сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТҲОИ КИШВАРҲО
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро баён дошт.
Суҳбат дар фазои самимият ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси тамоми муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия мебошанд, сурат гирифт.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбод намуда, дар симои ӯ ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ иброз доштанд.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Александр Лукашенко бо беҳтарин таманниёти хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон табрику муборакбод намуд.
Дар рафти суҳбат Сарвари Беларус нақши бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.
Сарони ду давлат атрофи ҳолати кунуниву роҳҳои густариши тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор анҷом доданд. Зимнан, ба рафти иҷрои мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқотҳои қаблии сарварони ду кишвар бадастомада диққати махсус дода шуд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Касим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати ба мо дӯсти Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод намуд.
Касим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар эҳёи сулҳ ва ваҳдати миллии кишвар ва таъмини рушди пойдори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зикр кард.
Дар фазои дӯстонаву созандагӣ, сарони давлатҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои равобити ҳасанаи муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Президенти Тоҷикистон ва Президенти Қазоқистон дар суҳбати телефонӣ нисбат ба масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ ибрози назар карданд.
5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Президенти Қирғизистон Роҳбари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо паҳлуҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин зимн, президентҳои ҳар ду кишвар оид ба саъю кӯшишҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.10.2019 №: 189 Мутолиа карданд: 2635