logo

сиёсат

МУЛОҚОТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТҲОИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки рушди муносибатҳо бо кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо Молдова, барои Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад ва байни ду кишвар имкониятҳои васеи истифоданашуда барои таҳкиму густариши робитаҳо мавҷуданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, кишоварзӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва фарҳангию гуманитариро, баррасӣ карданд. Айни ҳол дар баррасии ҳукуматҳо 7 санади байниҳукуматӣ қарор дорад ва ҷонибҳо хостори тезондани раванди имзои онҳо шуданд.
Татбиқи саривақтии “Барномаи ҳамкории иқтисодӣ байни ҳукуматҳои ду кишвар то соли 2021” ва созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва фарҳанг барои ҳар ду давлат муҳим арзёбӣ гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи таҳкими робитаҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла байторӣ, чорводорӣ, рустанипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, содироти хушкмева ва асал, ҳамчун самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар  оғози мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро барои раисии муваффақона дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табрик карданд.
Сарони давлатҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмӣ - техникиро барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба, муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманди саноати сабук ва кӯҳӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла додугирифти маҳсулоти кишоварзӣ, бахши сармоягузорӣ, беҳсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва туризмро, мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин, ба вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар супориш дода шуд, ки ҷиҳати баррасии масоили сиёсӣ ва амниятӣ машваратҳои сиёсӣ доир намоянд. Ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар андешидани чораҳои мушаххасро зарур шумурданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории зичи сохторҳои низомии ду кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад. 
Дар охири мулоқот сарони давлатҳо даъват ба амал оварданд, ки бо мақсади таъмиқи муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳамкорӣ бо сафарҳои расмӣ ба давлатҳои якдигар ташриф оранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди шарикии стратегӣ ва дурнамои ҳамкории судманди кишварҳоро баррасӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушнудӣ аз имкони дидору мулоқоти навбатӣ таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва муҳокимаи робитаҳои дуҷониба барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдомоти накуи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид шуд, ки мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, сохтмони иншооти иҷтимоӣ дар қаламрави кишварҳо, робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, тавсеаи бахши тиҷоратию иқтисодӣ байни ду давлатро муҳокима карданд.
Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки арбобони фарҳангу санъати ду кишвар аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими мулоқот буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада ва дигар мавзӯъҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва  ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карданд. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд: “Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад”.
Изҳори итминон шуд, ки мулоқоти имрӯза барои ҳалли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ҷиҳати пешбурди музокирот дар мавриди муайян кардани хати сарҳади давлатӣ, мусоидати амиқ хоҳад кард. Дар ин замина, пешниҳод гардид, ки лоиҳаи мувофиқашудаи байнидавлатии “Созишномаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” ба имзо расонда шавад ва бо ин роҳ имкон аст заминаҳои ҳуқуқии натиҷаи фаъолияти чандинсолаи комиссияи муштарак мустаҳкам гардад.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2019    №: 193    Мутолиа карданд: 1001
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед