қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2019»
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2018 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, № 11, мод. 683, с.2019, № 4-5, мод. 232, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2019, № 1606; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2019. № 1630) қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«14. Аз 1 августи соли 2019 воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 августи соли 2019 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 октябри соли 2019, № 1647
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2019, № 1428
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2019 №: 191 Мутолиа карданд: 1760