сиёсат
ТОҶИКИСТОН ВА НОДИРТАРИН ТАҶРИБАИ РАСИДАН БА СУЛҲ
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Истиқлолияти давлатӣ барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушду такомули давлатдории навин Тоҷикистон пайваста қадамҳои устувор гузошта, дар 28 сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин давра бо мақсади таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои зиёд амалӣ шуда, барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як фарди ҷомеа барнома ва стратегияҳои мушаххас қабул гардидааст. Ба шарофати истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ иқтисодиёти бисёрҷанба ташаккул ёфт, ки дар он ба тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Бо назардошти аҳамияти стратегии ин бахш барои тараққиёти давлат ва рушду ҳавасмандгардонии ин самт ба таври назаррас сода кардани тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон диққати махсус дода шуд.
Яке аз омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёт устувории гардиши он мебошад, ки дар навбати худ аз вазъи ҳуқуқ вобастагии калон дорад. Дар ин ҷода аксаран баҳсҳое, ки аз амалисозии фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, аз ҷониби иштирокчиёни муомилот мустақилона бо назардошти манфиатҳои тарафайн дар асоси созиш ё гуфтушунид ҳал мегарданд. Аммо қисмати зиёди баҳсҳо, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни онҳо поймол мегарданд дар судҳои иқтисодӣ баррасӣ мегарданд, зеро дастрасӣ ба адолат дар рушди тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ нақши муҳим мебозад. Имрӯз дар мамлакат судҳои иқтисодӣ индикатори асосии иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ, инчунин, ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қароргирифта ва манфиатҳои қонунии давлат, корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳову шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар фаъолияти иқтисодӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими қонунияту пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ адолати судиро татбиқ менамоянд.
Бо гузарондани ислоҳоти судӣ ва такмил додани қонунгузорӣ мурофиаҳои судӣ ба сатҳи сифатан нав гузашта, муҳлати баррасии парвандаҳо кам гардида, марҳилаҳои судие, ки дар он такрор ба такрор парванда баррасӣ мегардид, хориҷ ва низоми истеҳсолоти иҷро сода гардонда шуд. Яъне, ҳокимияти судӣ, ки вазифаҳои асосии он дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад, ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Ин ҳама комёбиҳо, ки дар зарфи бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, натиҷаи заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат мебошанд. Ин мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имрӯз тоҷики ватандору ватанпараст комилан ин мавқеи сиёсии Роҳбари давлатро дастгирӣ менамояд. Зеро муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат кафили рушди Тоҷикистон мебошад.
Асрорзода ЗУҲУРИДДИН, сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳо,
ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои шаҳрвандони Суди Олии иқтисодӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2019 №: 191 Мутолиа карданд: 1487