иқтисод
ЗАРЗАМИН. ДЕҲОТИ РУШДЁФТАИ КИШОВАРЗИИ СУҒД
Деҳоти Зарзамини ноҳияи калонтарини вилояти Суғд - Бобоҷон Ғафуров чун мавзеи тараққиёфтаи кишоварзӣ шинохта шудааст ва кулли пешравиҳо, ободонию созандагӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ ба рушди ҳамин соҳа вобастагӣ доранд.
Бошандагони деҳа, воқеан, дар бобати ба даст овардани ҳосили хуби зироат таҷрибаи ғанӣ андухтаанд. Аллакай, шурӯъ аз моҳи май помидори барвақтӣ ва ангури тезпази Зарзаминро дар бозорҳои пойтахту шаҳрҳои Хуҷанду Бишкек, марказҳои шаҳру навоҳии Суғд дучор омадан мумкин аст. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008, 2010 ва 2017 дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд ба Зарзамин ташриф оварда, ба таҷрибаи деҳқонони ин ҷамоат аз наздик шинос шуданд ва ба кори кишоварзони маҳаллӣ оид ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замину ду - се ҳосил гирифтан аз ҳар қитъа баҳои баланд доданд. Пешвои миллат, ҳамчунин, кишоварзон, мутахассисону масъулони дигар шаҳру навоҳии мамлакатро ба омӯхтани таҷрибаи кории сокинони Зарзамин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳидоят намуданд.
- Ҳатто дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ низ, сарфи назар аз мушкилиҳову монеаҳо, деҳқонони деҳоти Зарзамин дар парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ва меваҷот ба дастовардҳои назаррас муваффақ мешуданд, - мегӯяд Мухтор Абдуллоҷонов, раиси Ҷамоати деҳоти Зарзамин.
Пас аз он ки хоҷагии калони ҷамоавии ба номи Убайдуллоев чун дар дигар навоҳии кишвар таҷдид шуда, дар заминаи он 1200 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ таъсис ёфт, кори кишоварзони ҷамоат боз ҳам равнақи тоза касб кард. Сокинон дар баробари он ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд, ҳамзамон, ҷиҳати таъмин кардани аҳли оилаи худу ба бозор баровардани сабзавоти барвақтӣ дар тамоми фаслҳои сол гармхонаҳои худро бунёд кардаанд, ки манфиати хуби иқтисодӣ меоранд.
Дар кӯчаҳои ободу чароғон, роҳҳои васеъ ва мумфарши деҳа гаштугузор кардан басо гуворову ҳаловатбахш аст.
- Ба шарофати соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон дар деҳа иншооти зиёди дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ – коргоҳҳои истеҳсолӣ, марказҳои муосири ҳунаромӯзӣ, савдову хизматрасонӣ, иншооти таълимию нигоҳдории саломатӣ, тӯйхонаҳои зебову барҳаво бо нақшу нигори миллӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардории умум қарор доранд. Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи иқдоми 1300 - рӯзи ободкориву созандагӣ, ки дар вилояти Суғд эълон шудааст, соли гузашта дар маҳаллаҳои деҳот 12 иншооти муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сохта ба истифода дода шуд. Имсол тасмим гирифтаем, ки то охири сол боз ҳамин миқдор иншооти заруриву ҷавобгӯй ба талаботи рӯз, аз ҷумла толори ҳусн, сартарошхона, чойхона, ҳаммом бунёд созему деҳаро шукӯҳу шаҳомати тоза бахшем, - боифтихор мегӯяд раиси ҷамоат.
Меваи ширини соҳибистиқлолист, ки симои деҳа бо қомат афрохтани иншооти замонавӣ дилрабову ҷолиб шудааст. Хурду калон аз ин фазои осудаи сулҳу ваҳдат шукргузорӣ мекунанд. Даъватҳои Сарвари давлатро дар иртибот ба вусъат бахшидани иқдомҳои ободонию созандагӣ дастгирӣ мекунанду дар талошанд, ки дар ин пешравиҳо саҳми арзандаи худро дошта бошанд. Ҷавонони деҳа дар ҳар даъвати ҳарбӣ бо амри дилу виҷдон ба хизмати Модар - Ватан мераванду қарзи фарзандии худро бо сари баланд ба иҷро мерасонанд.
- Мо шукр дорем, ки то имрӯз ягон нафар аз ҷавонони Зарзамин ба гурӯҳу ҳизбҳои тундрав напайвастаасту чун созандагони фаъоли Тоҷикистони навину пайравони Пешвои муаззами миллат баҳри рушди Ватан, рӯзгори осудаву ободи мардум дар талошанд, - бо қаноатмандӣ изҳор медорад Мухтор Абдуллоҷонов.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.10.2019 №: 193 Мутолиа карданд: 1324