суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2009-ум ва вазифаҳо барои соли 2010, ш. Душанбе, 30 январи соли 2010
Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки аз муҳокимаи ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузорӣ бармеояд, соли 2009 барои мо бо вуҷуди мушкилоту проблемаҳои муайян, аз ҷумла идома ёфтани бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва норасоии барқ дар давраи тирамоҳу зимистон дар маҷмӯъ соли босубот буд. Дар натиҷаи татбиқи саривақтии вазифаҳои муайянгардида, чорабиниҳои зиддибӯҳронӣ, густариши ислоҳоти иқтисодӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои мавҷуда ба мо муяссар гардид, ки соли гузашта рушди бонизоми иқтисоди миллиро асосан таъмин намоем. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 20 миллиарду 623 миллион сомониро ташкил кард, ки ин нисбат ба соли гузашта 3,4 фоиз зиёд мебошад. Рушди иқтисод асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, гардиши савдои чакана ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт таъмин карда шуд. Сатҳи таваррум ба 5 фоиз баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 2,4 баробар ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи дурнамо 2,6 маротиба паст мебошад.
Вале бо вуҷуди ин бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, ба фаъолияти соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, ба низоми молиявию бонкӣ, ба тавозуни пардохт ва тиҷорати хориҷии мамлакат таъсири манфӣ расонид. Дар натиҷа суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2008-ум 4,5 банди фоизӣ ва дурнамои қабулшудаи соли 2009-ум 3,7 банди фоизӣ кам гардид.
Таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ нишон медиҳад, ки ба афзоиши бештари маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баъзе монеаҳо, хусусан ба андозаи 23 фоиз коҳиш ёфтани гардиши савдои хориҷӣ ва 15 фоиз кам гардидани маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ, инчунин 6 фоиз кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ҳамзамон бо ин сатҳи пасти истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ таъсири манфӣ расониданд, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.
Бо мақсади ҳарчи камтар сохтани таъсири манфии бӯҳрон моҳи апрели соли 2009 Нақшаи тадбирҳои иловагии зиддибӯҳронӣ дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, дастгирии иқтисоди воқеӣ ва соҳибкории хурду миёна, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ қабул карда шуд. Тадбирҳои андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки барои идома бахшидани ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи он заминаи устувор гузошта шавад.
Аз ин рӯ, бо мақсади гузаронидани таҳлили низоми андозбандӣ, таъмин кардани рушди афзалиятнок ва босуръати корхонаву ташкилотҳои истеҳсолкунандаи молу маҳсулот, диверсификатсияи он, инчунин ба эътидол овардани тавозуни гардиши савдои хориҷӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук гурӯҳи корӣ таъсис дода, масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор диҳанд ва аз натиҷааш дар нимсолаи аввали соли 2010 ба Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод созанд.
Чанд рӯз пештар дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» муҳокима ва маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ин санад Барномаи миёнамӯҳлати амалигардонии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 буда, самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро дар ин давра бо дарназардошти таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ муайян менамояд. Фикр мекунам, ки қабули ҳуҷҷати мазкур ва иҷрои саривақтии нишондодҳои он барои тараққиёти минбаъдаи кишварамон иқдоми муҳиме хоҳад гардид.
Дар асоси нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар соли 2010 бояд афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи на камтар аз 5 фоиз таъмин гардида, меъёри таваррум дар сатҳи 9 фоиз нигоҳ дошта шавад. Бо ин мақсад рушди соҳаҳои энергетика, саноат, махсусан саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши хизматрасониҳо дар назар дошта шудааст.
Ҷиҳати таҳлили ҳолати воқеии рушди иқтисоди мамлакат таҳияи маълумоти оморӣ ҳанӯз ҳам нокифоя буда, ҳамоҳангсозии байни нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, пулию қарзӣ ва андозу буҷет беҳбудиро металабад. Бино бар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷо бо Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати омода намудани маҷмӯаи таҳлилӣ доир ба вазъи макроиқтисодӣ, таҳлили муфассали тамоюлҳо ва таҳияи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар чораҷӯӣ намояд.
Таъмини рушди босуботи иқтисоди кишвар тақозо менамояд, ки корҳо дар ин самт дар ҳамоҳангӣ бо такмили сохтори идоракунии давлатӣ гузаронида шаванд. Таъкид месозам, ки ин талаботи замона ва чораи мутобиқшавӣ ба оқибатҳои раванди ҷаҳонишавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки дар заминаи таҳлили фаъолияти сохторҳои кунунӣ оид ба такмили минбаъдаи онҳо ба ҳукумат пешниҳодоти мушаххас манзур созад. Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст, ки ба хотири таъмини нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи макроиқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум камбудиву норасоиҳои мавҷударо муайян ва бартараф намуда, фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди кишварро пурзӯр гардонад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Соли гузашта буҷети давлатӣ ба андозаи 99,7 фоиз иҷро карда шуд. Бо вуҷуди аз ҷониби Кумитаи андоз дар ҳаҷми 107 фоиз иҷро гардидани нақшаи умумии пардохтҳо ва андозҳои дохилӣ, иҷрои нақшаи 3 намуди андоз таъмин карда нашуд. Дар натиҷа ба буҷет 31,4 миллион сомонӣ кам маблағ ворид гардид. Инчунин, масъалаи бақияпулиҳо аз андоз, яъне қарздорӣ аз пардохтҳои давлатӣ, ҳанӯз на танҳо ҳал нашудааст, балки сол ба сол афзуда истодааст.
Ҷамъоварии пардохтҳо ва андозҳои гумрукӣ якуним миллиард сомониро ташкил кардааст, ки ба 90 фоизи нақша баробар мебошад.
Аз ин рӯ, Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук вазифадоранд, ки якҷо бо мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмин намудани иҷрои буҷети давлатӣ, ба буҷет пурра ворид кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба ташаккули бақияпулиҳои нав, инчунин истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон бо ин, мақомоти зикршуда вазифадор карда мешаванд, ки механизми нави ҷамъоварии бақияпулиҳои андозро таҳия карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Аз буҷети имсола 32 фоизи маблағҳо барои рушди иқтисоди воқеӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва инфраструктураи онҳо, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои мошингард ва нақбҳо равона карда мешавад. Яъне буҷети давлатӣ хусусияти истеъмолии худро тағйир дода, характери буҷети тараққиётро гирифтааст.
Вале ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки дар буҷет ба рушди иҷтимоӣ афзалият дода шуда, он асосан барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи иҷтимоӣ, хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, беҳдошти тандурустии мардум, илму маориф ва таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида мешавад. Дар буҷети соли 2010-ум ҳаҷми умумии маблағҳои барои соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинишуда 42 фоизи қисми хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2009-ум 13 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки захираҳои молиявии давлатӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои буҷети давлатии соли 2010-ум зарур аст, ки баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии дақиқи тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ ҳарчи зудтар ва дуруст ба роҳ монда шуда, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таъмин карда шавад.
Дар баробари ин, масъалаи пурра ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагон ва манбаъҳои андозситонӣ, самаранокии андозбандӣ ва додани ҳар гуна имтиёзҳо оид ба андоз бояд мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шавад.
Соли гузашта Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирии таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, ҳавасмандгардонии сармоягузорон ва диверсификатсияи истеҳсолот барои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкории хурду миёна як қатор тадбир амалӣ намуд, ки чанде пеш дар мулоқот бо соҳибкорони мамлакат ҳамаи онҳо зикр шуданд ва ҳоло ҳоҷат ба такрор нест.
Барои амалӣ сохтани сиёсати пурсамари пуливу қарзӣ ва таъмини рушди низоми бонкӣ такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба пурзӯр намудани назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ дар самти идоракунии дороиҳо ва ӯҳдадориҳо, таъмини пардохтпазирӣ, паст кардани сатҳи хавфҳои бонкӣ, ки ҳамаи ин тадбирҳо ба устувории низоми бонкии кишвар равона шудаанд, зарур шуморида мешавад. Бо вуҷуди таъсири манфии бӯҳрон соли 2009-ум дороии умумии ташкилотҳои қарзӣ 20 фоиз ва бақияи умумии амонатҳо 37 фоиз афзуд. Ҳамин аст, ки соли гузашта ҳаҷми умумии қарзҳои пешниҳодшуда 12,4 фоиз афзуда, ба 4,4 миллиард сомонӣ баробар гардид. Маблағҳои ҷудошуда бештар ба бахши воқеии иқтисод равона карда шуданд.
Вале дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар соли 2009 ба 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2008 ба андозаи 2,2 фоиз кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 6,2 фоиз кам гардида, ҳамагӣ 408 миллион сомониро ташкил намуд. Аз ин рӯ, ба Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки бо мақсади таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва ташкили ҷойҳои нави корӣ соли ҷорӣ ҳаҷм ва теъдоди қарзҳои пешниҳодшавандаро зиёд намоянд. Инчунин оид ба масъалаи содда намудани тартиби қарздиҳӣ, инкишофи ҳисоббаробаркуниҳои ғайриандозӣ ва пешниҳоди қарзҳои бештар ба соҳаи соҳибкории хурду миёнаи бахши воқеии иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ ва саноат, тадбирҳои зарурӣ андешанд ва фоизи қарзҳои пешниҳодшавандаро бо дарназардошти нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ таҷдиди назар намоянд. Ба Бонки миллӣ тавсия дода мешавад, ки бо мақсади таъсис додани воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Дар афзун гардонидани иқтидори иқтисодии кишвар такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоя аҳамияти хоса дорад. Соли гузашта ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 3,7 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 15 фоиз кам мебошад.
Кам гардидани шумораи иншооти бунёдшаванда ба ташкилотҳои сохтмонӣ имкон дод, ки маблағҳои мавҷударо бештар барои ба охир расонидани бунёди иншооти нимтайёр масраф намоянд. Дар натиҷа соли гузашта нисбат ба соли 2008 фондҳои асосӣ 2,4 баробар, хонаҳои истиқоматӣ 23 фоиз, мактабҳои таҳсилоти умумӣ 17 фоиз ва дармонгоҳҳо аз рӯи қабул дар як баст 4,8 баробар зиёд ба истифода дода шуданд. Ҳоло дар кишварамон 59 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо 8 миллиарду 80 миллион сомониро ташкил медиҳад. Вале, мутаассифона дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳанӯз захираву имкониятҳои истифоданашуда ва камбудиҳои зиёд мавҷуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби баъзе марказҳои татбиқи лоиҳаҳо азхудкунии саривақтии маблағҳои ҷудошуда, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳои сохтмонӣ, инчунин идоракунии самараноки татбиқи лоиҳаҳо таъмин карда намешавад.
Дар фаъолияти марказҳои алоҳидаи татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳо, сифати корҳои баанҷомрасида, шаффофияти гузаронидани озмунҳо оид ба муайян намудани пудратчиҳо, хариди мол ва хизматрасониҳо камбудиҳои зиёд ҷой доранд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ тартиби нави баргузории озмунҳоро оид ба интихоби пудратчӣ, хариди мол ва хизматрасониҳо бо дарназардошти риояи принсипи шаффофияти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ амалӣ намояд.
Илова бар ин, бо мақсади ҷалби мақсадноки кӯмаки беруна, беҳтар ба роҳ мондани ҳамоҳангсозӣ ва истифодаи самараноки он ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия карда, то охири нимсолаи аввали соли 2010 ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Рушди коғазҳои қиматнок ва бозори такрории он яке аз фишангҳои муҳими иқтисодӣ барои ҳимояи фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Бино бар ин, Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки миллӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон, ҷорӣ намудани унсурҳои нави молиявӣ ва тақвияти назорати бозори молиявӣ, таҳия ва баррасии санадҳоро оид ба гардиши коғазҳои қиматнок, ки метавонанд захираҳои дохилиро ба бозори молиявӣ ҷалб созанд, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, то охири нимсолаи аввали соли 2010 ба Ҳукумати кишвар пешниҳодоти мушаххас манзур намояд. Ҳамзамон бо ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ дар бораи ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ва «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тадбирҳо андешида, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои нави Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши иншооти хусусишаванда ва Тартиби ба ҷамъияти саҳомии шакли кушода табдил додани корхонаи давлатиро дар нимсолаи аввали соли 2010 таъмин намояд.
Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!
Соли сипаришуда бар асари душвориҳои молиявӣ, норасоии барқ ва ашёи хом корхонаҳои саноатии кишвар нисбат ба соли 2008-ум ба маблағи 420 миллион сомонӣ камтар маҳсулот истеҳсол кардаанд. Кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот асосан дар корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук, сӯзишвориву энергетикӣ, металлургияи ранга, кимиё ва нафту кимиё ба амал омадааст.
Барои инкишофи соҳаи саноат то ба имрӯз қарору барномаҳои зиёд, аз ҷумла барномаҳои рушди соҳаи коркарди тилло ва нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, тараққиёти соҳаи саноати сабук ва коркарди пурраи нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз алюминии аввалия, рушди соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати масолеҳи сохтмон қабул гардида, мавриди татбиқ қарор доранд. Дар доираи онҳо танҳо соли гузашта 73 корхонаи нави саноатӣ ва як қатор корхонаҳое, ки муваққатан аз фаъолият бозмонда буданд, ба кор андохта шуда, ба ин восита дар маҷмӯъ қариб 7 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шуданд.
Қобили ёдоварии махсус аст, ки дар давоми панҷ соли охир бори аввал дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар раванди коҳишёбии ҳиссаи маҳсулоти соҳаи саноат боздошта шуд ва афзоиши он нисбат ба соли 2008-ум ба андозаи 0,3 банди фоизӣ таъмин гардид.
Бо мақсади ба ин раванд тақвият бахшидан ба вазоратҳои энергетика ва саноат, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки доир ба ҷалби инвеститсияҳо ба соҳаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр чораҳои муассир андешанд.
Бояд таъкид кард, ки агар омилҳои асосии коҳиш ёфтани истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ, аз як тараф, кам шудани талабот ба маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ, кам будани маблағҳои гардон ва дастрасии нокифояи қарзҳои бонкӣ ба бахши воқеӣ бошанд, аз тарафи дигар, мавҷудияти камбудиҳои зиёд дар татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва ба таври кофӣ истифода нагардидани захираву имкониятҳои мавҷуда мебошанд. Соли гузашта аз 824 корхонаи саноатӣ танҳо 58 фоизи онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2008 зиёд намуда, дар 31 фоизи корхонаҳои боқимонда ҳаҷми истеҳсол коҳиш ёфтааст ва 11 фоизи онҳо аз фаъолият бозмондаанд. Дар баробари ин, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти босифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯ кам ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки бақияи мол дар анбори корхонаҳо дар соли 2009 ба маблағи 124 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.
Бо дарназардошти чунин вазъ, зарур аст, ки Вазорати энергетика ва саноат бо ҳамкории вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф, молия ва Академияи илмҳо бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани ихтирооти илмиву техникӣ ва технологияҳои муосир дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 хулосаҳои худро дар бораи таъсис додани истеҳсолоти хурду миёнаи озмоишӣ дар назди муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир вобаста ба рушди соҳаи энергетика корҳои зиёдро ба анҷом расонида истодааст. Аз ҷумла, ҳоло бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ нӯҳ лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо 2 миллиарду 625 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Соли гузашта Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 ба кор андохта шуда, сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда-2 ва Роғун босуръат идома дорад. Илова бар ин, дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 соли гузашта 50 нерӯгоҳ сохта, ба истифода дода шуд ва ҳоло шумораи умумии онҳо дар кишвар ба 189 адад расид.
Дар соли 2009 аз буҷети давлатӣ барои идома додани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун 533 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд. Соли ҷорӣ ҷудо кардани маблағи зиёда аз 650 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд мебошад. Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва саноат зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда-2 ва нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ тадбирҳои муассир андешад.
Ҷиҳати бунёд намудани инфраструктураи энергетикии кишвар, яъне сохтмони хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Соли гузашта сохтмони хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» анҷом ёфта, шабакаи ягонаи энергетикии кишвар таъсис дода шуд. Дар баробари ин, дар мамлакат ҷиҳати истифодаи технологияҳои алтернативии истеҳсоли барқ ва гармӣ Барномаи мақсадноки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол ва энергияи манбаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015 амалӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва саноат зарур аст, ки дар бобати сохта, ба истифода додани ду корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф, таҷҳизоти нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва як корхонаи истеҳсоли батареяҳои офтобӣ дар заминаи корхонаҳои саноатии мавҷудаи кишвар тадбирҳо андешад. Инчунин таъмиру таҷдиди иқтидорҳои мавҷудаи барқи обӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обиро идома дода, доир ба ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда ва кам кардани талафоти он чораҳои қатъиро амалӣ созад.
Соли гузашта дар 16 кони нафту газ ва 14 кони ангишти кишвар истихроҷи сӯзишворӣ сурат гирифт. Истеҳсоли нафту газ нисбат ба соли 2008-ум мутаносибан 1,2 фоиз ва 35,4 фоиз афзуд, вале истихроҷи ангишт 11 фоиз коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, Вазорати энергетика ва саноат, инчунин корхонаҳои соҳаи нафту газ ва ангишт вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти солонаи худро ҳаматарафа таҳлил карда, камбудиву норасоиҳои мавҷударо бартараф ва доир ба зиёд намудани истихроҷи сӯзишворӣ, инчунин суръатбахшии корҳо дар конҳои ояндадори нафту гази мамлакат чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Рушди инфраструктураи нақлиёт омили муҳими пешрафти иқтисод мебошад. Дар ин замина мо солҳои охир сохтмони як қатор шоҳроҳу нақбҳо ва пулҳои байнимарзиро анҷом дода, имрӯз кишвари худро ба як қаламрави воҳид табдил додем ва рафтуомади доимии нақлиётиро ба тамоми минтақаҳои кишвар, инчунин ба давлатҳои ҳамсоя таъмин кардем.
Ҳоло бо истифода аз маблағҳои зиёди буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 200 километр роҳи мошингард, 14 километр нақб, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру таҷдид шуда истодаанд.
Дар баробари маблағҳои давлатӣ 13 лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо 2 миллиарду 860 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бӯстон - Чанак дар арафаи анҷомёбӣ буда, таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат идома дорад. То охири соли ҷорӣ нақби «Шаҳристон» ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон бо ин, барои азнавсозии 380 километр роҳ омодагӣ шурӯъ шудааст.
Мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки кишварамонро то ҷашни 20 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшем. Бо дарназардошти аҳамияти ҳаётии ин масъала, инчунин ҷиҳати ба қаламрави транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба мо зарур аст, ки тамоми инфраструктураи нақлиёти автомобилиро навсозӣ карда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонем ва монеаҳои сунъиро дар ин самт бартараф созем. Дар робита ба ин, ба Хадамоти гумрук зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати истифодаи шакли нави эъломияи гумрукӣ ва транзитии мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ таҳияшуда чораҳои зарурӣ андешида, пешниҳодоти худро доир ба ин масъала то охири июни соли ҷорӣ ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд. Ҳамзамон бо ин, таъкид месозам, ки масъалаи нигоҳдории роҳҳои мошингард набояд аз мадди назар дур монад. Зеро ҳарчанд ки то имрӯз ҷиҳати таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди кишвар маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, вале ҳатто роҳҳои нав сохташуда бо сабаби беназоратӣ торафт сифати худро гум карда истодаанд.
Ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия зарур аст, ки назорати истифодаи роҳҳои мошингардро пурзӯр гардонида, доир ба танзими ҳаракати нақлиёти калонҳаҷми автомобилӣ дар роҳҳои кишвар ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, назорати сифати иҷрои корҳои сохтмони роҳҳо, инчунин нигоҳдории ҳолати дурусти роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои муассир андешад.
Вазъи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ низ беҳбудиро тақозо дорад. Баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, таъмини амнияти парвозҳо, паст гардонидани арзиши хизматрасонӣ, ба талаботи иқтисоди миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ намудани инфраструктураи фурудгоҳҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳа мебошанд. Сатҳи хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан низ бояд ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонида шуда, вазъи бору мусофиркашонӣ беҳтар ва тарифҳои онҳо воқеӣ карда шаванд.
Ҷиҳати рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳан мо соли гузашта ба сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа шурӯъ кардем ва ҳоло бунёди он дар қитъаҳои Ваҳдат - Ёвон-1 ва Ваҳдат - Ёвон-2 босуръат идома дорад. Бинобар ин, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо ҷалби сармоягузории хориҷиву ватанӣ ба раванди сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Душанбе суръат бахшида, доир ба навсозии роҳҳои оҳани мавҷуда ва таҷдиди истгоҳи роҳи оҳани Душанбе, инчунин сохтмони истгоҳи Хонақо чораҳои зарурӣ андешад. Илова бар ин, Агентии сохтмон ва меъморӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои беҳтар намудани сифати корҳои сохтмон бо истифода аз таҷрибаи бой ва суннатҳои қадимаи меъмории миллӣ, тезонидани корҳои ободониву созандагӣ, инчунин хароҷоти сарфакоронаву мақсадноки маблағҳои ҷудошуда вазифадор карда мешаванд.
Бори дигар таъкид месозам, ки ҳангоми лоиҳакашии тамоми намудҳои бинову иншоот, сарфи назар аз таъиноти онҳо, бояд истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ба нақша гирифта шавад.
Соли гузашта даромадҳои тарифии соҳаи алоқа, бо дарназардошти ҳиссаи операторони хусусӣ 1 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2008-ум 13 фоиз зиёд мебошад. Шумораи муштариёни алоқаи сайёр ба 5 миллион нафар ва истифодабарандагони Интернет ба 505 ҳазор расид, ки ин рақамҳо дар муқоиса бо соли 2008-ум мутаносибан 51 ва 14 фоиз зиёданд. Ҳоло ба 100 нафар муштариёни алоқаи сайёр 57 телефон рост меояд. Албатта ин хуб аст, вале дар ин самт захираву имкониятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Масалан, дастрасии чунин хизматрасониҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар то ба ҳол нокифоя мебошад. Дар робита ба ин ба Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия зарур аст, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии алоқаи барқӣ, Интернет ва дигар намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва дар доираи Барномаи нақлиётии нурию нахӣ ба анҷом расонидани корҳои сохтмон чорабиниҳои иловагиро амалӣ намояд.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Соҳаи кишоварзӣ дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мо, яъне таъмини амнияти озуқавории кишвар ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум, нақши муҳим дорад. Дар соли 2009 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 7 миллиарду 900 миллион сомониро ташкил кард, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 10 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ғаллаи истеҳсоли худӣ майдони кишти ғалладона ба 360 ҳазор гектар расонида шуд. Дар натиҷа дар кишвар бори аввал якуним миллион тонна ғалладона истеҳсол карда шуд, ки ин дар муқоиса бо соли 2008–ум 37 фоиз зиёд мебошад.
Дар соли 2009 барои дастгирии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ 180 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид ва тавассути бонкҳо дода шуд. Инчунин ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, идоракунии захираҳои об ва обшор кардани заминҳо 11 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо қариб як миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, ба вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираҳои об зарур аст, ки сабабҳо ва омилҳои коҳиш ёфтани ҳосилнокии майдонҳои кишти пахта ва масъалаҳои вобаста ба пахтакориро ба таври дақиқ омӯхта, доир ба беҳтар гардонидани вазъи соҳа тадбирҳои иловагӣ ва муассир андешанд.
Яке аз роҳҳои асосии пешрафти соҳаи кишоварзӣ дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани заминҳои корами обӣ, истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои кишт ва азхуд намудани заминҳои нав мебошад. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳолати мелиоративии заминҳо сол ба сол ба проблемаи мубрами соҳаи кишоварзӣ табдил ёфта истодааст.
Масалан, соли гузашта 18 ҳазору 100 гектар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 10 ҳазору 800 гектар ва вилояти Суғд 7 ҳазору 200 гектар замини корам кишт нашуда мондааст. Пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ бошад, дар соли 2009-ум ҳамагӣ 42 фоизро ташкил кардааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Дар баробари ин, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо солҳои охир 11 ҳазору 650 гектар заминҳои корами обӣ ғайриқонунӣ барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар дода шудаанд. Бо дарназардошти зарурати ҳалли ҳарчи зудтари камбудиву мушкилоти соҳаи кишоварзӣ ва таъмини рушди устувори он дар соли 2010-ум ба Вазорати кишоварзӣ зарур аст, ки якҷо бо Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати истифодаи самараноки замин, таъмини супоришҳо доир ба кишти такрорӣ ва баланд бардоштани маданияти заминдорӣ аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Ҳамчунин барои беҳтар намудани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, истеҳсоли тухмии хушсифати зироатҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии майдонҳои кишт чораҳои таъхирнопазир андешад.
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати таъсис додани шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва дар ин замина беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардум дар соли 2010 дар бораи аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда азхуд намудани заминҳои нави обёришаванда тадбирҳои зарурӣ андешад. Ва якҷо бо Вазорати молия доир ба таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои аз буҷет ҷудошуда чораҷӯӣ намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати кишвар рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоиро мақсади асосии сиёсати созандаи худ қарор дода, дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Соли гузашта барои таъминоти соҳаи маориф зиёда аз як миллиард сомонӣ ҷудо гардид, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 40 фоиз зиёд мебошад. Танҳо соли гузашта дар мамлакат 210 бинои мактаб барои 35 ҳазор хонанда сохта, ба истифода супорида шуд. Мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар дар маҷмӯъ бо 27 ҳазор компютер таъмин карда шуданд, ки ин ба сифати таълим ва ташаккули ҷаҳонбинии замонавии хонандагон, бешубҳа, таъсири мусбат мерасонад. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки шароити инфраструктураи соҳаи маориф, сифати таълиму тарбия ва дониши хонандагону донишҷӯён ҳанӯз беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад. То ба ҳол барои таҳсили шоистаи хонандагон дар баъзе мактабҳо шароит фароҳам оварда нашудааст. Имрӯз дар назди кормандони соҳаи маориф вазифаи ниҳоят масъулиятнок, яъне мувофиқи талаби замон ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқи ҳамида, донишҳои муосири насли ҷавони мамлакат истодааст ва барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳои созанда софдилона заҳмат бояд кашид. Пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ба алоқамандии илму истеҳсолот, истифодаи технологияи муосир ва мутахассисони дорои маърифати баланд ва фарҳанги техникӣ вобаста аст. Дар ин бобат чанде пеш ман дар мулоқот бо аҳли маориф ва кормандони илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карда будам ва ҳоло мехоҳам таъкид намоям, ки дар соли 2010-ум, яъне Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, бояд Вазорати маориф ва ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумиву олӣ, инчунин илмӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки рушди устувори илму маориф дар мамлакат мутобиқи талаботи замон таъмин карда шавад.
Барои ҳифзи шоистаи тандурустии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои ташхису табобат Ҳукумати кишвар рушди соҳаи тандурустиро таъмин намуда истодааст. Соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлатӣ 23 ва дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 110 муассисаи тиббӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шуданд. Бо мақсади такмили сохтори идоракунии соҳаи тандурустӣ чанде пеш дар таркиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ ташкил карда шуданд. Вале ҳанӯз масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак, нарасидани мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ, кӯҳнаву фарсуда шудани таҷҳизоти тиббӣ, нарасидани нақлиёти тиббӣ ва бо доруворӣ пурра таъмин набудани дармонгоҳу нуқтаҳои тиббӣ ҳаллу фасли худро тақозо доранд. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани камбудиву норасоиҳои зикршуда ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, инчунин ҷорӣ кардани усулҳои наву замонавии ташхису табобати беморон чораҳои мушаххасро амалӣ созад.
Бояд тазаккур дод, ки бо вуҷуди дастгирии пайвастаи Ҳукумат дар самти таҳкими заминаи моддиву техникии соҳаи фарҳанг ҳанӯз марказҳои фарҳангӣ, клубу китобхонаҳои маҳаллӣ, инчунин муассисаҳои тобеи Кумитаи телевизион ва радио ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд. Намоишу барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ низ беҳбудӣ металабад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио зарур аст, ки барои аз байн бурдани камбудиҳои зикршуда тадбирҳои муассир андешанд. Ҳамчунин, Кумитаи телевизион ва радио вазифадор карда мешавад, ки то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ фарогирии пурраи қаламрави кишварро бо мавҷҳои телевизион ва радиои марказӣ таъмин намояд.
Дӯстони азиз!
Дар шароити имрӯза ҳаллу фасли масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи тамоми сохторҳои давлатӣ мебошад. Бо дарназардошти таъсири омилҳои бӯҳронӣ ба бозори меҳнат ва сатҳи шуғлнокии аҳолӣ соли гузашта дар мамлакат дар маҷмӯъ 185 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуданд, ки ин ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Ба ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки иҷрои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2010-2011 таъмин намуда, бо роҳи вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ба ташкили шумораи ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ мусоидат намоянд. Дар ин самт ҳамчунин зарур аст, ки Бонки миллӣ, “Амонатбонк”, бонкҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо шаклҳои нави хизматрасониро ба аҳолӣ ҷорӣ намоянд.
Дар самти ҳифзи иҷтимоӣ Ҳукумати мамлакат ба пардохти саривақтии нафақа ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Вале бо вуҷуди ин барои дар мӯҳлати муқарраргардида пардохт намудани нафақапулӣ мушкилиҳо мавҷуданд. Бо дарназардошти ин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадоранд, ки дар давоми соли ҷорӣ таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин санадҳои марбут ба таҷдид ва такмили сохтори мақомоти ваколатдори давлатии соҳаро ба анҷом расонида, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ҳукумати кишвар ба гурӯҳҳои ниёзманд ва камбизоати аҳолӣ, алалхусус собиқадорони ҷангу меҳнат, пирону ятимон ва маъюбону бепарасторон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Дар ин замина соли гузашта ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ва оилаҳои камбизоат ба андозаи беш аз 36 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ, аз ҷумла барои истифодаи қувваи барқ, гази табиӣ ва дигар пардохтҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Дар баробари ин дар давоми сол ба 245 ҳазор оилаҳои ниёзманд ва оилаи камбизоат, дар маҷмӯъ қариб 2 миллион адад лампаҳои каммасрафи барқӣ тақсим карда шуд. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2009 даромади пулии аҳолӣ нисбат ба соли 2008-ум 12 фоиз афзудааст. Музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ - 30 фоиз ва илму маориф - 15 фоиз баланд карда шуд. Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки вазъи пардохти музди меҳнат ва афзоиши қарздорӣ аз он ҳамоно ташвишовар мебошад. Вобаста ба ин, ба вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки дар бораи пардохти саривақтии нафақа ва музди меҳнат чораҳои таъхирнопазир андешанд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки хароҷоти мақсадноки ин маблағҳо таъмин карда шавад.
Ҳозирини мӯҳтарам!
Пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба таъмини суботи устувори ҷомеа, ки асоси онро риояи қонуният ташкил медиҳад, иртиботи бевосита дорад. Таҳлили вазъи риояи қонуният ва сатҳи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки соли 2009 дар мамлакат қонуншиканӣ нисбат ба соли 2008-ум шашуним фоиз афзоиш ёфтааст. Болоравии сатҳи ҷинояткорӣ, бахусус содир гардидани ҷиноятҳои вазнин, ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон ва гурӯҳҳои муташаккил дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон, инчунин ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад. Ҷинояткории гурӯҳи ашхос дар кишвар - 70 фоиз, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе - 150, вилояти Суғд – 65, ноҳияҳои тобеи марказ - 27 фоиз ва дар нақлиёт беш аз 10 маротиба афзудааст. Дар давоми як сол мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз чоруним тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд. Дар давоми соли 2009 аз ҷониби мақомоти прокуратура шумораи зиёди шаҳрвандон барои қонунвайронкуниҳо ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, беш аз 142 миллион сомонӣ маблағи зарар ошкор карда шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия соли гузашта дар фаъолияти сохторҳо ва субъектҳои хоҷагидории давлатӣ зиёда аз 70 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ва беш аз 900 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намудааст. Бо дарназардошти вазъи мавҷуда, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти прокуратура ва судҳо, инчунин Агентии назорати маводи нашъаовар супориш дода мешавад, ки доир ба паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирӣ намудан ва тақвияти мубориза бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, пеш аз ҳама терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, таъмин кардани риояи қатъии қонуният, такмили маҳорати касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва хизматчиёни ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва ҳамеша ба зиракии сиёсиву касбӣ даъват намудани онҳо тадбирҳои муассир ва доимӣ андешанд. Дар айни ҳол аз ҳамаи роҳбарону кормандони мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳамчунин кулли хизматчиёни давлатӣ талаб карда мешавад, ки иҷрои Фармони Президенти мамлакатро дар бораи гузариш ба истифодаи лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, инчунин риояи ҳатмии қонуни танзими расму оинҳоро таъмин намоянд ва дар сарфаю сариштакорӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.
Мову шумо метавонем ба ин самти кор эътибори ҷиддӣ дода, маблағҳои сарфашудаи маъракаву маросимҳо ва тантанаву чорабиниҳои дигарро барои харидории саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва ҳарчи зудтар таъмин кардани истиқлолияти энергетикии кишварамон равона созем. Зеро Роғун на танҳо кафолати пешрафти минбаъдаи иқтисоди кишвар, балки шоҳсутуни бақову пойдории давлат, омили муҳимтарини беҳшавии сатҳу сифати зиндагии мардум, таконбахши ободии шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳкадаҳои кишвар, ниҳоят манбаи адонашавандаи рӯшноиву гармӣ барои ҳар хонадони Тоҷикистон мегардад. Дар ин давраи барои халқи мо тақдирсоз, яъне дар шароите, ки андешаи ба анҷом расонидани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун тамоми аҳли ҷомеаи моро фаро гирифтааст, вазифаи ҳар як роҳбар ва ҳар шахси бонангу номус дастгирии бевоситаи Муроҷиатномаи Роҳбари давлат доир ба харидории саҳмияҳои Роғун ва сафарбар намудани мардум ба ин иқдоми хайр мебошад.
Дар ин раванд, ҳоло халқи тоҷик, чи дар дохил ва чи дар хориҷ, бештар муттаҳид гардидааст ва ба мо зарур аст, ки ин муттаҳидиро дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ, ки пас аз як моҳ доир мегардад, боз ҳам мустаҳкамтар гардонем.
Барои дар доираи қонун, инчунин бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон баргузор гардидани он ва интихоби номзадҳои арзандаи халқ аз ҳар яки мо тақозо мешавад, ки ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо масъулияти баланд муносибат намоем ва барои озоду шаффоф гузаштани он ҳамаи шароити заруриро фароҳам оварем. Ҳамчунин дар хотир бояд дошт, ки соли оянда, яъне 9-уми сентябри соли 2011 мо санаи муборак ва муқаддаси миллиамон – 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил хоҳем кард. Ҳар кадоми шумо – дар ин толор нишастагон ва ҳар як фарди бонангу номуси Ватан бояд аз ҳоло кӯшиш намояд, ки ба қадри имкон дар ободониву созандагии сарзамини аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори давлати соҳибистиқлоли худ саҳме гузорад ва ин ҷашни муборакро бо дастовези арзанда истиқбол намояд.
Итминон дорам, ки мо бо пуштибонии мардуми шарифу сарбаланди кишварамон ва заҳмати содиқонаву софдилона ҳамаи нияту нақшаҳои неки худро амалӣ мегардонем ва дар солҳои наздик ба хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии халқамон ва шукуфоиву ободии давлати соҳибистиқлоламон ноил мешавем. Дар охир ба ҳамаи шумо дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти давлатӣ ба манфиати мардуми кишвар барори кор орзумандам.
Саломат бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3042