logo

иқтисод

ШАҲРИНАВ. ОРЗУҲО САБЗ МЕШАВАНД

Табиати зебо, мавзеъҳои биҳиштосову дилкаш, чашмаҳои шифобахш ва обҳои мусаффои ноҳияи Шаҳринав - гӯшае аз сарзамини куҳанбунёди тоҷикон рӯҳро болида месозанд. Хусусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ғамхорию ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия рушд намуда, симои он куллан дигаргун шуд.

Чуноне ки Нусратулло Аюбзода, раиси ноҳия, иттилоъ дод, бо мақсади сазовор истиқбол намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия  корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат гирифта, дар доираи омодагиҳо ба ҷашн иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо диди нав ва муосир бунёд меёбанд ва кӯчаву маҳаллаҳо ҳусни тоза ба бар мекунанд.
Аҳли заҳмати ноҳия дар раванди созандагию ободонӣ баҳри шукуфоии диёр аз ҳарвақта бештар саҳм мегузорад. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани ин ҷашн бунёди 351 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 167 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Дар арафаи Ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.
Дар доираи иқдомҳои созандагӣ сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла литсей барои хонандагони болаёқат, қасри фарҳанг, биноҳои маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ, истиқоматии баландошёна, корхонаҳои коркарди маҳсулоти пластикӣ ва мева, бунгоҳҳои тиббӣ, клиникаи дандонпизишкӣ, майдончаю толорҳои варзишӣ, муассисаҳои таълимӣ, коргоҳҳои кулолгарӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, китобхона, қассобхона, чойхона, марказҳои инкишофи кӯдакон, ташхисию табобатӣ, савдо, меҳмонхона, дорухона, ошхона, сартарошхона, ҳаммом ва таъмиру мумфарш кардани роҳҳо, пулҳо, ба тартиб даровардани кӯчаю маҳаллаҳо ва биноҳои истиқоматӣ дар назар аст.     
Дар деҳаи Хоҷагулпӯши ноҳия аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони калонтарин маҷмааи истеҳсолӣ оғоз гардид. Тибқи лоиҳа, ин маҷмаа сардхона, гармхона, корхонаи мебелбарорӣ, боғи интенсивӣ, корхонаи мурғпарварӣ ва ошхонаю меҳмонхонаи замонавиро дар бар мегирад. Бо ифтитоҳи ин иншооти ҳозиразамон 120 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Аз ҷониби соҳибкорон аз чуқурии 130 метр об бароварда шудааст, ки тавассути ин амал талаботи маҷмааи замонавӣ ва сокинони гирду атроф бо оби тозаи нӯшоӣ қонеъ гардонда мешавад.
Боғи фарҳангӣ – фароғатии ноҳия навсозӣ мешавад. То имрӯз роҳравҳои боғ кошипӯш ва нишасткурсиҳо насб карда шудаанд. Дар дохили боғ барои дилхушию фароғати кӯдакон насби атраксионҳои гуногуни муосир низ дар назар дошта шуда, ҳудуди он пурра чароғон мегардад.
Дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 107 миллиону 470 ҳазор сомонӣ (117 дарсади дурнамо) расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллиону 702 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 14 миллиону 865 ҳазор сомонӣ  маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  7 миллиону 114 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот саҳми корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла ҶСК «Шаҳринав», «Сангрезаи Шаҳринав», «Баракат», «Сафо 2015», «Ғафур Пласт», чашмрас аст.
Ҳоло бунёди 3 корхонаи коркарди қуму шағал, корхонаи истеҳсоли хишт, фермаи мурғпарварӣ, корхонаҳои мебелбарорӣ ва коркарди нафт идома дорад.
Ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда аз ҷониби роҳбарияти ноҳия тадбирҳо роҳандозӣ гардида, дар байни соҳибкорон корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст. Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав» баъди навсозӣ ба кор пардохт. Аз 50 сехи мавҷуда 40 - тои он пурра таъмир гашта, парвариш ва истеҳсоли тухму гӯшти мурғ ба роҳ монда шуд. Имрӯз дар корхонаи мазкур 400 ҳазор сар мурғи тухмдеҳ ва гӯштӣ мавҷуд аст ва дар як рӯз 180 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардад. Дар баробари ин, ба аҳолӣ гӯшти мурғи парҳезӣ пешниҳод карда мешавад.
Тавассути татбиқи тадбирҳо дар доираи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 350 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. 105 нафар барои касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 65 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид. Ҳамчунин, 103 нафар ба омӯхтани касбҳои сабадбофӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, дуредгарӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ ва қолинбофӣ ҷалб шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорону сокинон талош доранд, ки дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ин гӯшаи диёрро ба як макони шукуфон, ободу зебо ва пешрафта табдил диҳанд.

Матлубаи  АБДУҚАҲҲОР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 2898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед