ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муяссар гардида, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба ӯ бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.12.2019 №: 187 Мутолиа карданд: 1075