иқтисод
БОЗОР. ХӮРИШҲОРО ДАР ЧӢ ҲОЛ МЕФУРӮШАНД?
Дар бархе бозору фурӯшгоҳҳои пойтахт ба мушоҳида мерасад, ки хӯришҳоро дар ҷойҳои серодам ва канори роҳу гузаргоҳҳо мефурӯшанд. Ин ҳол моро водор кард, ки аз ин мавзеъҳо дидан намоем.
Дар бозорҳои “Саховат” ва “Деҳқон” хӯришҳои гуногунро дар ҳавои гарм бе ягон сарпӯш ва зарфи махсус дар дохили сатилҳои одӣ мефурӯшанд. Ин дар ҳолест, ки аз назди фурӯшандаҳои хӯришу таомҳо одамони зиёд рафтуо мекунанд.
Бино ба гуфтаи масъули бахши гигиенаи хӯрокаи сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Аҳлиддиншоҳ Қандаков, дар бозорҳо ҳар моҳ як маротиба барои санҷиши вазъи тозагӣ рӯзи санитарӣ гузаронда мешавад.
- Дар ҳар бозор маъмурият ва ташхисгоҳи экспертизаи санитарию байторӣ фаъолият менамояд, ки вазифаи онҳо назорат кардани сифату ҳолати маҳсулот мебошад. Соли ҷорӣ мутахассисони марказҳои назорати давлатии эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои назоратӣ оид ба ҳолати санитарии бозорҳо 12 рейд гузаронданд. Дар натиҷа, 67 фурӯшанда аз ҷойҳои номувофиқ ба ҷойҳои ҷавобгӯи талабот гузаронда, 129 нуқтаи савдои ба меъёрҳои санитарию гигиенӣ номувофиқ барҳам ва 45 фурӯшанда ҷарима баста шуданд. Сокини пойтахт Абдураҳим Раҷабов гуфт, ки бо сабаби дар ҷойи ифлосу чиркин фурӯхтани хӯришу таомҳо ман ҳеҷ гоҳ чунин маҳсулот намехарам. Бархе аз сабаби надонистани зарари маҳсулоти пастсифат аз бозорҳо маҳсулоти арзонро дастрас кардан мехоҳанд ва намедонанд, ки он ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Хуб мешуд, ки масъулин чунин маҳсулоти пастсифат, бахусус хӯришҳоро аз бозорҳо бардоранд ё барои онҳо шароити хуб фароҳам оваранд.
Ба ақидаи Фарҳод Ҳасанов, мудири кафедраи беҳдошт ва экологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, пеш аз он ки хӯришҳо дар бозорҳо ба савдо бароварда шаванд, фурӯшандаҳо бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва дафтарчаи хулосаи санитарии худро дошта бошанд.
Ҳамсуҳбати дигари мо Нӯшервони Билол, устоди ДДТТ, доир ба ин мавзӯъ чунин гуфт:
-Хӯриш маҳсулотест, ки зуд вайрон мешавад. Аз ин рӯ, илми тиб барои муҳлати нигаҳдошт ё ба савдо баровардани ин гуна маҳсулот меъёрҳои санитарию гигиенӣ муқаррар кардааст. Дар ин гуна хӯришҳо хавфу хатари бемориҳои сироятӣ дида мешавад. Агар дар вақти омода кардан, аз як ҷой ба дигар ҷой бурдан ва фурӯши чунин маҳсулот қоидаҳои санитарӣ риоя нашаванд, эҳтимоли заҳролудшавии одамон меафзояд.
Саломатиро бе риояи тозагӣ ҳифз кардан мушкил аст. Беҳуда таъкид намекунанд, ки “Тозагӣ гарави саломатист”. То куҷо ба гуфтаҳои мутахассисони соҳаҳои тиб ва санитарию эпидемиологӣ рост омадани вазъи воқеӣ дар бозорҳоро ба қазовати хонанда мегузорем.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2019 №: 191 Мутолиа карданд: 2703