сиёсат
АВВАЛИН ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ ЗАНОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Бори нахуст дар кишвар таҳти сарпарастии сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ Форуми ҷумҳуриявии занон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон– омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайринисо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи форум Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ки имрӯз бонувони тоҷик бо истифода аз шароити созгори фароҳамовардаи давлату Ҳукумат бо масъулияти зиёд арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар ҷамъият тарғиб менамоянд. Дар асл ободиву суботи ҷомеа аз оилаи солим вобастагӣ дошта, ҷавҳари ободии ҳар хонадон аз сатҳи маънавиёту маърифати Зан - Модар сарчашма мегирад.
Сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода иброз намуд, ки қабул гардидани даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
- Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бонувони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи намоён касб менамоянд. Ин ҷо барои намуна метавон номи Озода Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуд, ки чанде қабл ба ҳайси сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» пазируфта шуданд. Ин маснади воло на танҳо ба Озода Эмомалӣ Раҳмон, балки барои ҳар як бонуи ҷумҳурӣ мояи фахр аст,- илова намуд мавсуф.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ амалӣ мегардонад. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд бо қарорҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 қабул гардида, имрӯз батадриҷ амалӣ мешаванд.
Ҳамзамон, дар форум аз ҷониби коршиносони соҳа ва олимону муҳаққиқон масъалаҳои фаъолияти бонувон дар сохторҳои давлатӣ, пешгирии шомилшавии занон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занон дар ривоҷу равнақи илм ва инноватсия, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, рушди фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон, нақши онҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Комрон САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.10.2019 №: 192 Мутолиа карданд: 2083